Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Парвардаи радио
ФарҳангФаротар аз мафҳуми хушбахтӣ, озодатар аз муҳити зодгоҳаш, ки ба шаҳраки замонавӣ шабоҳат дошт ва зеботар аз олами афсонаҳои ширини кӯдакӣ, ӯ дар ҳавои беназири орзуву ҳавасҳои баҳори бедорӣ ба сар мебурд. Дилбастагии беинтиҳо ба нахустин дӯст ва баъдан устоди зиндагиаш – радио, дар ҳаёти духтари хонадон таҳаввулоти бузург оварда буд. Сарвари оила, ки бо поктинативу фарзонагӣ миёни пиру барнои деҳи Фурудгоҳи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нуфузманд буд, ба илму ҳунаромӯзӣ, рушди ҷаҳонбиниву тарбияи духти хурдӣ дучанд сармоягузорӣ мекард.
Сарфи назар аз синни наврасӣ Марҳабо мадюни барномаҳои маърифатии шабакаҳои сартосарии радиои «Садои Душанбе» ва «Тоҷикистон» буду бо баҳрамандӣ аз маъниҳои баланди гуфторҳои адабиву суханвариҳои барномасозони хушсалиқа кӯлвори донишу истеъдоди фитрии хешро сайқал медод. Охиран баъди тамрину тақлидкориҳои рӯ ба рӯи ойина ӯ бо ҷасорат тариқи телефон дар яке аз озмунҳои адабии барномаи мустақими радио иштирок намуд.
Он лаҳзаҳои пурҳаяҷони гуфтугӯи мустақим бо аҳли эҷоди радиои «Садои Душанбе» ва эҳсоси шуълаи умед то кунунам аз зеҳну замирам зудуда нашудааст, - ҳароратангез қисса оғоз кард Марҳабо. – Ҷаззобият ва қудрати беҳамтои радио дар ташаккули афкору маърифатнокии мардум нақши бағоят бузург дорад, ки барои шарҳу тавзеҳи он ҳарфи муносиб намеёбам.
Аз бози ошноӣ ва меҳрпайванди абадӣ бо олами радио, дидгоҳам ба олами ҳастиву ҳаводиси рӯзгор дигар гашта, аз ҳар барнома эҳсоси тавонмандии ногуфтанӣ ва хушбинӣ ба зиндагӣ пайдо мекардам. Аз он ба баъд, дар баробари нақши пешоҳангӣ дар чорабиниҳои мактабӣ ҳамакнун, ҳамдарсону ҳатто устодони мактабиам ба хотири садои маро шунидан, мухлиси барномаҳои радиоҳои сартосарии кишвар шуда буданд. Он рӯзҳои фаромӯшнопазири овони мактабхонӣ, ки аз идораи радиоҳо ба суроғаи хонаи мо сипосномаву номаҳои қадрдонӣ мерасиданд, бовариҳо меафзуд, ки: «Марҳабо бо пешаи рӯзноманигорӣ пайвандии ногусастанӣ дорад», -табассум ба лаб изҳор дошт ӯ.
Аввалин дастовардҳои эҷодиву ғолибият дар озмунҳои машҳури «Андалеб», «Зебосанам», «КВН», «Озмун-Кастинг»-и Телевизиони «Сафина» ва ғайраҳо мояи ифтихору сарбаландии зодмандонаш буд, ки падар бо меҳрубониву муҳаббати бузургаш ба духтари нозбӯи хонадон неруву илҳом бахшида, модар бошад, бо сахтгириву ҷиддият фарзандонро дар руҳияи сабуриву ҳам шуҷоату ҷасурӣ ба воя расондааст. Марҳабо пайи расидан ба орзуҳои худ ҷаҳду талош меварзид.
Овони таҳсил дар шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иштирокаш дар барномаи телевизионии «Суҳбат бо донишҷӯ» роҳи варо ба соҳаи телевизион ва радио боз намуд. Баъди муҳлати санҷишӣ дар Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон, ӯро ҳамчун корманди эҷодӣ ба кор қабул намуданд. Ҳамакнун, донишҷӯдухтаре, ки маҳорати суханвариаш дар озмуну чорабиниҳои оммавӣ сайқал ёфта буд, барномаҳои телевизиониро мустақилона таҳия ва ҳам танзим мекард. Мурури фаъолияти пурсамар дар ин ҷода ҳамчун ҷавони соҳибқалам номвар гардид.
Нахустин устодам дар соҳаи рӯзноманигорӣ радио аст, ки аз хурдӣ мухлиси барномаҳояш будам, ҳолиё ҳам, радио манбаи илҳоми ман аст, ки баъзе барномаҳои фарҳангӣ-фароғатии он завқу истеъдодҳои дар замирам нуҳуфтаро ангезаи тоза мебахшанд, - лаҳзае ба андеша фурӯ рафта идома медиҳад Марҳабо. – Бешак, воситаҳои фарҳангӣ, амсоли радио, телевизион ва матбуоти даврӣ маншаи шуълаи ишқу муҳаббат ба санъати суханварӣ, орзуву хаёлоти ровии беҳтарин будану шавқу ҳаваси шеъру сурудхонӣ ва дигар ҳунарҳои дӯстдоштаи наврасону ҷавонон мебошад…
Марҳабо Рамазонзода дар ҷодаи эҷоду муаррифии санъату фарҳанги миллӣ ва ҳам зинаҳои роҳбарӣ муваффақ мебошад. Ба симати муовини директори Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон, ҳамзамон, дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол асту аз як сӯ, бо пешниҳоди қироати дилнишини ашъори адибони тоҷику форс, пахши таронаву саҳначаҳои тарбиявӣ ва аз сӯи дигар, бо вокунишҳои ҷасурона алайҳи гурӯҳҳои ифротгаро дар ҷабҳаи маърифатнокиву мафкурасозии ватандӯстона дар ҷомеа ва таблиғу ташвиқи муқаддасоти миллату давлатдорӣ саҳми шоиста мегузорад.
Хушбахтона, дар партави ташаббусҳои ояндасози Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки чанд солест дар кишвар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Илм - фурӯғи маърифат» ва ғайраҳо бо шукӯҳу ҷалол ҷараён доранд, сол аз сол таваҷҷуҳи мардум ба илму адабиёти пурғановати миллат ва ҳам санъати суханвариву шеъру сурудхонӣ дучанд зиёд шуда истодааст, - мегӯяд Марҳабо Рамазонзода.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
шаҳри Бохтар
Мубодила:
Шарҳҳо
