Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Зубдахони эъҷозкор
ФарҳангЗанони водии Рашт чун дигар бонувони ҳунарманди кишвар аз аҳди қадим бо касбҳои гуногун ном баровардаанд. Бону Зубдахон аз шумули нафаронест, ки дар рушду такомули ҳунарҳои аҷдодӣ саҳми босазо дорад. Ифтихор аз он мекунад, ки даҳҳо нафарро ҳунар омӯхтаасту онҳо ба ин васила рӯзгорашонро пеш мебаранд.
Хурд будаму ба корҳои модарам диққат медодам. Модарам аз уҳдаи тамоми кору ҳунари занона ба хубӣ мебаромад. Он замон мардум маъракаҳои серхароҷот мекарданду мом дар як шабонарӯз то ду ҳазор нон ва кулчаву чапотӣ мебаст. Бар ивази маблағ шиками кӯдаконашро сер мекарду танашонро мепӯшонд, - мегӯяд ин зани ҳунарманд.
Зубдахон Валиева 31-уми марти соли 1962 дар деҳаи Ялдамичи Ҷамоати деҳоти Қалъанак чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Падараш коргари хоҷагӣ ва модараш кирмакпарвар буданду бад-ин васила ҳафт духтару як писарро ба воя расонданд. Духтарон яке ҳунари нонбандӣ, дигаре кулчабандӣ, севумин чапотибандӣ, дӯзандагӣ, қуроқдӯзӣ, шерозадӯзӣ, ҷомадӯзӣ ва дегдонросткунии модарро омӯхтанд. Модар ҳамеша ёдрас менамуд, ки духтари дӯстдори ман Зубдахон аст, ки ҳамаи ҳунарҳоямро аз худ кардааст.
Меҳру муҳаббат ба ҳунармандӣ ҳанӯз аз овони кӯдакӣ дар дилам маъво гирифт. Модарам дар баробари ҳамаи ҳунарҳояш кадбонуи хуб буд. Давраҳои пеш барои занҳо омӯхтани ҳунар ва кадбонугӣ ҳатмӣ ҳисобида мешуд. Он замон зодмандон духтаронро барои идомаи таҳсил иҷозат намедоданд. Агар духтар беҳунар мешуд, ӯро хостгорӣ намекарданд, - иброз дошт ҳамсуҳбатам.
То хатми синфи даҳ вай аллакай аз уҳдаи омода намудани ҳамаи ҳунарҳо мебаромад. Вақте ба деҳаи Қалъанак сунҳор шуд, ҳунарҳояш кор омаданд. Аз зиндагии якҷоя бо ҳамсараш соҳиби се писару як духтар гардид. Ин бонуи меҳнатдӯст дар баробари корҳои хона дасташ ба кори саҳро низ мерасиду боз говдӯшӣ ҳам мекард.
Худо ҳамон рӯзҳои шуми ҷанга дигар наёра, бо дегдонросткунӣ рӯзамонро пеш мебурдем. Ҳафт –ҳашт сол говдӯшӣ ҳам кардаам. Дар рӯзҳои сахт говҳои фермаро дӯшида, ширро мепухтаму аз он маска ва дӯғ мегирифтам. Ширу маскаву қаймоқу ҷурғот фарзандонам ва боз чандин гурезаи дигарро аз гуруснагӣ наҷот бахшид. Падарашон подабон буду зиндагиро боазоб пеш мебурдем. Шукронаи сулҳу амонӣ ва Ҳукуматро мекунам, ки ба чунин рӯзҳои хуш расидем. Аммо дар насиб будааст, писари хурдиам, ки касбаш ронандагӣ буд, соли 2019 ҳангоми муҳоҷират дар Федератсияи Россия дар садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид. Гарчанде ки дарди фарзанд сангин аст, мекӯшам, то бештар худро ба кор андармон намоям. Ҳини кор дилам кушодаву чашмонам рӯшан мешаванд.
Ҳеҷ гоҳ чашми ягон модар ашки ҳасрата набинад. Эмомалӣ Раҳмон намемонад, ки чашми модари тоҷик ё ягон сағира тар шавад. Ман фикр намекунам, ки имрӯз се ҷигарбанди фарзандам ятим аст, зеро саробони тамоми нодору бечораҳо маҳз ҳамин марди худост, - изҳор медорад қаҳрамони ман.
Зубдахон Валиева пас аз хатми курси дусолаи Литсейи касбӣ-техникӣ 15 сол аст, ки дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-уми деҳаи Қалъанак аз фанни таълими меҳнат ба шогирдон дарс мегӯяд. Ҳунармандӣ дар тору пуди ӯ чунон ҷо гаштааст, ки то ҳанӯз ҳам ягон навовариро бинад, ҳатман онро аз худ мекунад. Аз қуроқ кӯрпа, якандозу таксарӣ, чодар, рафида ва дастархон месозад.
Куртаҳои гулдӯзии моро нақши ислимӣ зеб медиҳад, ин тасвири ниёгонамон аст. Бештар гулдӯзиҳои Раштонзамин бо ҳамин нақшҳои ислимӣ маъмуланд, – мегӯяд Зубдахон.
То имрӯз тамоми намоишгоҳҳои ноҳиявию ҷумҳуриро, аз ҷумла маҳсули дасти ин бонуи ҳунар зиннат мебахшад. Соли рафта бори аввал дастранҷҳои ин зани эъҷозкор дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба намоиш гузошта шуд.
Наздам муштариёни зиёде омада абзорҳои миллиро дида мепурсиданд, ки инҳо маҳсули дастӣ ҳастанд? Шумо онҳоро худатон тайёр кардаед? Дар он ҷо бештар занҷирҳои калид ва кокулҳоро харид намуданд. Дар ин намоишгоҳ куртаи чакан ва рӯймоли гардӣ ба сар карда будам, вақте мизоҷон мепурсиданд, ки шумо аз куҷоед? Бо сари баланд мегуфтам, ки тоҷикаму аз Тоҷикистонам, - изҳор дошт Зубдахон.
Ҳунарманди асил касбашро ба духтару сунҳорҳо ва наберагону шогирдон меомӯзад. Келинҳо пайрави касби ӯ буда, аз ин ҳисоб рӯзгор пеш мебаранд.
Ба ғайр аз кори давлат ва дӯхту дӯз боз ба коштану парвариши зироати полизӣ дар замини наздиҳавлигӣ бо писарону келинҳо шуғл меварзад. Дар шаб рӯ меорад ба ҳунарҳои дастӣ.
Бонуи ҳунар аз он хушҳол аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунармандонро қадр мекунад. Ҳамин асно, ба ин бонуи хушкор ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ гранти президентӣ даррасид.
Ният дорам чанд дастгоҳи дарздӯзӣ харида, дар манзили зистам як коргоҳи хурд асос диҳам. То тавонам ҳунармандиро ба занону духтарон бештар омӯзонам. Дастранҷи хешро зиёдтар намуда, манзури дӯстдорони ҳунарҳои миллӣ намоем. Нагузорем то бонувон вақти хешро зоеъ кунанд. Бештари парокандагии оилаҳои ҷавон, аз сабаби беҳунарии духтарон, ба вуҷуд меояд,-иброз медорад холаи серкор.
Аз он меболад, ки бо нӯги сӯзан ва баракати ҳунараш луқмаи ҳалол хӯрда посдорандаву идомадиҳандаи ҳунари аҷдодиаш мебошад.
Мадина БАЛАҶОНОВА,
Душанбе - Рашт
Мубодила:
Шарҳҳо
