Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ӯ ба қадри заҳмати ҳамкорон мерасад
ФарҳангАгар кас дар як муассисаи фарҳангӣ солҳои мадид кор кунад, метавонад ҳам аз ҷиҳати зеҳнӣ ва ҳам амалӣ хеле рушд намояд. Ҳамин гуна пайроҳаи рӯзгорро, ки нишебу фарози зиёдеро ба дунбол дошт, Наргис Валиева бомуваффақият тай задааст.
Мавсуф 1-уми августи соли 1976 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, мактаби миёнаи №3-ро соли 1993 хатм кард ва то соли 1999 дар Хонаи хизмати маишии «Наргис» дӯзанда буд. Соли 2001 ба факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуд ва онро соли 2006 хатм намуд.
Муддати 19 сол дар Китобхонаи миллӣ фаъолият кардаву таҷриба андӯхт. Ӯ ба қадри кори ҳамкорон мерасад. Худашро низ дар ин роҳ дарёфту аз нав сохт. Табиист, ки ин ишқу алоқа ба касби дӯстдоштааш аз чашми хонавода, бахусус хоҳараш пинҳон намонд. Ӯ ҳам аз пайи хоҳарбузургаш рафту корманди ҳамин хазинаи китоб шуд.
Наргис Валиева ба пешаи интихобкардааш содиқ аст ва солҳои зиёд фаъолият карданаш дар ин даргоҳ гувоҳи гуфтаҳои болост. Модари як духтари ноздона мебошад, ки зиндагиашро ҷаззобу рангин кардааст. Дар соатҳои фориғ аз кор ӯро ба театру синамо ва маконҳои дигари фарҳангӣ мебарад, то ҷаҳонбиниаш васеъ шавад ва барои ҷомеа фарзанди арзанда гардад.
Мавсуф таҷрибаву донишашро комил намуда, зина ба зина ба вазифаҳои болотар сазовор гардид. Аз соли 2006 дар шуъбаи библиографияи миллӣ китобдор, соли 2011 мудири бахш, соли 2012 муовини сардори шуъбаи библиографияи миллӣ, аз январи соли 2016 сардори шуъбаи библиографияи миллии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» аст.
Дар кӯдакӣ орзуи раққос шудан дошт. Мерақсид, хеле ҳунармандонаву ошиқона. Бо гузашти солҳо орзуи журналистӣ кард. -Журналистҳое доштем, ки бо ҷаззобият ва ҳунари баланди суханварӣ ва зебоиашон бинандаро шефтаи ҳунарашон мегардонданд. Ин аст, ки ошиқу шайдои сабки суханварӣ ва завқи бадеӣ-эстетикии онон мешудам. Ба ин маъно, ҳаводори ҳунари сухангӯии наттоқони шинохта Мунира Ҳакимова, Санавбар Раҳимзода ва як идда ровиёни дигар будам. Ҳар кадоми онҳо сабки худашонро доштанд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз шуду барои ману ҳамсолонам интихоби касб душвор гашт. Он замон интихоби дигаре набуд. Ҳама дар фикри ҷонашон буданд,- гуфт Наргис Валиева.
Вай дӯзанда шуд. Аввалин пироҳани дӯхтаашро хуб дар ёд дорад. Он куртае буд, ки дар синфи 6 барои худаш дӯхт. Устоди касби дӯзандагиаш Майрамбиро хуб дар ёд дорад. Зани сахтгире буд, ки Наргис дар муддати 3–4 моҳ ҳунари хайётиро бо резакориҳои марбутаи касбӣ аз худ намуд…
Солҳои 1991–1999-ро лаҳзаҳои беҳтарини зиндагӣ медонад, зеро он айём дар Хонаи хизмати маишии «Наргис»-и шаҳри Кӯлоб пайи хидмати мардум камар баста буд. Пироҳани занонаву мардона медӯхт ва бо ҳаққи заҳмат рӯзгорашро мечархонд. Ҳунари ҳайётӣ ба дардаш сахт бихӯрд ва рӯзгори сахту сангини солҳои 90-умро аз маҳорати дӯзандагӣ пушти сар намуд.
Баъди кори китобхона ва рӯзҳои истироҳат дар хона ба дӯхту дӯз шуғл меварзид. Касби китобдориаш ба ҳунари дӯзандагиаш халал намерасонд, балки онро комил мекард.
Роҳбарияти китобхона Наргис Валиеваро соли 2011 барои таҷрибаомӯзӣ ба Туркия фиристонд. Вай давраи омӯзишро дар Китобхонаи осори хаттии шаҳри Қуния сарбаландона хатм карда, соҳиби диплом шуд.
Дар семинару ҷаласаҳои зиёд фаъолона ширкат варзидаву донишашро комил намуд. Иштирок дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Мавлоно – васлгари халқҳо ва тамаддунҳо», ки рӯзҳои 19 ва 20-уми октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе доир шуд, ба ин мутахассиси пуркору пурмасъулият таҷрибаи дигаре дод.
Ҳоло ӯ сардори шуъбаи библиографияи миллии Китобхонаи миллист ва зери роҳбарии ӯ чандин китобномаҳои шарҳиҳолӣ ва гуногунсоҳа рӯйи нашрро диданд. Аз ҷумла, нишондиҳандаи адабиёт «Ба ифтихори 10-солагии Ваҳдати миллӣ»; бахшида ба шоирони классик Абдураҳмони Мушфиқӣ ва Камоли Хуҷандӣ; маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаҳои шарҳиҳолии Гулназар Келдӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Боқӣ Раҳимзода, Лоиқ Шералӣ, Муъмин Қаноат, Шаҳрияи Аҳтамзод, Муҳаммад Ғоиб, Ҳақназар Ғоиб, Аламхон Кӯчарзода, Ато Мирхоҷа ва Феҳристи адабиёт: Ваҳдати миллӣ ва ғайра.
Муҳимтар аз ҳама, насли нави китобдорону мутахассисони соҳаи китобдорӣ аз донишу маърифат, сатҳи касбият ва таҷрибаи Наргис Валиева истифода бурда, аз ҳузури чунин шахсияти кордону масъулиятшинос дар ин боргоҳи маърифат ифтихор мекунанд.
Раҳима АЪЗАМ,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа
Мубодила:
Шарҳҳо
