Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Санги нишони Ҳамал
Фарҳанг / СлайдерНаврӯзро ҷашни Офтобу Замин ва нуру сабзиш меноманд. Наврӯз байни сокинони Бадахшон бо вожаи «Шогун», яъне «Шоҳгон» яке аз номҳои бостонии ҷашни фархундаи аҳди ориёӣ, ки маънои шоҳи ҷашнҳо, иди саид, хуҷаста, рӯзи нав ва соли нав дорад, маъмул аст. Наврӯзро «Хидирайём», яъне «Ҷашни Бузург» ва «Ҷашни Сари сол» ҳам мегӯянд.
Омодагӣ ба истиқболи Наврӯз баъд аз Ҷашни Сада оғоз меёбад. Ба бовари мардум, корзори Наврӯз бо лашкари зимистон аз ин рӯзи аз бурҷи шито берун омадани Офтоб ва қувват гирифтани нурҳои он сар шуда, бо гузашти панҷоҳ рӯз, ки ба аввали моҳи ҳамал рост меояд, ин набард бо ғалабаи гармӣ бар сардӣ, нур бар торикӣ ва некӣ бар бадӣ анҷом меёбад.
Хурду бузурги Бадахшон ҷашни фархунда ва бузурги Наврӯзро муштоқона ва бесаброна интизор мешаванд. Бинобар маҳсули мушоҳидаҳои чандинсараи сокинон қариб дар ҳар маҳал сари теғи кӯҳҳо, қуллаҳо ва сангу сахраҳо нишонаҳои табиии ба мизон расидани офтобу баробарии шабу рӯз муайян гардидаанд, ки онҳоро нишони наврӯзӣ ва ё нишони «Санги Ҳамал» меноманд.
Дар мавзеи Саворбанди деҳаи Гишхуни ноҳияи Ванҷ сангест, ки онро санги «кару гунг» ҳам меноманд. Дар зимистон ин санг пурра зери соя қарор мегираду бо фарорасии Наврӯз, вақте нахустин нурҳои офтоб ба болои он мерасанд, санг гӯё ҷон мегираду сокинон онро нишон ва муждаи наврӯзӣ меҳисобанд. Мардум ҳамдигарро бо ин нишонаи фарорасии Наврӯз табрик мекунанду шодӣ ва хушиҳои наврӯзӣ оғоз меёбанд.Сокинони деҳаи Танги ноҳияи Шуғнон бошад, рост омадани нурҳои офтобро ба теғаи қуллаи Варбомвидо ҳангоми тулӯи он нишонаи фаро расидани Шогун ва баҳор медонанд.
Чунин нишони наврӯзӣ дар деҳаи Тусиёни ноҳияи Роштқалъа низ вуҷуд дорад.Дар назди мазори Шоҳбурҳони Валӣ, ки дар баландии деҳа ҷой гирифтааст, сокинон тахтасанги побарҷоеро нишона кардаанд, ки «санги нишони Ҳамал» ё «нишони Шоҳибурҳон» ном гирифтааст. Вақте нахустин зартеғи чун ришта борики аз тори қулла намоён шуда, дар ҷараёни ҳаракат рӯз ба рӯз аз канори деҳа болотар мераваду рӯйи ин санг қарор мегирад, башорат аз Наврӯз аст.Сокинон бо рақсу суруд ва бозиҳои гуногун ва пухтани таомҳои миллӣ таҷлили ҷашни фархундаро аз ин соату рӯз аз назди мазор оғоз намуда, онро фоли нек медонанд ва сипас тантанаҳои наврӯзӣ дар ҳар хонавода ва саросари деҳа идома меёбад.Оғози маросими ҷуфтбаророн ҳам ба фаро расидани нишони наврӯзӣ рост меояд. Деҳқон ба сари ҷуфти барзагов кафи орд ба шохҳояш равған молида, ба умеди «як дона ҳазору аз ҳазор бешумор» аввалин ҷӯякро мекашад ва гандум мепошад.Шикорчиёни деҳаи ҳамсояи Бароҷи ноҳияи Роштқалъа барои муайян намудани соати мизони офтобу фарорасии Наврӯз аз усули дигар истифода мекарданд. Шикорчӣ камонашро дар ҷое устувор мекард, ки милаш ба сӯйи мазори Шоҳибурҳон менигарист. Замоне зартеғи офтоб пурра ба мили туфанг рост меомаду ба дарун медаромад, онро нишонаи фаро расидани ҷашни Шогун, яъне Наврӯз медонистанд.
Тақвимҳои сангӣ ва офтобӣ дар бисёр нуқоти сайёра ба таври фаровон истифода мешаванд. То ба ҳол дар назди осорхона – кошонаи шоир ва донишманди маъруфи тоҷик асри XIX Суфӣ Муборакқадами Вахонӣ дар ноҳияи Ишкошим тақвими сангие мавҷуд аст, ки бо дақиқият олимон ва бинандагонро ба ҳайрат мегузорад.Он аз чор санги пайи ҳам гузошта ва дар мобайн сӯрох дошта иборат буда, санги аввали қаторсанг ба тарафи тулӯи офтоб ва санги охирин 200 метр дуртар ба сӯйи ғуруби офтоб гузошта шудаанд. Вақте нури офтоб бо хатти рост чун риштаи борик аз сӯрохи сангҳо гузашта рост ба чашми мушоҳидагар дар самти ғуруби он мерасад, башорат аз дар бурҷи Мизон қарор гирифтани офтоб ва фаро расидани Наврӯз аст.

Дар хонаи урфии помирӣ, вақте нури офтоб ба шоҳсутуни хона мерасад, нишонаи Шогун аст.
«Тифли зеборо номи зебо мебояд», мегӯянд. Мардуми Помир ба дунё омадани фарзандро дар рӯзҳои наврӯзӣ фоли нек медонанду бар ин боваранд, ки фарзанди дар ин рӯзҳои саид ва хуҷаста таваллудёфта, хубу солеҳ камол меёбад ва номгузориҳои наврӯзиро беҳтарин ва шоистатарин ном барои тифли навзод медонанд.Наврӯз, Шоҳнаврӯз, Наврӯзшоҳ, Наврӯзбек, Наврӯзмамад ва Наврӯзалӣ ва Наврӯзмоҳу Наврӯзхотун аз номҳои роиҷ байни сокинони Бадахшон ҳастанд. Шогун ҳаммаънои Наврӯз буда, номҳои Шогун, Шоҳгунбек ва Шогуни низ зиёд дучор меоянд.Номи зебои занонаи Ҳамалбегим ҳам нишоне аз иди хуҷастаи Наврӯз аст, ки аз моҳи ҳамал оғоз мегирад.
Нишони мизони офтоб ва номгузориҳои наврӯзӣ ҷузве аз анъанаи бостонии мардуми Бадахшон аст, ки то ба ҳол боқӣ монда, баёнгари дилбастагӣ ва эътиқоду ихлос ба бузургтарин ҷашни башарият — Наврӯз мебошад.
М. Шоҳҷамол,
ВМКБ
Мубодила:
Шарҳҳо












