БОЙГОНӢ

«    Апрел 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

БОХТАР:ЛОИҲАИ "ШАҲРИ БЕХАТАР" АМАЛӢ МЕГАРДАД

Хабарҳо / Слайдер

Татбиқи лоиҳаи "Шаҳри бехатар" дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар аз муҳимтарин масъалаҳоест, ки дар ин самт роҳбарият ва мутахассисони соҳаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр як сол боз кор бурда истодаанд.

Тавре зимни нишасти матбуотӣ Муминзод Абдулмаҷид, раиси шаҳри Бохтар иброз дошт, вобаста ба масъалаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи татбиқи лоиҳаи "Шаҳри бехатар" дар шаҳри Бохтар ҳамкориҳо миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо Ширкати "Sergek Group"-и Ҷумҳурии Қазоқистон оғоз гардидааст.

Дар марҳилаи шиносоӣ ва омӯзиши ҳудуди татбиқи лоиҳаи " Шаҳри бехатар " то имрӯз намояндагони ширкати "Sergek Group" ба шаҳри Бохтар сафар бинмуда, дар якҷоягӣ бо масъулону мутахассисони соҳаҳои роҳу нақлиёти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз роҳҳои марказӣ то кӯчаву паскӯчаҳои ҳудуди фарогирии лоиҳаро аз назар гузарондаанд.

Тибқи иттилои раиси шаҳри Бохтар маблағи умумии лоиҳаи мазкур 18 миллион долларро ташкил дода, интизор меравад, ки давоми соли ҷорӣ марҳилаи аввали корҳо дар ин самт оғоз хоҳанд ёфт.

Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ,

Далер ШАРИФОВ,

шаҳри Бохтар

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_04_2025_small_.pdf [3.77 Mb] (зеркашиҳо: 1)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон