БОЙГОНӢ

«    Август 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Муҳаммадсаид Файзуллозода: «Мавҷудияти бемории сӯхтании сибирӣ воқеият надорад»

Хабарҳо
- Чанде пеш байни аҳолӣ овозаи гирифторшавӣ ба бемории сӯхтании сибирӣ(сибирская язва) паҳн шуд. Дар натиҷаи гузарондани чораҳои санҷишӣ дар ҷойи ҳодиса маълум гардид, ки ин овоза ягон асоси воқеӣ надошта, бемор аз серрози ҷигар фавтидааст. Дар ин бора вокунишҳо ҳам аз ҷониби Кумита баррасӣ шуда буд, - дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода иттилоъ дод.
Дар нимсолаи аввали соли 2025 мутахассисони озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ дар бозорҳои истеъмолии Тоҷикистон 550 ҳазору 268 ташхиси маҳсулоти озуқаворӣ анҷом доданд. Дар натиҷа 107 ҳазору 851 килограмм маҳсулоти бесифат ва хавфнок ошкор ва нобуд карда шуд.
 
Ҳамчунин, Муҳаммадсаид Файзуллозода иброз дошт, ки аз миқдори умумии маҳсулоти нобудшуда 26129,2 килограмм маҳсулоти гӯштӣ, 5846,7 килограмм (литр) маҳсулоти ширӣ, 634,2 литр равғани растанӣ, 14114 дона тухми паранда, 419 килограмм моҳӣ, 339 килограмм асал, 3675 килограмм маҳсулоти намакин, 4154 килограмм меваи хушк, 49788,5 килограмм меваю сабзавот ва 2752 килограмм маҳсулоти полезӣ мебошад. Ин маҳсулот ғайристандартӣ ва хавфнок арзёбӣ гардида, фурӯши онҳо манъ ва нобуд карда шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ дар 2 ҳолат барангезандаи бемории сӯхтанӣ, 1 ҳолат барангезандаи бемории сиёҳрон ва дар 20 ҳолат барангезандаи ҳорӣ ба қайд гирифта шуд. Нуқтаҳои номусоиди бемориҳои сироятӣ зери назорати доимӣ қарор дошта, дар манбаъҳои номусоид, таҳдидкунанда ва дорои пайдоиши хавф сари вақт чорабиниҳои солимгардонӣ, эмгузаронии маҷбурии саршумори ҳайвонот ва корҳои безараргардонию маҳдудкунӣ гузаронда шуданд. 
Қутбия Неъматулло
Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2025_small.pdf [3.99 Mb] (зеркашиҳо: 57)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон