Ҷолиб:
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Дар Тоҷикистон истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ рӯ ба афзоиш дорад
ХабарҳоДар 69 корхонаҳои ватанӣ истеҳсоли 355 номгӯи дору, молҳои тиббӣ ва коркарду бастубанди гиёҳҳои шифобахш ба роҳ монда шудааст, ки ҳаҷми он дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ 45 миллион ададро ташкил медиҳад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода хабар дод.
Дар нишаст инчунин муҳимтарин масъалаҳои соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва зерсохторҳои он баррасӣ гардид. Маълум шуд, ки дар натиҷаи санҷишҳо 129 634 кг дору, молҳои тиббӣ, маводҳои ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконае, ки муҳлати истифодабариашон гузаштааст, сертификати мутобиқат надоштанд ва ё ба талабот ҷавобгӯ набуданд, бо роҳи сӯзондан несту нобуд карда шудаанд.
Мубодила:
Шарҳҳо
