БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Омӯзгори пургуҳар

Илм ва маориф

Ин суханҳоро Гаҳвар Муродова, омӯзгори Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулови шаҳри Душанбе ҳамеша боифтихор таъкид медорад. Волидони ӯ аз нахустин нафароне буданд, ки дар мактабҳои махсуси маҳви бесаводӣ барои хатту савод омӯхтани мардум талош меварзиданд. Падараш собиқадори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 буда, бо фашистон размидааст. Оқибат ҷароҳатҳои ин ҷанги хунин ӯро аз байн бурданд. Модар саробони панҷ фарзанд шуд.

Гаҳварбону ҳам дар зиндагӣ ва ҳам дар вусъати касби худ модарро аввалин устодаш меҳисобад. Модар то вопасин лаҳзаҳо касби омӯзгориро тарк нагуфт. Ҳам фарзандони худ ва ҳам халқро шоиста таълим доду савод омӯхт.

- Модари азизам шахси баобрӯву соҳибмақом буд. Аз муҳаббат ва ихлоси фаровон ҳамагон «муаллима» хитоб мекарданд ӯро. Ҳатто калонсолони маҳалла низ номашро бе иловаи «муаллима» ба забон намеоварданд. Дар ҳама ҷашну маъракаҳои занони маҳалла ғизоҳои лазизтаринро ӯ мепухт. Ба духтаракон дӯзандагиву бофандагиро ёд медод ва ба ивазаш чизе талаб намекард, - ба ёд меорад Гаҳварбону.

Гаҳвари хурдакак низ ба духтаракони аз худаш калонтар, ки аз модараш ҳунар меомӯхтанд, бо ҳавас нигариста, корҳои онҳоро мушоҳида мекард. Бо меҳр ба риштаҳои рангоранг менигарист ва мехост мисли онҳо ҳунарвар бошад. Хонаи ҳунаромӯзии модар беҳтарин ҷойи бозӣ барои ӯ буд ва, аз ин рӯ, аз хурдӣ як қатор ҳунарҳоро, ки бонувони чирадасти тоҷик баладанд, аз худ кард.

- Дар бачагии мо беҳунарии духтарон айб дониста мешуд. Ман, ки наққоширо дӯст медоштам, бештар болиштҳои гулдӯзӣ, куртаҳои чакан ва чодару зардевории наварӯсонро қалам мезадам ва ранг мемондам. Гоҳе мешуд, ки ҳамроҳи гулдухтарон сари кор субҳ шуданро намефаҳмидем. Модарам барои ману дугонаҳоям субҳона омода мекарду мегуфт: «Онҳо ба хонаҳояшон раванд, фурсати тановул намуданро намеёбанд».

Дар тӯю ҷашнҳо чун духтари қаламкаш бологузар будам. Дугонаҳоям, ки зеботарин ҷиҳози арӯсиашон аз наққошиҳои дастам буд, беҳтарин нуқлу наворо пешкашам мекарданд. Шояд ба ин васила сипоси хешро изҳор медоштанд. Шероз низ медӯхтам ва бо таъкиди модар ба занони калонсоли деҳа туҳфа мебурдам ва дуояшонро мегирифтам, - мегӯяд Гаҳварбону.

Модар ҳамеша ба фарзандон талқин мекард, ки агар тавонед, некӣ кунед, натавонед, бадӣ накунед, ки бадӣ накардан худ некӣ кардан аст. Бо ин шиор дар дили фарзандон ҳисси баланди инсондӯстиро ҷой мекард.

50 сол мешавад, ки Гаҳварбону дар ҷодаи омӯзгорӣ пайрави зодмандон аст. Тамоми қувваю дониши худро дар таълиму тарбияи шогирдони бомаърифат, бовиҷдон, росткору эҷодгар ва ватандӯст сарф менамояд. Маҳз дарки масъулият ва рисолати интихобкардааш сабаб гардиданд, ки шогирдонаш дар як қатор озмунҳои дохиливу хориҷӣ ҷойҳои намоёнро ишғол кунанд.

 ШОГИРДОН

  Шогирдонаш Ҷаннат Ҳусейнзода, Муҳаммад Ниёзов, Шариф Раҳимзода дар озмунҳои байналмилалӣ ва Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ҷойҳои 1-ум ва зинаҳои 2-юму 3-юмро гирифтаанд. Чоршанбе Аловатов дар Озмуни байналмилалии осиёимиёнагии «Сарояндаи беҳтарин» соли 2021 ҷойи 1-умро сазовор гардид. Омӯзгор Гаҳварбону барои шогирдонаш ҳамчун модари мушфиқ ва маслиҳатгари бебаҳост.

- Барои муносибати самимонаву дӯстона бо донишҷӯён, роҳнамоӣ, ёрӣ расондан дар ҳолати дармондагӣ, машварат ва дарки ҳолати равонии онҳо бағоят муҳим аст. Аз ин боис ман шогирдони собиқ надорам. Шогирдоне, ки солҳо пеш хатм кардаанд, ҳамеша суроғам мекунанду бо сухани хуш дар арафаи ҷашнҳо маро ба ёд меоранд. Ҳар гоҳе, ки аз пирӯзии шогирдон дар арсаҳои гуногун огаҳ шавам, мефахрам, ки заҳматҳоям барабас нарафтаанд, - мегӯяд Гаҳвар Муродова.

Заҳмати устод дар соҳаи маориф сутуданист. Ӯ Аълочии маориф ва илми ҷумҳурӣ буда, барои меҳнати шоёнаш бо як қатор ифтихорномаву нишонҳо сарфароз гаштааст.

Муаллим соҳиби се духтар мебошад. Мегӯяд, ки духтароне ҳастанд, ки аз писарон дида, падару модарро хубтару беҳтар парасторӣ менамоянду дар айёми пирӣ такягоҳ ва чароғи волидон мегарданд. Фарзандон соҳибтаҳсил буда, дар соҳа¬ҳои гуногун фаъолият доранд.

Гаҳвар Муродова бо тақозои масъулият берун аз кишвар сафарҳои хизматӣ дошт. Ҳамеша берун аз Ватан либоси миллии тоҷикиро муаррифӣ мекард. Дар хориҷа анъанаҳои хуби тоҷикиро риоя менамуд. Вақте мепурсиданд, ки аз куҷост, боифтихор мегуфт, ки тоҷикаму аз Тоҷикистон.

Дилафрӯз РАҶАБЗОДА,

мудири маорифи ноҳияи Фирдавсӣ

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_08_2024_small.pdf [4.23 Mb] (зеркашиҳо: 62)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон