БОЙГОНӢ

«    Март 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Фариштаи ман

Илм ва маориф

Ҳама мебигзарад, модар,

 Ҳама мебигзарад, аммо бузургии ту мемонад!

                                                                                                                                                 Фарзона

 Ҳар субҳи бачагиям бо лаҳни ширини модар оғоз мешуд. Ӯ бо меҳрубонӣ рухсораҳоямро силакунон мегуфт: «Хез, саҳар шуд» ва ман чун аксар кӯдакони дунё, нозкунон дар ҷогаҳи гарму нарм аз як паҳлу ба паҳлуи дигар гашта, аз ин лаҳзаи руъёӣ дил кандану баланд шудан намехостам. Дастонамро нарм-нарм маҳс мекарду ба овозаш каме қатъият дода мегуфт: «Бархез, вагарна ҳамаамон дер мекунем».

Модарам дар мактабе, ки ман таҳсил мекардам (мактаби №71, шаҳри Панҷакент), омӯзгори фанни забони русӣ буд. Аз бас ману хоҳарбузургам Шаҳнозро, ки байнамон соле тафовут аст, ба танҳоӣ калон мекард, маҷбур буд дар чанд ҷойи дигар ҳам кор кунад. Субҳ сӯйи мактаб мешитофту нисфирӯзӣ ба боғча ва баъдан худро давон-давон ба мактаби рустои наздики шаҳр мерасонд. Бо ақли кӯдакӣ эҳсос менамудам, ки барояш хеле мушкил аст, аммо дигар илоҷе надошт.

Орзуям он замон ин буд, ки модари фариштахисолам аз тақдири Пушкину Толстой, Некрасову Достоевский ба ману ҳамсинфон қисса бикунад ва ман, ки ҳамеша дар партаи якуми синф менишастам, ифтихорманд аз он бошам, ки модарам омӯзгори мост. Аммо ӯ ба хотири ғарра нашудани ману апаам, масъулияти синфҳоямонро асло бар зимма намегирифт. Ҳатто дар сурате ҳам, ки омӯзгори мо, бонуи бисёр фарҳехтаву донишманд Зарина Исҳоқӣ (фарзанди аввалин олим ва муҳаққиқи Панҷакенти куҳан Абдуллоҷон Исҳоқӣ) бо сабаби узрноке ба дарс ҳозир шуда натавонад ҳам, модар соате муаллими мо намешуд, ки қалбам ба иршод бирасад.

Аксаран фориғ аз дарсҳо барои кумак ҳамроҳаш ба кӯдакистон мерафтам. Фазои хубу оромишдиҳандае дошт боғчаи кӯдакон, хаёлан дар олами афсонапардози кӯдакӣ худро чун модарам муаллиму мураббӣ эҳсос мекардам.

Модар бо меҳрубонӣ атфолро «бачаҷон» гуфта, бо навозиш садо мезад. Бачаҳо ҳам он қадар дилбастаи мураббия буданд, ки ҳар субҳ дар хона ба волидон шарт мегузоштаанд: «Агар очаи группа бошад, меравам». Ҳамин тавр, модарам барои онҳо бо забони худашон «очаи гурӯҳ» буд.

Боре, аз сари ҳавас, хостам маро бо худ ба рустои Меҳрбод бибарад. Зимистон, дашту дамони сарду барфолуд, роҳи вайрону беодамро убур карда, то мактаби навсохти якошёна, ки дар баландии деҳа ҷойгир буд, расидем. Дар муқоиса аз мактаби чорошёнаи мо ин ҷо хеле одӣ ва синфхонаҳояш аз оташи бухориҳо гарм мешуданд.

Вақти бозгашт ҳавои торику ваҳмангез бо галаи сагони гурусна, ки одамро думболагир мекарданд, дар роҳи беодаму тира воҳимаву ҳароси ногуфтаниеро дар дилам ҷо кард. Баъди ин ҳамсафарӣ, дигар як тарс доштам - ваҳшати ҳамин роҳ! Бо дидани ин манзара тамоми орзуву хоҳишамро дар дил гӯронидам. Илтиҷоям ин буд, ки бигзор модар бароям чизе нахарад, аммо дигар ба он деҳаву он раҳ наравад. Он солҳо дар мактаби ин рустои навбун­ёд, ки баъди обхезӣ аҳолиашро ба макони амн бурда буданд, муаллими забони русӣ набуд. «Ман наравам, кӣ ба фарзандони мардум дарс медиҳад?», - гуфт модар дар ҷавоби илтиҷоҳои ман. Посухаш маро лол гардонд. Ӯ на танҳо ғами ду фарзанди худ, ғами бачаҳои мардумро ҳам бар дӯш дошт…

Замоне, ки зодмандон имкон ва ҷасорати хонондани писаронро надоштанд, чӣ расад ба таҳсили духтарон дар макотиби олӣ, модарам «дасти танҳо» ману хоҳарбузургамро хононду соҳибмаълумот намуд. Борҳо аз забони худиву бегона шунидаам, ки мегуфтанд: «Чӣ қадар Сипорат меҳри омехта бо ҷасорат доштааст, ки шумо, ду духтарро дар солҳои вазнин хононду соҳибдиплом намуд».

Мо ҳам сари модарро хам накардем. Ҳамроҳи апаам бо рӯи сурху дипломи аълои рӯзноманигорӣ ба зодгоҳ баргаштем. Бибиам низ, ки ҳамагӣ бо маълумоти синфи 4 алифбои лотиниро хуб медонист ва бо ин хат китоб низ мутолаа мекард, мехост, ки мо соҳибмаълумоту пешрафта бошем. Пас аз гирифтани дипломи сурх бо пешниҳоди ректори вақти донишгоҳамон, академик Носирҷон Салимӣ барои идомаи таҳсил дар аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон роҳхат гирифтам. Шояд дар андешаи азобҳои модарам бибиам барои идомаи илмомӯзиам зид баромад. Вале модарам бо азми қотеъ гуфт: «Бигзор хонад, мехоҳам фарзандонам ба орзуҳояшон бирасанд!»…

Номи модарам Сипорат аст, насабаш Мутеҳова. Модарбузурги равоншодам таъкид мекард, ки Сипорат шакли ғалатшудаи Сипора, яъне ишора ба 30 пораи китоби муқаддаси Қуръон будааст. Ӯ дар таърихи 1-уми феврали соли 1957 ба дунё омадаву дар синни 7-солагӣ аз падар маҳрум мешавад. Бобоям Назир, як марди одиву заминӣ барои хабаргирии молҳояш ба кӯҳ мераваду бедарак мешавад. Вақте ҷасади сардашро яке аз хешовандон савори асп дар пасаш бо миёнбанд маҳкам баста аз дарвозаи ҳавлӣ медарорад, бибиам ҳамагӣ 33 сол дошт. Аз ҳамон рӯз зиндагии сахти бибиам бо ранҷҳои ятимии холаи 10, модари 7 ва тағои 4-солаам оғоз меёбад.

Бибиам то расидан ба синни нафақа дар мактаб-интернати шаҳр таббох буд. Чун колхозчии беҳтарин низ шинохта гардид. Фориғ аз кори давлат боз кӯрпаву кӯрпачаҳои арӯсонро бо меҳр майдалаганда мекард. Мардум дар дами пириаш низ, ҳамчун пири бобаракат мехостанд дастархонҳои қуроқӣ, ҷомаву яккабандҳои домодии фарзандонашонро бо услуби хоси дӯхт, зебову фарқкунанда маҳз холаи Савринисо, яъне бибиам бидӯзад.

Ба ҳамин минвол модарбузургам се фарзандро бо номи неку нони ҳалол ба камол расонд. Онҳо низ тамоми умр мисли модар дар хидмати ҷомеа қарор гирифтанд. Холаам Сарварой Мутеҳова дар он замоне, ки духтаронро аксаран аз ҳаққи идомаи таҳсил маҳрум мекарданд, хатмкардаи Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент, муаллими синфҳои ибтидоӣ, зиёда аз 40 соли умри хешро сарфи пешаи пуршарафи омӯзгорӣ намуд. Тағоям Оқилҷон Мутеҳов (маъвояш дар боғҳои Минуст), то охирин нафас ба ҳайси ронандаи нақлиёти давлативу ҷамъиятӣ дар хидмати халқ қарор дошт…

Модарам хатмкардаи факултети забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров аст. Соли 1979 корро чун омӯзгор аз мактаби миёна оғоз карда, то расидан ба синни нафақа дар ин ҷодаи пурмашаққат, вале хеле ифтихорӣ фаъолият бурд. Шогирдони зиёде тарбия намуд, ки дар соҳаҳои гунонуни ҷомеа хидмат менамоянд.

Шояд дар зеҳни хонандаи ин сутур суоле чарх бизанад, ки модар чаро дар анҷоми рисолати бузург кардани мо, фарзандон, танҳо буд? Вақте ман 6 ва Шаҳноз 7 сол доштем, падар думболи духтари ҷавонеро гирифту рафт. Модар имкон дошт, ки чун аксар занони дигар дар паҳлуи падари сарватмандам дар мақоми «зани аввал» бимонад. Вале тарбияи дуруст, виҷдони пок, имони инсониаш ин амалро барояш номумкин сохт. Зиндагиашро мазмуни дигаре бахшид, тобиши дигаре дод ва дар сархати он исми фарзандонро чид. Дар баробари рифоҳу шодӣ, азобу ранҷҳои зиндагии як зани танҳо ва фарзандони зиндаятимаш кам набуданд. Вале дар ягон ҳолат, ягон вақт модарам дар хусуси падарам ҳарфи баде ба забон наовард. Модар хуб медонист, ки марди боиси ранҷҳояш падари мост ва падар ҳеҷ гоҳ наметавонад барои фарзандонаш бад бошад.

Модар алорағми қисмат зиндагиашро ба шоистагиву боистагӣ сохт. Бо доштани ҳамчунин модар ифтихормандем. Инак, дар баробари тарбияи мо, дар тарбияи фарзандони мо низ саҳм мегузорад. Ба ҳукми бибии ғамхор аз вазъи саломативу ҷараёни дарсҳояшон огоҳ аст.

Дар наврасӣ бо модар як қарордоди нонавиштае доштем. Ҳар вақте медидам, хаставу дилгир шудааст, барояш рубоиёти Хайём, ғазалиёти Ҳофиз, ҳикоёти Саъдӣ ва шеърҳои Лоиқу Бозорро баланду бурро қироат мекардам. Соатҳо бо ҳам зермаъниҳоро ҷуста, маънӣ мебардоштем. Ҳоло набераҳояш Фараҳноз, Марямбону, Мустафо рубоиёти Хайёму Лоиқро айнан мисли мо, дар кӯдакӣ, мехонанду фасл мекунанд. Дар баробари омӯхтани алфози модарӣ барои мағзи донаҳояш Абдуллою Матин тарзи дурусти талаффузи вожаҳои русиро нишон медиҳад. То ҳанӯзам, ки болиғ шудаем, пешаш ҳамчун як кӯдак ноз мекунем. Нозбардор аст, модар!

PS: Қиссаи фариштаи рӯзгори ман, шояд шабеҳи зиндагии аксар модарон аст, аммо инак, модари некухисолам қадам ба синни 68 мегузораду ин ёддошт туҳфаест аз духтари журналисташ ба рӯзи милод.

Зодрӯзат ҳумоюну умрат дароз бод, фариштаи ранҷдидаи ман!

Гулноза БОБОМУРОДОВА

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_02_2025_.rar [4.4 Mb] (зеркашиҳо: 59)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон