Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Рӯде, ки равон аст, расад ба дарё
Илм ва маорифСиришти дарёӣ дорад Бибисафия. Вуҷуди пурталотумаш коҳилиро намеписандад. Ним асри ҳаётро паси сар карда, аммо қомати болову гашти мавзун ва талъати пероставу мураттаби ӯ солашро дар ҳуҷҷат инкор мекунанд.
Бибисафия Нарзиева дар домони муҳаббати зодмандон дар водии хуррами Ҳисори шодмон ба камол расидааст. Аз хурдӣ омӯзгориро меписандид. Бародари калониаш омӯзгор буд, хоҳараки хушхату хушсавод дар тартиб додани дафтари қайди дарсҳо ба ӯ ёрӣ медод.
Модар дар хоҷагии давлатӣ (совхоз) кор мекард. Ман супоришҳои оилавиро ба субут мерасондам ва то аз кор омадани аҳли хонавода китобҳои бадеиву матбуоти давриро мехон-
дам, - ба ёд меорад Бибисафия.
Соли 1988, баъди хатми синфи 8-ум ба Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Ҳисор роҳ пеш гирифт. Падару модар дар аввал монеи таҳсили ӯ буданд. Аз деҳ ба шаҳр рафтану дур аз канорашон зистани духтараки наврасро қабул надоштанд. Чун имтиҳонҳои дохилшавиро бо баҳои аъло супурд, дигар садди роҳаш нашуданд. Бародараш, ки дар мақомоти қудратӣ адои вазифа мекард, пайваста аз ҳоли хоҳараки донишҷӯи худ ҷӯё мешуд ва ҳамин гуна духтараки орзупарвар Омӯзишгоҳро дар солҳои душвори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сарбаландона хатм кард.
Собиқаи кориам на аз омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, балки аз ҷалб намудани хонандагон ба мактаб оғоз шудааст гӯям, хато намешавад. Зеро баъди хатми Омӯзишгоҳ маро барои фаъолият ба деҳаи Лолагӣ сафарбар намуданд. Дар рӯзҳои душвору ҳассосе, ки Тоҷикистон дар дами оташи ҷанги бародаркуш қарор дошт, кӯдакони бисёр аз таҳсил дур монда буданд. Волидон ба хотири эмин доштани ҷони фарзандон аз хатар онҳоро барои рафтан ба мактаб иҷозат намедоданд. Мо, як гурӯҳ омӯзгорон, хона ба хона гашта, бо аҳли хонаводаи хонанда суҳбат мекардем, то монеи таҳсили фарзандон нашаванд. Аз пеши худ бехатарии онҳоро кафолат медодем. Дар вуҷуди кӯдакони он насл тарс ҷо гирифта буд, ки ба саводомӯзии онҳо халал мерасонд, - афсӯс мехӯрад омӯзгор.
Сарнавишт соли 1994 Бибисафияро ба Душанбе овард. Риштаи тақдир ӯро бо ҷавоне пайванд намуд, ки худ таҳсилдида буду ба идомаи фаоълияти арӯсаки нозанинаш дар шаҳри Душанбе мусоидат намуд. Фаъолияти омӯзгориро дар МТМУ №91-уми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе идома дод.
Модари мушфиқам (равонашон шод бод) мақоли халқии «Хонаи шӯ арра дорад, арраи шашпарра дорад»-ро ҳамеша ба мо, духтаракон, талқин менамуданд. Насиҳат мекарданд, ки, агар хушбахтиро хоҳем, бояд ҳамеша хоҳиши модаршӯ, урфу одатҳои хонаводаи шавҳарро ба инобат гирем. Корҳоямонро дар вақташ ба сомон расонему дар душвортарин лаҳзаҳо низ меҳрубону кушодачеҳра бошем. Тарбияи дурусти қиблагоҳу модари олампаноҳ ва таълими омӯзгорони некҷавҳар буд, ки то имрӯз зиндагии хушбахтонаро сохтему дар ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ умр ба сар мебарем, - изҳори қаноатмандӣ мекунад бонуи хушбахт.
Омӯзгори муваффақу пурталош дар баробари таълими насли наврас ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳуҷҷат супурду факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳро соли 2016 хатм намуд. Фаъолияти пурсамарашро дар соҳаи таълим ба инобат гирифта, ӯро аввал муовини директор оид ба таълим ва баъдан ҳамчун директор дар МТМУ №91 баргузиданд. Дар тули 26 соли собиқаи корӣ дар мактаби мазкур шогирдони омӯзгор дар олимпиадаҳои фаннии мактаббачагон фаъолона ширкат доштанду бо пирӯзӣ боиси ифтихори мактабу омӯзгору волидон мешуданд. Малакаҳои роҳбариаш боис гашту соли 2020 роҳбарии МТМУ №4-уми ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо ба ӯ бовар карданд.
Бароям боиси ифтихор аст, ки дар оғози фаъолият ҳамчун директор дар маросими кушодашавии Муассисаи давлатии Литсейи рақами 5 дуои неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гирифтам. Ба баракати таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба соҳаи маориф имрӯз барои таълими сифатнок дар Литсей тамоми воситаҳои техникиву аёнӣ мавҷуданд. Хонандагон дар рафти таълим аз тахтаи электронӣ, маводи таълим, китобхонаи пурганҷ, синфхонаҳои фаннии муҷаҳҳаз бо техникаҳои зарурӣ фаровон истифода мебаранд. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки дар натиҷаи ин ҳама ғамхориҳо ва масъулиятшиносии омӯзгорони варзидаи таълимгоҳ хонандагони Литсей ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гаштаанд. Аз ҷумла, ширкат ва ғолибияти хонандагон дар даври ниҳоии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат» ва дарёфти «Стипендияи президентӣ» боиси сарфарозии мост, - зикр мекунад директори муассиса.
Дар зиндагидорӣ низ Бибисафия намуна аст. Духтарони дилбандаш Идимоҳ дар БДА «Амонатбонк» ва Асилмоҳ дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ мутахассиси арзандаи касби хешанд. Писараки дӯстрӯяшон дар синфи 9 таҳсил мекунаду дар ҳалқаи муҳаббати беохири волидон дар руҳияи худшиносиву ватанпарастӣ ба камол мерасад.
Муҳимтарину зеботарин хислати Бибисафия Нарзиева, ки ӯро аз зинаи муаллими синфҳои ибтидоӣ то директори як муассисаи бонуфузи таълимӣ овардааст, хоксориву хушмуомилагии омӯзгор аст. Ҳамин хислатҳои нек ӯро на танҳо миёни ҳамкорон, балки байни шогирдон низ маҳбубу дӯстдошта кардааст. Бонуи таълимгар худро на танҳо дар саводнокӣ, балки хушахлоқии насли наврас низ муваззаф медонад ва бар он аст, ки бо меҳрубониву сухани хуш метавон саркаштарин хонандаро ба таълим фаро гирифт.
Ӯ айни ҳамон рӯдест, ки аз дили кӯҳсорон ба водиҳои муҳаббат ҷорӣ гашта, ба дарёи бузурге пайваст, ки зиндагиро шодоб мегардонад ва номи ин дарё мактаб аст.
М. НАЗИРОВА
Мубодила:
Шарҳҳо
