БОЙГОНӢ

«    Август 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Гулмайда

Илм ва маориф / Аз ҳар боб

Гулмайда Гулшероваро кордониву дониш ва малакааш то роҳбарии Муассисаи томактабии №1 ноҳияи Носири Хусрав расонд. Ӯ бо садоқатмандиву фидокорияш соҳиби иззату эҳтироми хоса гаштааст. Мавсуф рисолати хешро дар донишу тарбия додан ба кӯдакони синни томактабӣ арзёбӣ мекунад.

 

Вазифаи аввалиндараҷаи кӯдакистон аз он иборат аст, ки бояд дар ниҳоди хурдсолон муҳаббати бузургро нисбат ба забони тоҷикӣ бедор созад, зеро арҷ гузоштан ва ҳифз намудани ин мероси фарҳангӣ низ худшиносии миллӣ ба шумор меравад. Дар сурати бо забони тоҷикӣ сухан гуфтан, хурдсолон чун рукни муҳими зиндагӣ ба он меҳр мебанданд. Забони тоҷикӣ ганҷинаи бебаҳои мардуми тоҷик ба шумор рафта, ҳифз ва рушди он вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст, – гуфт Гулмайда Гулшерова.

Боғчаи мазкур соли 2002 бо мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ёрии сокинон ба тариқи ҳашар бунёд гаштааст. Дар он 80 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Шумораи кормандон 14 нафар буда, аз онҳо 4 нафар мураббӣ ва 4 тани дигар ёрдамчии мураббӣ мебошанд. Мавсуф ҳашт сол мешавад, ки вазифаи мудирии боғчаро ба уҳда дорад.

Гулмайда 16-уми майи соли 1979 дар ноҳияи Роштқалъа, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Дар оила ҳафт кӯдак буда, панҷум фарзанди хонадон ба шумор меравад. Падараш Фозилбек Гулшеров дар шаҳри Хоруғ агроном буду модараш ҳамчун дӯзанда ва муаллими таълими меҳнат кор мекард. Пас аз хатми мактаби миёна донишҷӯи Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ шуда, онро ба итмом расонд.

Соли 2002 манзили истиқоматиашон, ки дар деҳаи Дашти ноҳияи Роштқалъа қарор дошт, аз офати табиӣ пурра хароб гардид. Бо қарори Ҳукумат ва ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошандагони ин мавзеъ ба ноҳияи Носири Хусрав кӯчонда шуданд. Зарардидагон бо хонаҳои навбунёди зист бо шароити мусоид таъмин гардиданд. «Дар аввал каме аз иқлими гарми ноҳия азият мекашидему вале муносибату муоширати сокинони таҳҷоӣ сабаб гардид, ки худро дар ин ҷо роҳату осуда ҳис намоем ва ба эътимоду боварии ин мардум сазовор гардем», – иброз дошт ҳамсуҳбатам.

Ҳангоме ки ба ин минтақа кӯч бастанд, Гулмайда фаъолияташро ҳамчун ҳамшираи шуъбаи ҷарроҳии ноҳия оғоз намуда, чор сол дар ин вазифа заҳмат кашид. Пас аз он ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ супурда, онро хатм намуд. Алҳол, ғоибона дар курси чоруми факултаи педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таҳсил дорад.

«Дар зиндагӣ азмро пеша мекардаму барои амалишавии орзуву омолам ҳамеша ҷаҳд менамудам. Амалу ният пок бошанд, дар зиндагӣ ба кӯи мурод мерасӣ. Инсон дар ҳама ҳолат бояд ба нерӯи худ бовар дошта бошаду ба пеш ҳаракат кунад. Хушбахтона, муяссар гашт, ки аз иҷрои ҳама кор бо дилпурӣ бароям», – ироа дошт ӯ.

Бонуи маърифатнок ҳамсафари ҳаётии худро аз ҳамин ноҳия пайдо кард. Шавҳараш Алишер Раҳмон, корманди Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Носири Хусрав аст. Онҳо муваффақ гаштанд, ки дар баробари пешбурди соҳаи илму маориф, фарзандони шоиста низ тарбия намоянд.

Духтари калонии хонадон Гуландом донишҷӯи курси сеюми Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон буда, феълан аз тарафи ин муассисаи таълимӣ дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия таҳсил дорад. Дигарон мактабхонанд. Вай мекӯшад, ки мунтазам аз хониши фарзандон бохабар бошад ва барои сабақомӯзиашон шароит муҳайё созад.

 

Муҳимтарин чиз барои кӯдак меҳрубону дӯстдор будан аст, зеро кӯдакон самимӣ ҳастанду дунёи онҳо пур аз орзуву хостаҳост. Олами кӯдак беғаразӣ, муҳаббати самимӣ ва ҳақиқату покиро талаб менамояд. Кӯдакон ба мисли фариштаеанд, ки ҳама ҷо нуру ҷило мебахшанд.

«Дар баробари меҳрубонӣ, эҳтироми калонсолон, поктинатӣ, накукорӣ, миллатдӯстӣ ва ватандӯстӣ, инчунин пойдории забону оинҳои миллӣ дар ниҳоди хурдсолон ҷой намуданро муҳим мешуморам. Ҳамчунин мекӯшам, то кӯдаконро бо табиати афсункор, обу ҳаво ва дигар зебоиҳои диёрамон ошно созам. Аз ҳамин лиҳоз, кӯдаконро ба тамошои Чилучорчашма, ки дар ҷумҳурӣ ва берун аз он машҳур аст, мебарем. Кӯдакон бо дидани оби софу моҳӣҳои зиёд шод мешаванд, аз ҳавои серун нафас мекашанд ва бо хандаву шодӣ саргарми бозӣ мегарданд», – гуфт мудири боғча.

Дар муассисаи мазкур як зумра мураббиёни соҳибтаҷриба ба тарбия ва таълими кӯдакон машғуланд. Мураббияи собиқадор Руқия Ҳаитова пайваста бо мураббиёни ҷавон машварат гузаронда, муносибат бо атфолро ба онҳо меомӯзад. Соли 2024 дар ноҳия унвони «Беҳтарин мураббии сол»-ро сазовор гашта, барои иштирок дар озмуни вилоятӣ роҳхат гирифт. Мураббиёни боғча низ бо навбат дар курсҳои такмили ихтисос донишашонро сайқал медиҳанд.

«Барои дилбастагӣ пайдо кардан ба илму дониш ва шавқовар шудани омӯзиш, кӯдаконро тез-тез ба муассисаҳои таҳсилотӣ бурда, бо рафти дарсдиҳии омӯзгорон шинос менамоем. Ҳамчунин машғулиятҳои хештаншиносӣ, шиносоии кӯдак бо рамзҳои давлатӣ, Суруди миллӣ, шиносоӣ бо миллату қавмҳо, сурудхониву шеърхонӣ меомӯзем. Таълимгирандагон забонҳои русӣ ва англисиро низ балад мегарданд. Кӯдакон аз осорхонаву боғи фарҳангии ноҳия дидан менамоянд. Онҳоро ба боғҳо ва заминҳои кишоварзӣ ҳам мебарем. Дар фасли тобистон машқҳои обутобдиҳии бадан меомӯзем. Аз сабаби иқлими гарми ноҳия, кӯдакон барои обутоби бадан оббозӣ мекунанд», – гуфт бонуи кордон.

Гулмайда Гулшерова зикр намуд, ки хоҳишмандон барои ба ин боғча дохил гардидан зиёданд ва аллакай 40 нафар кӯдак барои ба таҳсил фаро гирифтан номнавис шудаанд, аммо боғча имкони қабули ҳамаи онҳоро надорад. Ба хотири синфхонаи иловагӣ сохтан, мудир ба шуъбаи маорифи ноҳия бо мактуб муроҷиат кард. Умед аст, ки дар ояндаи наздик синфхонаи иловагӣ сохта шуда, шумораи бештари кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Омоли бону Гулмайда хушбахтиву таълиму тарбия додани кӯдакони хурдсол аст. Ба ҳар кӯдаку волидони онҳо ва кормандони боғча ширинбаён аст. Хушмуомилагӣ бо мардум натиҷаи муваффақиятҳои ин бонуи заҳматпеша аст…


М. БАЛАҶОНОВА,

Душанбе – Носири Хусрав – Душанбе



Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2025_small.pdf [3.99 Mb] (зеркашиҳо: 71)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон