Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Бонувон дар щифзи анъанащои наврӯзӣ
Илм ва маорифҶашни Наврӯзи оламафрӯзро, ки куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон аст, наметавон бидуни ҳузури бонувон тасаввур кард. Онҳо ба ин Ҷашни бостонии ниёгон шукӯҳу ҷалол бахшида, урфу одату анъанаҳои онро пос медоранд ва ба наслҳои оянда интиқол медиҳанд. Бобати ин мавзӯъ бо ходими илмии шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдулло Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Лайло Носирова суҳбат оростем.
-Бо тақозои фаъолият Шумо ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ зиёд сафари корӣ анҷом дода, бо мардум, хосса бо бонувони ҳунарманд суҳбатҳо оростаед. Аз малакаву таҷрибаи бонувон дар доир намудани Ҷашни Наврӯз чӣ маълумоти тозаеро дарёфтед?
Замоне, ки ҳамчун мудири маркази мероси фарҳанги тоҷикон ва мудири бахши фарҳанги ғайримоддӣ ва моддии Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ фаъолият мебурдам, аснои сафар асосан аз дирӯзу имрӯзи касбу ҳунарҳои занона, ҷашну маросим, урфу одатҳои анъанавии мардуми тоҷик ҷӯё гашта, маълумот ҷамъ меовардем, хосса, пазироии мардум аз Иди Наврӯзро. Як ҷузъи он нақши бонувон дар зинда нигоҳ доштани Ҷашни Наврӯз буд ва, воқеан, дар истиқболу баргузории он бонувон аз аввал ташаббускоранд. Дар ин бора хостам таҳқиқи амиқе анҷом диҳам.
-Аз мушоҳидаҳо ба чунин қарор омадед ва ё пешниҳоди устодон буд?
Дар фасли баҳор, вақте ба шаҳри Бохтар сафар кардем, дар яке аз маҳаллаҳои он бо бонувони фаъол дучор омадем, ки ҳар сол бахшида ба Ҷашни Наврӯз, аз оғози моҳи феврал гандум сабзонда, 20–25 рӯз барои пухтани суманак омодагӣ медиданд. Бо оғози мавсими суманакпазӣ онҳоро ба тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даъват мекарданд. Ҳини бо онҳо ҳамсуҳбат шудан, дарёфтам, ки ҳамаи занон дар чанд ҷанбаи Ҷашни Наврӯз саҳм мегиранд. Хусусан, дар иҷрои баъзе оинҳои махсус, ки иштироки бонувон хуб мушоҳида мешавад.
Якум: анъанаи аввалине, ки муждаи баҳору Наврӯзро меовард, маросими гулгардонӣ буд. Гулгардонӣ аз ҷониби кӯдакону наврасон (солҳои пеш аз ҷониби калонсолон низ) иҷро мегардид ва гулро ба бонуи хонавода тақдим мекарданд. Ҳеҷ гоҳ гулро ба марди оила ҳадия намедоданд. Бар ивази лутфашон кадбонуи хона ба кӯдакон туҳфаҳо медод, дар ҳавли ё маҳалла ҳамагӣ рақсу бозӣ мекарданд. Яъне, дар ин анъана занҳо бевосита дар ҷараён буда, мавқеи муҳим мебозанд.
Дувум: оине, ки барои омодагӣ ба Ҷашни Наврӯз пешбинӣ шудааст, ин анъанаи хонатаконӣ мебошад. Дар ин ҷо низ бонувон пурра ширкат меварзанд ва аз хонаву дар, то кӯчаву маҳалларо тозаву озода менамоянд. Кӯрпаҳову гилем ва дигар лавозимоти рӯзгорро шуста, офтоб медиҳанд, зарфҳои шикастаро мепартоянд ва ғайра. Бо омодагии ҷиддӣ мехоҳанд Наврӯзро дар муҳити пок бо рӯҳияи тоза пешвоз гиранд. Ин анъанаро, ки бонуи хонадон ташаббус мегузорад, чанд нафар духтарони хонаводаро ба иҷрои ин амал талқин месозад. Оҳиста-оҳиста духтарон ин анъанаро аз хурдсолӣ мепазиранд.
Сеюм: маросими бузургтарини Ҷашни Наврӯз суманакпазист. Онро анъанаи калидии Ҷашни Наврӯз унвон додан хато нахоҳад буд. Ин маросим низ сирф занона буда, бонувон аз аввал дар омода кардани он ширкат меварзанд. Ҳатто ривояте ҳаст, ки чашми мардон набояд ба сабзондани гандуму пухтани суманак афтад. Ё гӯё суманакро дар оғоз малоикҳо мепухтаанд. Аммо гоҳе мушоҳида менамоем, ки мардон ба таври рамзӣ деги суманак каф мезананд. Дар ин сурат хусусияти анъанавии ин маросим метавонад тадриҷан аз байн равад.Ҳини суманакпазӣ бонувон рақсу бозӣ ва сурудхонӣ карда, бисёр жанрҳои фолклориро иҷро менамоянд. Яъне, дар баробари суманакпазӣ санъати иҷрои ин жанрҳо ба наслҳои оянда интиқол меёбад.
-Маросими гулгардониву хонатаконӣ, ки пеш аз Наврӯз сурат мегирад, чанд рӯз пеш бояд анҷом дода шавад?
Маросими гулгардонӣ ҳатто аз чоршанбеи сурӣ ҳам пеш доир мегардад. Бо баромадани гулҳои аввалини баҳорӣ — сияҳгӯш ва бойчечак, ки ҳатто барфҳо пурра об нашуда, ин гулҳо сар мезананд, ҳар нафаре, ки дар талу теппаҳо аввалин бор ин гулҳоро мебинад, мужда мерасонад, ки баҳору Наврӯз наздик аст. Хонатакониро бошад як ҳафта пеш аз Ҷашни Наврӯз шуруъ мекунанд.
-Дар оростани хони наврӯзӣ ва таҳияи ғизоҳои гуногун низ бонувон пештозанд…
Солҳои пеш Наврӯзро дар муҳити маҳдуд таҷлил мегирифтанд, дар солҳои соҳибистиқлолӣ Наврӯз бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расмӣ шуд ва бо тамоми шукӯҳу ҷалол ҷашн гирифта мешавад. Дастархони идона низ куллан дигар гашт ва на танҳо суманак, балки ҳафтсину ҳафтшин ва дигар ғизоҳоеро, ки хоси баҳору Наврӯз аст, бонувон омода месозанд. Аммо дар минтақаи Бадахшон хӯроки анъанавию наврӯзии «боҷайём»-ро мардон мепазанд, ки аз гандуму оби тарма тайёр карда мешавад. Ба андешаи инҷониб, шояд овардани оби тармаву кӯфтани гандум заҳмати зиёд мехоҳад ва аз ин рӯ, таҳияи онро ба мардон бовар мекунанд.
-Боз дар кадом оинҳои наврӯзӣ ташаббуси занон мушоҳида мегардад?
Наврӯз Ҷашни бузурги ниёгони мост ва бонувон пӯшидани сарулибоси миллии идонаро воҷиб медонанд. Инчунин, барои мардҳои хонавода ва кӯдакон тоқӣ ва абзорҳои миллӣ омода месозанд, духтаронро оро медиҳанд, мекӯшанд либосҳои идонаро ба таври мукаммал истифода баранд, ҳатто аз зару зевар ва ороишоти қадимӣ истифода мебаранд. Ҳамин тавр, ҳамаи ҳунарҳои халқии мардуми тоҷикро бо ҳама зебоӣ муаррифӣ менамоянд.Ҳатто дар ташкил ва оро додани гӯшаҳои наврӯзӣ бонувон фаъол буда, намунаи ҳунарҳои дастиро фаровон ба намоиш мегузоранд. Рамзи дигари Наврӯз, дар баробари Бобои Деҳқон, ин Маликаи Баҳор ё Наврӯз аст, ки як бонуи соҳибҷамоле бо либоси миллӣ ба ин ҷашнвора шукӯҳу ҷалол мебахшад. Яъне, дар ин ҷо низ ҳузури як бону, ки рамзи Баҳору Наврӯз аст, бармалост.Ба ин тариқ, аз оғози рӯзҳои баҳор то анҷом ёфтани Ҷашни Наврӯз саҳми бонувон қобили мулоҳиза аст, ки ба ин восита урфу одат, анъана, ҷузъиёти гуногуни фарҳанги мардумӣ метавонад ба наслҳои оянда ба мерос монад.
-Соли нави милодиро кӯдакон ба хотири туҳфаҳо бесаброна интизорӣ мекашанд. Метавонанд бонувон дар Наврӯз, ки оғози Соли нави ниёгон аст, чунин иқдомеро роҳандозӣ намоянд?
Бале, бонувони мо бояд дар муҳити хонавода чунин анъанаро ҷорӣ кунанд. Ба кӯдакон аз муҳити оила ва боғчаву мактаб тарғиб намоянд, ки Соли нави тоҷикон Наврӯз аст. Ҳавасмандӣ дар ин кор боиси дастгирӣ ва қобили қабул мебуд… Бобои Деҳқон ва Маликаи Баҳор на танҳо дар саҳна, балки миёни кӯдакон бошанду ҳадияҳои хурд ҳам бошад, ба онҳо пешкаш созанд.Бобои Деҳқон, ки рамзи оғози киштукорро ифода менамояд, шояд пири кори маҳалла ва бобои чандин нафар кӯдакон бошад.
Ситора АШӮРОВА
Мубодила:
Шарҳҳо











