БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Гаҳвора меҷунбад..

Иҷтимоъ

Гаҳвора меҷунбад, кӯдаки гулаке осуда хоб аст. Дар хоб модарашро мебинад магар ки, ширин табассум мекунад. Гаҳвора меҷунбад…

 Баробари ҷунбондани гаҳвора модар суруди сурудҳо - алла мехонад. Тамоми орзуҳояш, умедҳояш, хостаҳояш аз даргоҳи Яздон дар ҳамин суруд таҷассум меёбанд.

Як ҷуфт ситора ва моҳи пурра аз тиреза ба тамошои модари хушбахт омада. «Тифли гирёнам калон шав…». Овози алла маҳин-маҳин то ба манзили ҳамсоя мерасад ва ҳама даме хомӯш мешаванд, чуноне ки вақти бонги азон лаб аз такаллум бозмедоранд. Чи руҳнавозу дилнавоз аст ин суруди сода, ки дилро пок месозад.

 Баробари ҷунбидани гаҳвора, ба хаёл меравам. Аҷаб эҷодкор аст халқи ман, аз чӯби одӣ барои кӯдак тахте сохтаанд, ки барояш бароҳаттар ҷойе нест. Болои сараш, дар дастаи гаҳвора муҳрае овехтаанд, то ба ин кӯдаки ширмаст чашми баде нарасад. Охир, кӯдак мисли гул аст…

Модар ҳақ дорад, ки ҳамел-ҳамел муҳра овезад, охир кӯдаки ӯ аз ҳама дида зеботар аст.

Ваҳ, ваҳ, зери болини кӯдакро нигаред. Чӣ чизи муқаддас гузошта шудааст? Нон ва Китоб. Ана, аз чи сабаб халқи ман бо ризқу рӯзиву оқилу доност. Зеро ҳанӯз аз кӯдакӣ ба гӯши ӯ Саъдии бузург панд мехонад. Он китобро оҳиста аз парпеч мекушоям. Аҷабо, китоби куҳна, варақҳояш зардгашта. Онро бӯсида, ба чашм мемолам. Чун варақ задам, достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Бадриддин Ҳилолӣ бо хатти настаълиқ навишта шудааст. Аввал ба шоиру хаттоти он дуову дуруд фиристода бо кӯдак шӯхӣ кардам. – Оббо, майдачае, аллакай достони ишқӣ мехонӣ? Кӯдак хоб аст, парвои дунё надорад. Ана, аз чи халқи ман дар ишқ содиқ аст. Ҳанӯз аз кӯдакӣ ба гӯши ӯ бузургворон қиссаи садоқат мехонанд. (Шояд ин китоб асрҳост, ки дар ин хонадон зери болини кӯдакон гузошта мешавад. Аз он ки бо хатти арабӣ навишта шудааст, барои волидон ба ҳукми Қуръон аст).

Гаҳвора меҷунбад…

 Кӯдак аз ин сӯ он сӯ сар тофта даҳон мекушояд, ӯ пистони модар мекобад. Аз ин модар зуд огоҳ аст, агарчанде он нисфи шаб бошад ҳам. Ӯ меҳри ҷӯшони худро ба шираш омехта, ба дилбандаш медиҳад. Ӯ кашфе мекунад, ки ягон кимиёгар аз уҳдаи ӯ намебарояд. Ӯ аз хун шир ҷудо карда, ба фарзандаш медиҳад.

Офаринаш бод!

Гаҳвора меҷунбад…

Дар хонаи ҳамсоя бошад, солҳост гаҳвора холист. Чун суруди «Алла» ба хонаи ӯ пар мезанад, беихтиёр ашки ғам рӯйи ӯро мешӯяд. Дар ин хона ҷумла чиз муҳайёст, ғайри садои кӯдак. Дар муноҷотҳоям аз Худованд мепурсам: «Ту муқтадир ҳастӣ, гаҳвораи ҳамсояро низ холӣ магузор». Дунё боумед, шайтон ноумед… Гаҳвора меҷунбад. Кӯдаки гулаке осуда хоб аст.

Худовандо, ба ҳама гаҳвораҷунбониро насиб гардон.

Хайринисо МАВЛОНОВА

                      

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2024_small.pdf [4.5 Mb] (зеркашиҳо: 26)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон