БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Адолати таърихӣ

Пойтахт

Тоҷикистониҳо Рӯзи пойтахтро таҷлил намуда, ба ҷашни бузургтар – 100-солагии Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистон, ки моҳи октябр бошукӯҳ ҷашн гирифта мешавад, омодагӣ мегиранд.

Бегуфтугӯ саволе пайдо мешавад, ки чаро пойтахти як миллати тамаддунофар ҳамагӣ сад сол дорад? Ҳама медонанд, ки тоҷикон халқи қадиму шаҳрсозу шаҳрнишину шаҳрдор будаанд. Дар бораи таъриху фарҳанги шаҳрҳоямон – Саразму Ҳулбук, Ҳисору Панҷакент, Истаравшану Хуҷанд ва ғайра на танҳо мо, балки тамоми дунё медонаду дар китобҳояшон дар ин бора навишта, дар осорхонаҳояшон намунаҳое аз бозёфтҳои таърихӣ ҳифз кардаанд. Самарқанд аз ҷумлаи шаҳрҳои таърихии дунёст. Бухорои шариф бошад, ҳазор сол пеш пойтахти давлати миллии тоҷикон – Сомониён ба ҳисоб мерафт, ки тамоми зерсохтори шаҳрнишиниро ҳамон замон дар худ дошт.

Ҳарчанд дертар давлати худро аз даст додем, шаҳрҳоямон ободу побарҷо боқӣ монданд ва фарҳангу таърихи моро намоиш ва барои ояндагон мерос гузоштанд.

Таърих на ҳамеша аз рӯи адолат кор кардааст. Аз ин ҷост, ки тақвими миллату давлатҳо аз имтиҳонҳои бисёр душвор ҳам пуропур мебошанд. Хосса барои тоҷикон ибтидои асри ХХ имтиҳони муҳиме пеш овард. Дар натиҷа барои ниёгони пуршарафамон зарур шуд, ки пойтахти худро дубора ва дар ҷойи дигар созанд. Аз нав пойтахт сохтан осон нест, зеро пойтахт, ки шаҳри асосии ҳар кишвар аст, албатта, ҷойгоҳу мақоми хос дорад ва бояд махсусиятҳоеро соҳиб бошад. Ҳамон тавре ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни 90-солагии пойтахт гуфтанд:

«Дар таърихи ҳар халқу миллат пойтахт дар самти рушду такомули давлатдорӣ, пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии он нақши калидӣ мебозад».

Зимнан, Душанбе чандон макони нав ҳам нест. Гуфта мешавад, ҳарчанд оғози давраи рушди Душанбе ҳамчун шаҳр асосан ба нимаи аввали асри ХХ баробар омадааст, ин мавзеъ бо иқлими мусоид ва мавқеи мувофиқи ҷуғрофии он чун макони зисту фаъолияти одамон таърихи басо қадимӣ дорад. Дар таърихномаи вобаста ба Душанбе мехонем, ки он то ба пойтахти Тоҷикистон эътироф гардидан, «ҳарчанд мақоми шаҳрро надошту танҳо аз чанд хонаи деҳотӣ ва мавзеи баргузории бозори ҳафтаина иборат буд, мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои бостоншиносӣ, дорои таъриху тамаддуни бою ғанӣ будааст».

Дар таърихномаҳо омада, ки дар Душанбе аз давраҳои қадим бозори фаровону бошукӯҳ мавҷуд буд. Дар ин ҷо, дар баробари маҳсулоти маҳаллӣ -

ҷаву гандум, зағиру пилла, меваю сабзавот, ҳамчунин, моҳути англисӣ, абрешими чинӣ, чити русӣ ва амволи дигар низ хариду фурӯш мешуд. Аслан, бозор дар ин мавзеъ ҳар ҳафта рӯзи душанбе барпо мешудааст, ки Душанбе ном гирифтани он низ аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад.

Ҳамчунин, зикр шудааст, ки номи Душанбе бори нахуст моҳи декабри соли 1676 дар номаи хони Балх Субҳонқули Баҳодур ба шоҳи давлати рус Романов зикр гардида, дар он оид ба сокин будани аҳолӣ дар мавзеи Душанбе маълумот медиҳад. Чандин аср пеш олим ва муаррихи ибтидои асри VIII Маҳмуд ибни Валии Балхӣ доир ба иқлими мусоид, олами наботот ва ҳайвоноти мавзеи Душанбе ва атрофи он маълумоти фаровон додааст.

Дар замони Иттиҳоди Шуравӣ, ба хотири таблиғ, мегуфтанд, ки Душанбе то замони шуравӣ як деҳаи хурде буду ҳудуди он аз Боғи Ирами ҳозира то Хонаи радио тул кашида, сокинони таҳҷоии он бо кишоварзиву чорводорӣ, чармгариву кулолӣ, заргариву мисгарӣ, оҳангариву дуредгарӣ ва кафшдӯзиву ресандагӣ машғул буданд. «Давраи асосии рушди Душанбе ба сифати шаҳр пас аз барқарор гардидани Ҳокимияти шуравӣ дар Осиёи Марказӣ оғоз ёфта, он аз 21 августи соли 1924 нахуст ба сифати маркази Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон ва баъдан, аз 14 октябри соли 1924 баробари таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон пойтахти давлати навтаъсиси шуравӣ эълон карда мешавад», - таъкид мекарданд бо ифтихор.

Зикр ёфтааст, ки Душанбеи он замон дар худ нишонҳои миллиро хеле кам дошт. Рамзҳо ва нишони миллӣ маҳз дар замони Истиқлоли давлатӣ дар пойтахт таъсис ва бунёд ёфтаанд. Ҳамон тавре Сарвари давлат дар 90-солагии пойтахт изҳор доштанд:

«Аз ҷумлаи ифтихороти мо дар замони соҳибистиқлолии Ватани муқаддасамон аст, ки муҷассама ва маҷмааи ёдгории асосгузори давлати мутамаркази тоҷикон — Исмоили Сомонӣ ба муносибати 1100-солагии давлатдории аҷдоди некномамон — Сомониён ҳамчун тантанаи адолати таърихӣ ва рамзи таҳкими ваҳдати милливу эҳёи Тоҷикистон маҳз дар майдони марказии шаҳри Душанбе гузошта шуд».

Дар коху қасру иншооте, ки бо ташаббуси Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра сохта шудаанд, фарҳангшиносон муъҷизаҳои санъати меъморӣ, наққошӣ, кандакорӣ, гачкорӣ ва ғайраро мебинанд. Имрӯз эстафетаи мазкурро раиси ҷавони пойтахт идома медиҳад. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ раванди навсозии пойтахтро ҷони тоза бахшид. Аз ин хотир, Душанбе дар муддати хеле кӯтоҳ симояшро ба таври шинохтанашаванда дигар мекунад.

Акнун бо ташаббусу ғамхории Ҳукумати кишвар ва азму талоши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон дар байни шаҳрҳои Осиёи Марказӣ тадриҷан мақому манзалати миллӣ ва ҷойгоҳи шоистаи худро пайдо карда, айни замон ба яке аз шаҳрҳои сабзу хуррам, ободу зебо ва рушдёбанда табдил ёфтааст. Дар ин давра сохтусози даҳҳо корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустиву фарҳангӣ, боғу гулгаштҳо, иншооту биноҳои замонавии маъмуриву хизматрасонӣ ҳам ҷойи кор ба вуҷуд меоранд ва ҳам ба Душанбе зебоӣ мебахшанд.

Иншооти муҳими кишвар - Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллӣ, марказҳои бузурги тиҷоратӣ ва бинои муҳташами Кохи Наврӯз, ки дар бистсолаи охир сохта шуданд, ба симои шаҳри Душанбе ҳусни тоза зам намуданд. Ҳамчунин, қомат афрохтани Қасри миллат, Нишони давлатӣ, парафшон шудани Парчами миллӣ, майдони «Истиқлол» ва Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол», бунёд гардидани Боғи устод Рӯдакӣ, Боғи «Ирам», маҷмааи Наврӯзгоҳ, Боғи «Пойтахт» ва ғайра барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон ва Маркази ҳамноми тиҷоратӣ аз қабили ободкориҳое мебошанд, ки бозгӯӣ аз санъати баланди шаҳрсозии мардуми мо мекунанд.

Ин ҳамаро дар дохилу хориҷи мамлакат эътироф доранд. Дар натиҷа Душанбеи мо бо ҷоизадории Шаҳри сулҳ ва амнияти хеш соли 2012 аз рӯи ҷавобгӯ будан ба талаботи ҷории интихоби ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, яъне мавҷудияти уҳдадории баланд аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ, ниҳоди намояндагии маҳаллӣ, ҷой доштани воқеияти зарфиятҳои ҳамкорӣ ва таваҷҷуҳи хосса дар шаффофияти фаъолият, дар радифи шаҳрҳои Бейрути Калон (Лубнон), Метро Манила (Филиппин), Марокаш (Марокаш), Найроби (Кения), Рио-де Жанейро (Бразилия), Сан-Хосе (Коста-Рика), Тегусигалпа (Гондурас) ба макони татбиқи Иқдомоти Глобалии волотарин созмони байналмилалии зикргардида дар бахши «Шаҳрҳои бехатар ва рафоқат барои ҳамагон» оид ба Барномаи тавсеаи ҳуқуқ ва имкониятҳои занону кӯдакон дар партави рушди устувори шаҳрҳои сайёра пазируфта шуд.

Аз нигоҳи сармоягузорӣ пойтахти ватанамон имрӯз бағоят ҷолиб ва боэътимод гашт. Дар натиҷа, сармоягузорони мухталифи ватанию хориҷӣ дар сохтмони манзил ва дигар самтҳо барномаҳои тиҷоратии худро пайваста татбиқ менамоянд.

Бар илова, Душанбе аз ҳама нигоҳ ҷойгоҳи муносиби ҳамоиш ва баргузории чорабиниҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳост. Имрӯз дар пойтахти мо даҳҳо нишастҳои муҳими дунё ва минтақа баргузор мешаванд.

Бо як ҷумла мешавад хулоса кард, ки пойтахти тоҷикони ҷаҳон акнун тамоми кишварро бо ҳама ҷузъиёт барои оламиён бештар муаррифӣ менамояд. Ин рисолати андак нест. Шукр, ки шаҳриёрон дар иҷрои он муваффақанд…

Одиназода Шоҳона Сулаймон

 

 

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 11)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон