БОЙГОНӢ

«    Июн 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Сарфароз

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Ба назди дӯзандазан нафарони зиёде меомаданд. Яке мехост, ки фармоишаш то рӯзи муайяншуда ба итмом расаду дувумӣ исрор дошт, ки ба тӯяш рӯзҳои башумор мондаанду оё метавонад куртаҳои арӯсиашро сари вақт дастрас намояд. Савумӣ бо сад хоҳиш мегуфт, ки мехоҳад дар рӯзи таваллуди духтараки ба ҷону дил баробару ягонааш куртаи навдӯхтро барояш туҳфа намояд.

Ҳамаи ин нозу хостаҳои мизоҷонро дӯзанда бо оромӣ шунида, барояшон маслиҳатҳои судманд медод, ваъда мекард, ки дар рӯзи таъиншуда, албатта, фармоишашонро ба даст хоҳанд гирифт. Ҳамаи ин боварӣ ба дӯзанда, ҳамоне ки имрӯз коргоҳаш пури мизоҷ асту ӯ бо дилгармиву дилпурӣ мекӯшад, ки ҳар зану духтари тоҷик зебо бошад, ба вай илҳом мебахшад.

Насиба Ҳомидова, сокини ноҳияи Деваштич, имрӯз яке аз дӯзандагони муваффақ ва номдор ба ҳисоб меравад. Аз овони кӯдакӣ ба дӯзандагӣ меҳри зиёд дошт, аммо роҳи ӯ дар ин ҷода осон набуд. Ин роҳ аз орзуҳои кӯдакӣ оғоз ёфта, бо заҳмату ҷидду ҷаҳди зиёд тай гашт. Ҳатто замоне ки дар мактаб иншо менавишт, ин орзуяшро рӯи саҳифа оварда буд.

Қадамҳои ҷиддӣ ба сӯи ин орзу дертар, баъди модар шудан, гузошта шуданд. Вақте бори нахуст дар тани дигарон пироҳани дӯхтаашро дид, вақте фаҳмид, ки ҳунараш метавонад дар оянда ба машғулияти дӯстдоштааш мубаддал шавад, вақте шодию хурсандии занону духтаронро ҳангоми ба бар намудани либоси фармудаашон дид, муҳаббаташ нисбат ба ҳунари пешгирифтааш боз ҳам афзуд.

Насиба Ҳомидова зодаи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон буда, пас аз хатми синфи 7-ум бо сабабҳои оилавӣ ҳамроҳи аҳли хонавода ба зодгоҳи падар – деҳаи Ғазантараки ноҳияи Деваштич кӯч бастанд. Соли 1997 оиладор шуд ва муддате хонашин буд. Пас касби дӯзандагиро барояш интихоб намуд. Насиба он ҳангом ҳамагӣ бисту се сол дошт. Бо вуҷуди ба уҳда доштани масъулиятҳои оилавӣ, қарор дод, ки орзуяшро амалӣ намояд.

Барои омӯхтани ҳунари дӯстдоштааш ба шаҳри Хуҷанд рафта, назди ҳунармандон 1 солу 8 моҳ шогирд истод. Ҳатто дурии роҳ садди роҳаш нашуд. Аз чеварони гулдаст дар ин муддат на танҳо дӯхтани либос, балки тамоми нозукиҳои ҳунари дӯзандагиро аз худ кард — аз либосҳои рӯзмарра то либосҳои чармӣ ва корӣ ва, ҳамчунин, либосҳои мактабиро омода месозад.

Соли 2003 ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шуда, дар деҳаи Ғазантарак коргоҳи дӯзандагии худро таъсис дод. Шоёни зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва такроран солҳои 2019–2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд, ки боиси рӯҳбаландии тамоми қишрҳои ҷомеа, хусусан аҳли ҳунармандон гардид. Чунин иқдомҳо барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ заминаи воқеӣ гузоштанд.

Соли 2019 Насиба фаъолияти худро тадриҷан рушд дод. Имрӯз вай на танҳо соҳибкори муваффақ, балки устоди беш аз сад шогирд низ мебошад. Сирри муваффақияти вай дар меҳнати пайваста ва омӯзиши доимӣ аст. Ӯ ҳамеша мекӯшад, ки бо навгониҳои соҳа ҳамқадам бошад ва дар дӯхтани либосҳои зебо ва замонавӣ эҷодкорона муносибат намояд. Бонуи ҳунарманд ба ёд меорад, ки замоне ҳатто моҳҳо мизоҷ надошт. Аммо бо сабр ва баланд бардоштани сифати кор, оҳиста-оҳиста боварии мардумро сазовор гашт. Имрӯз бошад, баръакс, аз зиёдии мизоҷон фурсат намеёбад, ки фармоиши занону духтаронро сари вақт ба сомон расонад.

Насиба мекӯшад, то нархи хидматрасониҳояш ба шароити маҳал мувофиқ бошад, то дилхоҳ муштарӣ тавонад аз ҳунари ӯ истифода барад. Ӯ ба духтарон маслиҳат медиҳад:

«Дӯзандагӣ танҳо ҳунар нест — ин як имконият аст. Имконияте, ки зан метавонад дар хона нишаста, дар баробари тарбияи фарзандон ва корҳои рӯзгор, кори дӯстдоштаашро анҷом диҳад ва дар ғанӣ гардидани буҷети оила низ саҳм гузорад».

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА

ноҳияи Деваштич

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_05_2026_small.pdf [3.08 Mb] (зеркашиҳо: 39)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон