БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

«Шукрона»-и Раҳима

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Сайёҳӣ ба манбаи даромади хонаводаҳои бисёр дар ноҳияи Мурғоб табдил ёфтасту меҳмонхонаи «Шукрона»-и Раҳима Дороншоева яке аз чунин нуқтаҳои хизматрасонист, ки ҳамеша мизоҷони зиёд дорад.

 

  Ин меҳмонхонаи тозаву озода, ки сайёҳон бо камоли майлу хушнудӣ онро барои будубош интихоб менамоянд, дар маҳали Аличур мақом гирифта, бисёре аз мизоҷон ҳанӯз қабл аз сафар ба Мурғоб тавассути интернет, барои худ дар ин манзили босафо ҷой банд мекунанд.

Ҷулиана Манка, яке аз сайёҳони итолиёвиро, ки дар меҳмонхона дучор омадаму бо вай ба суҳбат пардохтам, бо забони тоҷикӣ сареҳ ҳарф мезад. Ба гуфтаи ӯ, сатҳи баланди муошират, забондонӣ, тозагӣ ва пурра аз маҳсулоти маҳаллӣ таркиб ёфтани ғизоҳои болаззатро, ки соҳибони меҳмонхона ва ёваронашон бо маҳорати баланд омода месозанд, сабаби ҷалби мизоҷони зиёд ба ин макон буда, худаш маротибаи савум аст, ки ҳангоми саёҳат ба кӯҳистони Бадахшон ин ҷойро барои чанд рӯз дам гирифтан, интихоб кардааст. Ҷулиана тибқи як барномаи табодули байналмилалӣ ду сол дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия забони олмониро ба муҳассилин омӯзонда, бо истифода аз фурсат тайи ин муддат дар як хонаводаи тоҷик, дар шаҳри Душанбе, ки аз онҳо хотироти неку наҷиб дорад, иқомат намуда, забони тоҷикиро омӯхтааст.

 Чаро Шумо дар ҳар сафаратон ҳатман аз Мурғоб, аз даштҳои бедолу дарахти паҳновар, ки дар ҷо-ҷойи он норасоии ҳавои тоза сахт эҳсос мешаваду хатари фишорбаландӣ вуҷуд дорад, гузар мекунед? - мепурсам аз ӯ.

 Ман дар Милано умр ба сар мебараму бо волидон аз хурдӣ ба доманакӯҳҳои Алп баромаданро дӯст медоштам. Кӯҳҳои сарбаафлоки Тоҷикистон маро ба ёди айёми наврасӣ ва зодгоҳам мебаранду дар ин ҷо худро чун дар ватанам эҳсос мекунам ва аз тамошои виқору зебоиҳои кӯҳҳо, табиати дастнохӯрда лаззат мебарам. Мурғоб ин «Боми ҷаҳон» аст ва ҳар кас, албатта, орзуи баромадан ба бомро мекунаду бо чунин эҳсос ҳар боре дилам ба ин ҷой мекашад. Тамошои кӯлҳо, ки «чашмони нилгун»-ро мемонанд, табиати маҳтобӣ, сароби чашмаву дарёҳо, аспу уштур ё қутоссаворӣ, дидани манзараҳои табиати нодиру нотакрор ва дигар намудҳои сайёҳии экологӣ ва, аз ҳама муҳимаш, одамони наҷибу мушкилписанд ва эҷодкор, ки дар шароити сахту сангини иқлимӣ кору зиндагӣ мекунанд, барои сайёҳон мароқангезанд. Аз ин рӯ, тобистони ин ҷой пур аз сайёҳон аст, - изҳор дошт Ҷулиана.

Раҳима Дороншоева пас аз хатми факултаи забони англисии Донишкадаи педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) бо роҳхат барои кор ба мактаби Аличури ноҳияи Мурғоб фиристода шуд. Мутахассиси ҷавон дар макони барояш нав бо ҷаҳду ғайрат ба омӯзгорӣ пардохт. Ба коргари совхоз ба шавҳар баромад. Бар асари дигаргуниҳои иқтисоди бозоргонӣ совхоз барҳам хӯрд. Раҳима омӯзгориро идома медоду шавҳараш ба чорводорӣ машғул буд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи сайёҳӣ рушд кард, сайёҳон ба хонаашон, ки сари роҳи мошингард воқеъ аст, ба хотири ниёз ба тарҷумон меҳмон мешуданду онҳоро муомилаи хуби соҳибони хона, забондонӣ ва тарзи зиндагии озодаашон ҷалб менамуд. Зану шавҳар бо назардошти пайдо шудани имконияти даромад аз сайёҳӣ дар шафати манзили истиқоматиашон ҳуҷраҳои иловагӣ бунёд карда, 5 ҳуҷраи алоҳидаи озодаву муҷаҳҳаз барои қабули меҳмонон омода намуданд. Вазифаи тарҷумонро Раҳима, ки омӯзгори хуби забони англисист, иҷро менамояд. Бо зиёд шудани шумораи мизоҷон ва даромад аз сайёҳӣ, онҳо чорводориро рушд дода, саршумори ҳайвони калонро ба 20 ва бузу гӯсфандонро ба 80 сар расонданд. Маҳсули чорводориашон - гӯшт, ширу қаймоқ, ҷурғот, равғани зард, маска ва панирро, ки ба таври дастӣ истеҳсол менамоянд, аввал барои ниёзи меҳмонхонаашон истифода мебаранду боқимондаашро дар бозорҳои шаҳру ноҳия ба савдо мебароранд.

Дар меҳмонхона се нафар бону машғули пухтупаз ва тозаву озода нигоҳ доштани он муваззаф аст, онҳо маоши хуб мегиранд, соҳиби ҷойи кор гардидаанд. «Шукрона», ҳамчунин, бо ду ронандаи маҳаллӣ ҳамкорӣ дорад, ки сайёҳонро ба тамошои манзараҳои дилхоҳашон мебаранд ва ё дар самти ҳаракат аз як макон ба макони дигар интиқол медиҳанду аз ин ҳисоб даромади хубе меёбанд. Барои парвариши чорво зану шавҳар боз ду нафар чӯпонро киро карданд, зеро ният доранд, ки чорводориро рушд диҳанду дар заминаи чорводорӣ хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳиро васеътар намоянд. Ҳамакнун, ба ғайр аз соҳибмулкон, ҳафт нафари дигар аз баракати «Шукрона» бархӯрдоранду даромади хуб ба даст меоранд.

Раҳима, дар баробари омӯзгори хуб будан, бонуи ташаббускор ва ташкилотчии фаъол аст. Чанд сол раиси Шурои занонро дар мактаб ва маҳалла бар уҳда дошт. Ӯ пазандаи моҳир буда, пухтани ошу боҷ ва ҳалво барои арӯсонро ба вай бовар мекунанд. Ҳамчун волонтёр дар ҳифз ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зисти маҳал ҳиссаи арзанда дорад. Вай се духтарашро ба камол расонда, меҳмонхонаашонро ба номи духтари хурдӣ «Шукрона» унвон додааст.

Бино бар маълумоти оморӣ дар ноҳия 17 ширкати сайёҳӣ, 17 меҳмонхонаи замонавии ободу зебо ва 14 ошхонаю нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ барои нақлиёт дар хизмати сайёҳон қарор доранд. Дар баробари сайёҳони хориҷӣ шумораи сайёҳони дохилӣ низ сол ба сол афзоиш меёбад…

Шукр мегӯям, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ, ваҳдат ва сулҳу осоиштагӣ кишварамон рушд намуда, ба яке аз маконҳои амну беҳтарин барои сайёҳон дар ҷаҳон табдил ёфтаву барои фаъолиятҳои соҳибкорӣ дар тамоми ҷанбаҳо шароит фароҳам омадаанд. Ҳар фарди ташаббускор аз чунин имконият бояд босамар истифода барад, - афзуд Раҳимабону.

М. ШОҲҶАМОЛ,

ноҳияи Мурғоб

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 11)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон