БОЙГОНӢ

«    Октябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ҳунар касро намояд номвар

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

 Салимабону зодаи шаҳри зебоманзари Исфара, тавонист бо чусту чолокӣ, мушкилнописандӣ, меҳнати ҳалол ва маърифати баланди худ байни мардум машҳур гардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз сафарҳои худ аз коргоҳи дӯзандагӣ дидан карданд. Сифати кори ин бонуи ҳунарманд Сарвари давлатро ба ваҷд оварда, ба раиси вақти вилояти Суғд ва шаҳри Исфара дастур доданд, ки иқдоми наҷибонаи бонуро дастгирӣ карда, аз рафти иҷрои он маълумот диҳанд.

Сарвари давлат дар ана ҳамин вохӯрӣ изҳор карданд, ки сифати маҳсулот ва дӯхти он аз молҳои туркӣ монданӣ надорад ва нархаш низ мувофиқ аст.

Салимабону Исмадова ин ҳунари волоро аз модари равоншодаш омӯхтааст. Вақте ки модар сӯзан мезад, ё бо мошини дарздӯзӣ ба дӯхтани пироҳан мепардохт, вай бодиққат назар афканда, мекӯшид корро аз дастони модар гирифта, худаш ба сомон расонад. Модар аз ин амали фарзандаш ба ваҷд омада, шукр мекард, ки духтари чаққону нозанин дорад.

Салимабону боварии модарро сазовор шуда, бо касби волои худ, на танҳо дар шаҳри Исфара, балки дар ҷумҳурӣ шуҳратёр гардид. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна чун ҳисобчии коргоҳи дӯзандагии «Швейместпром-2» ба фаъолият оғоз кард. Духтараки чаққону кордон дар як муддати кӯтоҳ дар коргоҳ мавқеи худро ёфт. Баробари фаъолият дар коргоҳи дӯзандагӣ дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ғоибона таҳсил намуда, ихтисоси худро дар соҳаи иқтисодиёт ва муҳосибии соҳаи саноат такмил дод.

Бо дарназардошти истеъдоду лаёқаташ Салимабонуро дар коргоҳи дӯзандагӣ саркор таъин карданд. Баъдан ӯ устои калон, мудири анбор буд. Ҳамчун муовини директор оид ба хариду фурӯши маҳсулот хуш кор кард.

Баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ чандин корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ аз фаъолият бозмонданд ва ё хусусӣ шуданд. Коргоҳи дӯзандагии «Швейместпром-2» низ ба ҶСК «Фарзона» табдил ёфт. Ба шарофати уҳдабароиву ташкилотчигиаш Салимабону директори корхонаи ҶСК «Фарзона» таъин гардид.

Салима Исмадова фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун соҳибкор ҳамроҳи оилааш ба роҳ монд, як коргоҳи хурди дӯзандагӣ бунёд кард ва оҳиста-оҳиста мавқеи худро дар ин ҷода устувор намуд. Соли 2005 бо заҳмати зиёд як қисми иншооти вайрону валангоргашта ва бекористодаи заводи гаҷбарории шаҳрро хусусӣ карда, таъмиру тармим ва азнавсозӣ намуд. Дастгоҳҳои дӯзандагӣ харид, коргоҳи истеҳсолии худро бо номи «Салима» таъсис дод ва 10 нафар зани хонашинро бо ҷойи корӣ таъмин намуд. Фаъолияти коргоҳ ба истеҳсоли сарулибоси корӣ, либосҳои занонаю мардона, кӯрпаю кӯрпача, ҷойхоб ва дигар молҳои ниёзи мардум нигаронда шуда буд. Соҳибмулки корхонаи ҶСК «Фарзона» аз ӯ хоҳиш намуд, ки роҳбарии ин корхонаро низ ба зимма гирад. Азбаски лаҳзаҳои беҳтарини умри Салимабону дар ин коргоҳи бонуфуз гузаштаву барояш ин даргоҳ хеле азиз буд, хоҳиши соҳибмулкро рад накард. Солҳои 2005–2011 Салимабону роҳбарии ин ду корхонаи саноатиро ба зимма дошт.

Салимабону бо ҳидоятҳои Сарвари давлат коргоҳи хурди дӯзандагӣ созмон дод. Соли 2011 як қисми ҶСК «Фарзона» ба фурӯш гузошта шуд ва Салима Исмадова онро харида, аз хориҷи мамлакат барои истеҳсоли коғази ташноб таҷҳизоти технологӣ ворид сохта, дар қисми харидорикардаи ҶСК «Фарзона» коргоҳи истеҳсоли коғазро ифтитоҳ намуд. Роҳбарии сехи мазкурро ҳамсараш Мирзоабдулло Исмадов ба зимма дошт. Пас аз фавти шавҳар Салимабону як муддат кори худро пеш бурда натавонист. Дар ин бора худ мегӯяд: «Пас аз вафоти ҳамсарам як муддат кор карда натавонистам. Ба ягон кор дасту дилам намерафт. Лекин мушоҳида кардам, ки корро давом надиҳам, ҳамаи меҳнати ману шавҳарам барбод меравад. Ба хотири шод кардани руҳи шавҳари меҳрубонам, дубора ба сари кор омадам».

Салима Исмадова соли 2012 дар Озмуни ҷумҳуриявии бонуи соҳибкори сол «Фараҳ-2012» ширкат варзида, дар бахши «Тарҳи беҳтарини тиҷорат дар истеҳсолот» соҳиби мукофот шуд. Соли 2013 ҳамчун «Соҳибкори беҳтарини сол» дар вилояти Суғд бо ҷоиза ва сипосномаи раиси вилоят қадр гардид.

Солҳои 2012–2013 маротибаи аввал дӯхтани либоси мактабиро ба роҳ монд. Албатта, аз матои истеҳсоли ватанӣ ва дӯхтани дизайнҳои нав дар кишвар барои толибилмон кори осон набуд.

Моҳи октябри соли 2013 коргоҳи дӯзандагии «Салимабону» дар бинои дигар ба фаъолият оғоз кард, зеро корхонаҳои хусусии ӯ дар ҳолати таъмир ва азнавсозӣ қарор дошт. Соли аввали ташкили коргоҳ ба онҳо муяссар гардид, ки бо ҳафт мактаби шаҳри Исфара шартнома баста, барои толибилмон либосҳои мактабӣ омода намоянд.

Ҳини боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Исфара бо кормандони сехи либосдӯзӣ рӯ ба рӯ гардида, ба ташкили кор ва меҳнати босуботашон баҳои баланд доданд. Ҳар як маҳсулоти омодакардашударо аз назар гузаронда, бо дӯзандагони коргоҳ суҳбати гарму самимӣ оростанд. Дар ҷаласаи фаъолони вилоят бошад, якчанд маротиба аз фаъолияти меҳнатӣ ва дастоварди ин бонуи ҳунарманд мисолҳо оварданд. Таъкид намуданд, ки сифати маҳсулоти истеҳсолнамудаи ӯ аз молҳои туркӣ ягон мондание надорад ва арзишаш низ мувофиқ аст.

Соли 2014 бо 16 мактаб барои пешниҳоди либоси мактабӣ шартнома имзо намуданд. Маҳсулоти омодакардаи ин бонуи ҳунар муштариёни зиёдеро ба худ ҷалб мекард. Солҳои 2015–2016 онҳо аллакай ба 28 мактаб либосҳои мактабӣ омода месохтанд. Ҳоло бошад дар ин раванд ӯ бо 54 муассисаи таълимии шаҳри Исфара шартнома баста, онҳоро бо либосҳои шинаму босифат таъмин менамоянд.

Шоёни зикр аст, ки соли 2014 коргоҳи дӯзандагии «Салимабону» дар бинои навтаъмир бо иштироки раиси вилояти Суғд ба фаъолият оғоз карда, табрикоти Сарвари давлатро низ расонданд. Дар корхона 30 нафар зани маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин гардид. Дар ҳошияи ин коргоҳҳояш моҳи июли ҳамон сол дар бинои собиқ коргоҳи заводи гаҷбарорӣ 20 адад дастгоҳи қолинбофиро харид ва васл намуд. Се нафарро ба шаҳри Хуҷанд, ба Маркази ҳунармандӣ, ки мутахассисони эронӣ ҳунар меомӯзонанд, фиристода шуд. Баъдтар 100 нафар бонуи хонашинро касб омӯзонда, соҳиби шаҳодатнома гардонд. Дар ана ҳамин вақт дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд озмуни вилоятии «Ҳунарҳои мардумиро эҳё менамоем» доир шуд. Коргоҳи «Салимабону» дар байни 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷойи дуюмро сазовор шуда, соҳиби ифтихорнома ва мукофотпулӣ гардид.

Соли 2014 дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фараҳ-2014» дар бахши «Истеҳсолот» аз байни 320 нафар соҳибкорзани ҷумҳурӣ Салима Исмадова ғолиб гашта, бо ифтихорномаву ҷоиза ва роҳхат ба давлати Туркия сазовор шуд.

Санаи 28-уми августи соли 2015 аз хотирам ҳеҷ гоҳ сутурда намегардад, - мегӯяд ӯ. - Дар арафаи Ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ба ман медали Хизмати шоиста супурданд.

Салимабону Исмадова дар баробари соҳибкори муваффақ будан, зани ҳалиму меҳрубон, сахиву саховатманд аст. Ҳар сол дар оғози соли нави таҳсил ӯ 180–200 нафар хонандаро аз оилаҳои ниёзманд бо либоси мактабӣ ройгон таъмин намуда, дар таъмири мактаб ва хариди таҷҳизоти гуногун, аз қабили тахтаи электронӣ саҳм мегузорад.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

шаҳри Исфара

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон