БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

НБО «Роғун» аз афсона ба ҳақиқат

Сиёсат / Президенти ҶТ / Слайдер

Тақрибан пас аз 10–15 сол исми сохтмони азим - «Роғун», шояд ба як вожаи муқаррарӣ табдил ёбад. Соли 2033 интизор меравад, бунёди Неругоҳ ба анҷом расида, аз рӯйи натиҷагии коршиносони соҳа соли 2040 (пас аз комилан пур шудани обанбор) метавонад бо иқтидори лоиҳавиаш ба кор дарояд.

Он замон, бегуфтугӯ ҳамватанон ифтихор хоҳанд кард, ки соҳиби чунин як Неругоҳе ҳастанд, ки сарбанди он бо баландии 335 метр, баландтарин сарбанди сангу шағалу регӣ, дар ҷаҳон аст.

  Аслан, бо «Роғун» метавон ҳама вақт ифтихор кард, зеро «Роғун» барои Тоҷикистону тоҷикистониён на танҳо як Неругоҳ, балки майдони корзор аст, мактаби ҷоннисориву худшиносии миллӣ ва ваҳдати як миллати соҳибистиқлол. Ин муборизаву ин мактаб дар заминаи муҳаббати беинтиҳо ба ин Ватану миллат ҳосил шуд ва руҳи бешикасти миллати моро ифода кард, ки дар раъси он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақом доранд.

Инак, ду чархи Неругоҳи «Роғун» барқи арзон истеҳсол мекунад, хонаҳоро равшан месозад, гармӣ медиҳад, корхонаҳоро ҳаёт мебахшад. Неруи зиндагисозро соҳиб шудем, аммо он осон ба даст наомад. Маҳз ирода, талошу азхудгузаштанҳои Сарвари давлат буд, ки ба ин рӯзи наку расидем ва дар даҳсолаи наздик самараи ниҳоии ин заҳматҳои бесобиқаро шоҳид хоҳем гашт…

Ҳарфу суханҳои тамасхуромезҳоеро ҳам ёд дорем. Мегуфтанд: «Тоҷикистон «Роғун» месозад? Ҳмм, СССР-и абарқудрати шашяки рӯйи замин натавонисту акнун кишваре анҷом дода метавонад, ки нав ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар кард, ки он хисороти зиёди моливу ҷонӣ дар пай дошт?»

Ба таври дигар, бунёди Неругоҳро як афсонаву орзуи амалинашаванда унвон доданд. Одамоне ҳам буданд, ки ба ин фасонасозиҳо бовар карданд…

Дуруст аст, ки суҳбатҳо дар атрофи «Роғун» ҳарфи нав нест, таърихи қариб садсола дорад. Ҳамон тавре нависандаву публитсисти номвар Нозир Ёдгорӣ, ки дар бораи ин Неругоҳ таҳқиқоти муҳим анҷом додааст, ишора мекунад, ҳанӯз дар Харитаи захираҳои обию энергетикии РСС Тоҷикистон, ки дар асоси аввалин тадқиқҳои ҷуғрофии олимони Иттиҳоди Шуравӣ соли 1932 аз тарафи И. Караулов таҳия гардидааст, дар мавзеи Роғун имкони бунёди ин иншоот ишора шуда буд. «Ибтидои солҳои 70-уми асри ХХ, бинобар зиёд шудани талабот ба неруи барқ, дар тамоми Иттиҳоди Шуравӣ ва ба хотири танзими об дар заминҳои навкорам, инчунин бо барқ таъмин намудани пойгоҳҳои пуриқтидори обкаш барои обёрии як қисми заминҳои навкорам бо пешниҳоди роҳбарони вақти ҷумҳуриҳои Туркманистону Ӯзбекистон ва розигии сарварони Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳасозӣ ва асоснокнамоии техникӣ-иқтисодии НБО «Роғун», ки аз обанбор ва неругоҳ иборат хоҳад буд, оғоз ёфт. Асосноксозии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи НБО «Роғун» соли 1972 дар Вазорати энергетикаи ИҶШС бо иштироки намояндагони ваколатдори тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз тарафи Комиссияи давлатии иқтисодии «Госплан»-и ИҶШС маъқул дониста шуд», - аз саҳифаҳои таърих иқтибос меорад Нозир Ёдгорӣ.

Пас аз чор сол, 27-уми сентябри соли 1976, аввалин ҷаласаи ботантана дар НБО «Роғун» баргузор гардид, ки дар он Котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон Ҷаббор Расулов сухан ронда, моҳияти қарори анҷумани ХХIV КПСС-ро роҷеъ ба ин сохтмони муҳим шарҳ додааст. Вазири энергетика ва электрофикатсияи ИҶШС П.С. Непорожний ҳам дар ин ҷамъомад иштирок дошту мардумро табрик гуфт. Сипас, дар ин ҷо аввалин таркишҳои бунёдкорона садо дода, ба оламиён аз оғози сохтмони пуршукӯҳ пайғом расонданд.

Ба таври расмӣ, сохтмони НБО «Роғун» аз моҳи майи соли 1986 оғоз гардид ва дар нақша буд, ки охири соли 1987 маҷрои дарёи Вахшро баста, соли 1989 чархи якум ба кор андохта мешавад. Соли 1990 бунёди шаҳри нави Роғун ва соли 1993 пурра ба истифода додани Маҷмааи гидроэнергетикии НБО «Роғун» муқаррар гардида буд.

Ҳамин тавр, гӯё чизе барои шубҳа боқӣ намонд. Ҳатто, 27–28-уми декабри соли 1987 пеши маҷрои Вахшро бастанд ва об ба ҷониби нақби Неругоҳ равон гардид. Аммо мавҷи баҳсу мунозираҳо, бозиҳои пасипардагии пешомада оид ба мустаҳкамии сарбанд, сохтмони Неругоҳи муҳимро зери суол бурд. Ин бозиҳо аз пойтахти Иттиҳоди Шуравӣ - Мос­ква сар шуданд. Мутаассифона, дар он бозиҳо аз неруи ба ном зиёиёни тоҷик истифода намуданд. Ба Москва роҳбари вақти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамовро даъват карда, дар бораи ояндаи сохтмони «Роғун» масъалагузорӣ намуданд. Роҳбарияти мамлакати шуравӣ зарур донист чандин ташхисҳои муҳимро анҷом дода, безарар будани сохтмони «Роғун»-ро исбот намоянд…

Душманони «Роғун» раиси «Госстрой»-и ИҶШС Борис Николаевич Елтсинро, ки муносибаташ бо Котиби генералии ИҶШС Михаил Горбачёв хуб набуд, ба бозӣ дароварданд. Муваффақ шуданд, ки ӯро ба Тоҷикистон фиристонанд, то аз «Роғун» дидан намояд. Рӯзи аввал Елтсин қотеона гуфт: «Танҳо каси ноқисулақл аз бунёди ин гуна иншооти пурманфиат худдорӣ мекунад», вале рӯзи дигар фикрашро дигар кард. Ҳамин тавр, вобаста ба бунёди «Роғун» дудилагиҳо ба миён оварда шуд, ки ба назари таҳлилгарон дар ин моҷароҳо, бо сабабҳои хос ва ҳадафмандона, роҳбарони бархе аз ҷумҳуриҳои умумииттифоқ меистоданд.

Дертар, Иттиҳоди Шуравӣ аз байн рафт ва гӯё бунёди «Роғун» ба орзуву афсона табдил ёфт. Пас аз он ки Тоҷикистонро ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ фаро гирифт, дигар касе дар бораи ин Неругоҳ фикр намекард. «Бар замми ин, моҳи майи соли 1993, дар натиҷаи як обхезии шадид, сарбанди нотамоми Неругоҳ шуста шуд ва аксари иншооти зеризаминӣ, аз ҷумла толори мошинҳо ва трансформаторҳо аз лойқа ва сангу шағал пур шуд»,- гуфтааст Н. Ёдгорӣ он рӯзҳоро ба хотир оварда.

Ба мавзуи сохтмони «Роғун» дар Тоҷикистон пас аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва ба сарварӣ омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргаштанд…

Ибтидои солҳои 2000-ум, ки ба муно­қишаҳои дохилӣ амалан нуқта гузошта шуд, масоили калидии иқтисодиву иҷтимоӣ ҳам мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин байн сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бегуфтугӯ авлавият дошт.

Пас аз интихоботи президентии соли 2006 сохтмони Неругоҳи «Роғун» барои Сарвари давлат мавзуи калидӣ шуд. Аз ҳамин ҷост, ки дар ин муддат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расидан ба истиқлолияти энергетикиро дар қатори вазифаҳои аввалин ва ҳадафи муҳими стратегӣ дар ҳафт соли наздик маънидод сохтанд: «Мо дар таъмини пурраи эҳтиёҷоти Тоҷикистон бо неруи барқ, ғайр аз сохтмони НБО «Роғун», роҳи дигар надорем»…

31-уми августи соли 2007 бо мақсади тезондани сохтмону мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Неругоҳи барқи обии «Роғун» қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» ба имзо расид. Баъди ин дар бунёди Неругоҳ марҳалаи хеле муҳим ва ҳалкунанда оғоз ёфт.

Нуқтаи авҷ дар сохтмони НБО «Роғун» Муроҷиатномаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар аз 5-уми январи соли 2010 гардид. «Ин Неругоҳро на қудрату сарват, балки нангу номус бунёд месозад». Хулосаи қотеона ба ин шакл буд: «Мо ин иншоотро, ки чун Кохи орзуи ҳафтсаду ҳафтод пуштамон аст, дар рӯйи тахтапушт бо нохуну дандонамон месозем!».

 

Ин даъват халқро ба ҷунбиш овард. Онҳо дар атрофи Сарвари худ ҷамъ шуданд ва омодагии амалии худро барои сохтмони «Роғун» эълон намуданд. Хосса, вақте мардум навбат истода, аз ҳисоби пасандози худ саҳмияҳои ин Неругоҳро харидорӣ карданд, душманони «Роғун» дам фурӯ бастанд.

29-уми октябри соли 2016 бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди сарбанди НБО «Роғун» оғоз гардид. Ҳамон рӯз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паси чанбараки булдозер нишаста, расо яку ним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои рӯди Вахшро бастанд ва ба бунёди сарбанди ин Неругоҳи азим ҳусни оғоз бахшиданд. Акнун дар майдони заҳмати ин сохтмони пурмуъҷиза тоҷику ӯзбек, русу доғистониву эрониву итолиёвӣ ва намояндагони дигар миллатҳо паҳлуи ҳам ба заҳмат пардохтанд. Сарфи назар аз монеасозиҳои сунъӣ, Бонки ҷаҳонӣ дурусту безарар будани НБО «Роғун»-ро собит намуд. Бузургтарин созмони байналмилалӣ – Созмони Милали Муттаҳид ба ин Неругоҳи мазкур назари мусбат ироа дошт.

Баъдан 16-уми ноябри соли 2018 ва 9-уми сентябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросимҳои ба кор даровардани чархҳои якум ва дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба шаҳри Роғун ташриф оварданд. Хурсандии сохтмончиён, муҳандисон ва мардуми тоҷикро ҳадду канор набуд. Он рӯзҳо барои иштирок дар ин рӯйдоди таърихӣ намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Италия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Беларус, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, дигар давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ дар ин маросими бошукӯҳ ҳузур доштанд.

Ҳамин тавр, ҳар як боздиди Сарвари давлат аз ҷараёни корҳо дар Неругоҳ боиси руҳбаландӣ ва авҷи тозаи фаъолияти кормандону мутахассисони иншоот мегардад. Ба ин васила, кормандону мутахассисон ва роҳбарони НБО «Роғун» комилан эътимод мебанданд, ки пуштибону ҷонибдорони зиёд доранд ва ҳар як дастоварди меҳнатиашон боиси сарфарозиву ифтихори миллионҳо ҳамватанон хоҳад шуд. Бинобар ин, бо масъулият ва ҳисси баланди ватандорӣ шабонарӯз заҳмат мекашанд, то нақшаҳои кориашонро бо сифати баланд сомон диҳанд.

 

Аз ҳама муҳимаш, сохтмон ва ба истифода додани ду чархи Неругоҳ собит намуд, ки миллати тоҷик зери роҳбарии Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳама кору пайкор қодир мебошад. Аз ин ҷост, ки ҳама дӯстони Тоҷикистон дар ақсои олам мегӯянд: «Роғун» ва Эмомалӣ Раҳмон ҳаммаъноянд.

 ОДИНАЗОДА Шоҳона Сулаймон

 

 

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон