БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Давлатдории навини тоҷикон

Сиёсат / Слайдер

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатдории навини тоҷикон дар Қасри Арбоб асос гузошт

 

  Давлатдории нави тоҷикон аз Қасри Арбоб, аз Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чеҳраи нави сиёсӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба майдон овард, оғоз ёфт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -- Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаи интихоб гардиданаш ба вазифаи Раиси Шурои Олӣ бо суханони созанда ва минбаъд амалҳои бунёдкоронаи беназирашон ба нафъи миллату давлати тоҷикон ҳамчун меъмори кохи бузурги сулҳ на танҳо дар дохили кишвар, балки миёни сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ мавқеъ пайдо намуданд.

 

Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанди бостонӣ рӯйдоди тақдирсозе буд, ки давлату миллати тоҷикро аз вартаи буҳронӣ раҳо сохта, тамомияти арзии кишвар, ваҳдати миллӣ, сулҳи бардавом ва бунёди давлатдории тоҷиконро таъмин намуд. Истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ муҳимтарин омиле буд, ки соҳибистиқлолӣ ва ҳувияти кишварамонро ҳамчун давлати миллӣ ва пояҳои давлатсозии миллиро устувор сохт.

 Тоҷикистон бо чеҳраи хоси фарҳангии худ ба ҳайси давлати миллӣ ба арсаи муносиботи байналхалқӣ ворид гардида, бо инкишофи ботадриҷи иқтисодию иҷтимоӣ қадам ба қадам ба сӯйи рушд ва бунёди давлати дунявӣ ва ҳуқуқбунёд гом мебардорад.Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва таърихи сулҳофаринӣ барои мамолики дигари даргири ихтилофҳои дохилӣ намунаи ибрат буда, бесабаб нест, сиёсатмадорони бузурги ҷаҳонӣ ба нақши Тоҷикистон ва Сарвари он Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи сулҳофаринӣ баҳои баланд доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бе муболиға яке аз шахсиятҳои бузурги таърихи халқи тоҷик маҳсуб меёбад, ки аз марзи шахсияти миллӣ берун баромада, чун шахсияти сатҳи байналмилалӣ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намуданд.

Ба арсаи сиёсат омадани чеҳраи наву ҷавон дар таърихи навини халқи тоҷик падидаи нодир буд.Чун ватанпарасте дар шароити душвор ба майдон омаду дар гирудори ҳаводиси мураккаб обутоб ёфт ва бо заҳмату талошҳои зиёд зиндагии амну осоишта ва ҳаёти шоистаро дар Тоҷикистон таъмин намуда, аз ҷониби мардуми кишвар ба ҳайси Пешвои миллат эътироф гардиданд.

Вақте сухан аз истиқрори сулҳу субот ва ваҳдат меравад, омилҳоеро ном бурдан зарур аст, ки дар истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ ва раванди созандагию бунёдкорӣ нақши ҳалкунанда бозиданд. Яке омили шахсият буда, мақоми шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди барқарорсозии сулҳ ва мусолиҳаи миллӣ баробар ба ду омили дар зер номбаршуда баробар нақши ҳалкунанда бозидаанд.

Дигаре омили айнӣ аст, ки ба иродаи халқи тоҷик ва табиати сулҳофаринии ӯ иртиботи мустақим дошта, Роҳбари оқилу фарзона дар такя ба хиради азалии халқи тоҷик сиёсати оштии миллӣ, сулҳу созандагиро пайгирона ҷонибдорӣ намуданд

 

Ҳамчунин, омили байналмилалӣ аст, ки ба сиёсати сулҳҷӯёнаи мамлакатҳое вобастагӣ дошт, ки дар барқарор намудани сулҳ дар сарзамини тоҷикон манфиатдор буданд ва ҳар кадоме аз ин кишварҳо дар истиқрор ва бебозгашт намудани сулҳ саҳми арзандае гузоштанд. Мусаллам аст, ки шахсият дар раванди мураккаб ва тақдирсози сиёсӣ масъулияти бузурге бар дӯш дорад. Комёбӣ дар раванди сиёсӣ аз бисёр ҷиҳат ба кордонӣ, мулоҳизакорӣ, дилсӯзӣ, фарҳанги сиёсӣ ва кору амали шахсият вобаста аст.Зуҳури лидери умумимиллӣ ба тафаккури миллӣ ва ифтихороти миллӣ иртибот дорад. Зеро ифтихори миллӣ, ки дар муҳаббат ба Ватан ва таъриху фарҳанги он зоҳир мегардад, дар даврони соҳибистиқлол гардидани кишвар инкишоф ёфт ва барои рушди тафаккури умумимиллӣ дар ҷомеа заминаи устувор ба вуҷуд омад. Тафаккури умумимиллӣ метавонад, лидери умумимиллӣ тарбия намояду лидери умумимиллӣ дар навбати худ шахсияти байналмилалист. Бо боварии том гуфта метавонем, ки Эмомалӣ Раҳмон Сарвари умумимиллии Тоҷикистон маҳсуб гардида, аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа, намояндагони халқу миллатҳои сокинони Тоҷикистон, аъзо ва ҷонибдорони созмону аҳзоби мухталифи сиёсӣ эътироф гардидааст ва дар сатҳи байналмилалӣ соҳиби обрӯю нуфузи баланд мебошанд.

Ибрати шахсӣ, ҳусни ният, масъулиятшиносӣ, муқаддас шинохтани манофеи давлату миллат, тафаккури умумимиллӣ, пойбанди арзишҳои демократӣ, эътирофи ғояҳои гуногуни сиёсӣ ва гуногунандешӣ дар ҷомеа, ки дар амали Эмомалӣ Раҳмон зоҳир мегардиданд, ба руҳия ва тафаккури собиқ мухолифин низ таъсир расонда, раҳнамои ҷомеаи имрӯз мебошанд.

Истиқрор ва таҳкими ваҳдати миллӣ самтҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакатро фаро гирифт ва барои кишвару шаҳрвандон фазои мусоиди рушд фароҳам оварда, неруҳои ватанпараст дар асоси ғояи миллии созанда дар атрофи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуданд.

Бунёди шоҳроҳҳои замонавӣ на танҳо раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсиониро таъмин гардонда, дар рушди иқтисодии минтақаҳо нақши бузург бозид, балки ба ҳамгироии минтақаҳои кишвар ва рушди шуур ва ҷаҳонбинии миллӣ мусоидат намуд. Дар Тоҷикистон барои инкишофи фарҳангии тамоми қавму халқҳо, пайравони кулли адёну мазоҳиби мамлакат дар иҷрои расму оинҳои диниашон шароити мусоид фароҳам оварда шуда, ҳама чун шаҳрвандони баробарҳуқуқ дар рушди Тоҷикистони азиз саҳми худро мегузоранд.

Имруз тоҷикистониён дар фазои сулҳу оромӣ ба меҳнати бунёдкорона машғуланд ва итминони комил доранд, ки ҳеҷ неруи бадхоҳе ба оромӣ ва сулҳу суботи кишвар осебе расонда наметавонад.

Дар истиқрори субот ва рушди муътадили мамлакат Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси шахсияти маъруфи давраи ҷадиди таърихи халқи тоҷик, лидери эътирофшудаи умумимиллӣ ва ходими намоёни сиёсати байналмилалӣ нақши бузурги созандагиро баҳри ояндаи неки кишвар бар дӯш дошта, сокинони Тоҷикистонро дар атрофи худ муттаҳид карда, ба меҳнати бунёдкорона барои ободии Ватан раҳнамо аст.Таҳти роҳбарии эшон дар мамлакат барномаҳои азими иқтисодию иҷтимоӣ амалӣ гаштанд. Дар Тоҷикистон давлати миллии иҷтимоӣ бунёд гардид, ки аз пуштибонии васеи мардум бархӯрдор аст.

Барои рушди босуботи иқтисоди миллӣ замина ва шароити мусоид ба вуҷуд омада, баҳри боло бурдани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуданд. Ҳадафҳои стратегии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат муайян гардида, дар ин замина корҳои бузурге дар самтҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ва ба кишвари саноатӣ табдил додани Тоҷикистон бисёр корҳо анҷом дода шуданд ва иҷрои нақшаҳои зиёд дар пешанд.

Сокинони ВМКБ аз сафари кории навбатии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳоми тоза гирифта, шоҳиди мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаҳои нави саноатӣ, хонаҳои истиқоматии баландошёна, иншооти соҳаи маориф, фарҳанг ва иҷтимоӣ гардиданд. Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар намоиши фарҳангӣ ба ифтихори 33-юм солгарди Истиқлоли давлатӣ, ки дар Хоруғ баргузор шуд, фармуданд: «Мардуми ВМКБ дар таҳкими истиқлол ва иқтидори иқтисодии Тоҷикистон саҳми бузург мегузоранд ва ҳар як фарди ин сарзамин ифтихор аз Ватани ҷоноҷони худ дорад».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бешубҳа чун шахсияти ҷаҳонӣ ва Лидери умумимиллӣ кафили иттиҳод, якпорчагӣ ва ҳамраъйии ҷомеаи Тоҷикистон ва рушди босуботи мамлакат дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳон ва вазъи мураккаби байналмилалӣ мебошанд, ки рисолати худро шарафмандона пеш мебаранд.

Назрӣ ОФАРИДАЕВ,доктори илмҳои филологӣ, сарходими илмии Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи Баҳодур Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон