БОЙГОНӢ

«    Апрел 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Наврӯзи мо

Сиёсат / Слайдер

Ин Ҷашни бостонии ҷаҳонӣ ба мардуми дунё паёмҳое дорад, кишинохти тоҷику Тоҷикистонро осонтар мегардонад.

Наврӯз аз зумраи он арзишҳои нодири фарҳангист, ки аз умқи таърих сарчашма гирифта, то ба имрӯз бо тамоми ҷалолу асолати худ побарҷо мондааст. Ин ҷашни фархунда на танҳо оғози соли нави аҷдодӣ ва эҳёи табиат, балки таҷассумгари эҳёи рӯҳу равон, андеша ва ормонҳои неки инсон низ ҳаст.

Барои миллати тамаддунофари тоҷик Наврӯз бештар аз як оин, бештар аз як санаи тақвимист, балки он рамзи ҳувият, худшиносӣ ва пайванди наслҳо мебошад.

 

Бо фарорасии баҳор табиат ҷомаи нав ба бар мекунад, замин аз хоби фасли сармо бедор мешавад ва инсон низ бо умеди тоза ба фардо менигарад. Маҳз ҳамин ҳамоҳангии инсон ва табиат Наврӯзро ҷашни зиндаи маънавӣ мегардонад.

Дар фарҳанги мо Наврӯз оини покизагӣ, созандагӣ ва инсонгароист. Пеш аз фаро расидани он мардум хонаю кошона, кӯчаю маҳалро поккорӣ, кинаҳоро аз дил мезудоянд, бо нияти нек ба истиқболи соли нав мераванд. Ин ҳама рамзи оғози тоза ва зиндагии нав аст.

Суннатҳои Наврӯз, ки аз ниёгон ба мерос мондаанд, ҳар кадом маънии амиқи ахлоқиву иҷтимоӣ доранд. Оростани хони «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин» рамзи фаровонӣ ва баракат, сабзондани гандум нишонаи рушду эҳё, пухтани суманак таҷассумгари сабру таҳаммул ва ҳамбастагии занон мебошад.

Зимнан, бонувони тоҷик дар ин ҷашн нақши муассир доранд, зеро бидуни баҳс зан нигаҳбони анъанаҳо, тарғибгари арзишҳои хонаводагӣ ва муаррифгари фарҳанги миллӣ аст. Аз ҷониби дигар, Наврӯз барои бонувон на танҳо айёми шодиву нишот, балки фурсати намоиши ҳунару истеъдод, меҳру самимият ва фарҳанги баланди рӯзгордорӣ мебошад.

Хурсандиовар аст, ки мақому мартабаи Наврӯзи мо имрӯз аз доираи як ҷашни миллӣ фаротар рафтааст. Бо талошҳои пайгиронаи Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарварони дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ниҳоят ин оини бостонӣ мақоми байналмилалӣ касб намуд. Санади Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Рӯзи байналмилалии Наврӯз собит сохт, ки ин ҷашн арзишҳои умумибашариро соҳиб буда, сулҳ, таҳаммулгароӣ, дӯстӣ ва ҳамзистии осоиштаро тарғиб менамояд.Эътирофи ҷаҳонии Наврӯз мояи ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист.

Воқеан, бо ташаббуси кишварҳои минтақа, хосса Тоҷикистон, тасмим гирифта шуд, ки Наврӯз ҳамасола ба таври муштарак дар яке аз давлатҳои ҳавза таҷлил гардад. Ин иқдом ба таҳкими робитаҳои фарҳангиву сиёсӣ ва густариши ҳамкориҳо мусоидат мекард, ба минбари мулоқоти роҳбарони давлатҳо табдил ёфт. Аввалин давраи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ соли 2011 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, ки дар он сарварони давлатҳои Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ироқ, инчунин, вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон ва муовини нахуствазири Туркия ширкат варзиданд.

Соли 2012 шаҳри Душанбе мизбони Наврӯзи байналмилалӣ шуд. Соли 2013 ин ҳамоиши сатҳи баланд дар Туркманистон доир гардид. Бо вуҷуди вазъи ҳассоси амниятӣ соли 2014 Кобул низ мизбони ҷашни байналмилалии Наврӯз буд, ки дар он ҳудуди 700 нафар роҳбарони маҳаллии Афғонистон ва намояндагони воломақоми 11 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Эрон, Ироқ, Покистон, Тоҷикистон ва Озарбойҷон иштирок намуданд.

Ин ҳама гувоҳи он аст, ки Наврӯз ҳатто дар шароити печидаи сиёсиву амниятӣ низ тавонист нақши ҳамоишгар ва таҳкимбахши муколамаи минтақавиро иҷро намояд.

Ҳарчанд дар марҳалаи муайян ин анъана бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла шояд бо таъсирҳои беруна, баргузор нагардид, аммо рӯҳи ҳамгироии Наврӯз ҳаргиз аз миён нарафт.

Хурсандиовар аст, ки маҳз бо ибтикори хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин анъана дубора эҳё гашт. Соли гузашта шаҳри Хуҷанд ба маркази Наврӯзи муштараки кишварҳои Осиёи Миёна табдил ёфт. Дар фазои тантанавӣ ва дӯстона роҳбарони давлатҳои ҳамсоя гирд омаданд ва паёми ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро ба ҷаҳониён расонданд.

Муҳимтар аз ҳама, дар доираи ин ҳамоиш миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон санадҳои муҳими ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки ба таҳкими эътимод ва густариши муносибатҳои неки ҳамсоягӣ замина гузоштанд. Ин рӯйдод бори дигар исбот намуд, ки Наврӯз танҳо ҷашни фарҳангӣ набуда, он минбари муколамаи сиёсӣ, василаи таҳкими сулҳу субот ва омили сарҷамъии мардум аст.

Имсол дар назар аст, ки Наврӯзи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардад. Ин идомаи мантиқии равандест, ки ба таҳкими дӯстӣ, ҳамгироӣ ва суботи минтақа равона шудааст. Яъне, дар шароите ки ҷаҳони муосир бо буҳронҳои сиёсиву иқтисодӣ, ихтилофҳо ва нооромӣ рӯ ба рӯст, аҳамияти ҷашнҳое чун Наврӯз боз ҳам бештар мегардад. Ин оини бостонӣ моро ба ҳам меорад, ба гуфтугӯ, ба таҳаммул ва ба эҳтироми арзишҳои муштарак даъват мекунад.

Ин равиш баёнгари фалсафаи хоси Наврӯз аст: пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, некиву меҳр бар адоват…

Барои ҷомеаи Тоҷикистон Наврӯз, инчунин, рамзи ваҳдати миллӣ ва пойдории давлатдорист. Бо талошҳои пайвастаи роҳбарияти кишвар ва пуштибонии мардуми сарбаланд, ҷашни Наврӯз ба омили муҳими муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Имрӯз Наврӯз Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳдӯст, ташаббускор ва ҳомии арзишҳои башардӯстона муаррифӣ мекунад.

Мо, кормандони маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», бар ин боварем, ки рисолати Наврӯз, пеш аз ҳама, рисолати тарбияи маънавист. Он моро ба эҳтироми модар, ба гиромидошти зан ҳамчун рамзи зиндагӣ ва офарандаи ҳаёт раҳнамун месозад. Фаромӯш набояд кард, ки зан дар фалсафаи Наврӯз ҳамрадифи баҳор аст. Яъне, офаранда, эҳёгар ва бахшандаи меҳру гармӣ.

Бигзор Наврӯзи имсола дар ҳар хонадон файзу баракат оварад, дар дилҳо умеди тоза бедор созад ва дар ҷомеаи мо фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдатро таҳким бахшад.

Наврӯз муборак, ҳамватанони азиз! Бигзор баҳори нав оғози марҳалаи тозаи созандагиву пешрафт барои Тоҷикистони маҳбубамон бошад.

                                                                  ОДИНАЗОДА Шоҳона Сулаймон

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_03_2026_small.pdf [3.66 Mb] (зеркашиҳо: 0)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон