Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Назокати табобат
ТандурустӣНомаш дар ҳуҷҷатҳо Назокат бошад ҳам, қиблагоҳӣ бо самимият Сабоҳат унвонаш мегирифт. Шояд ба он хотир, ки аввалин духтар баъди писар, нишонаи муҳаббат буду ҷигарбандаш. Духтари дигариро Латофат ном ниҳодаву Муҳаббат фарёд мекард. Ин ду дурдонаи садафи ҷонашро бо ин номҳои шоирона аз ҷон бештар дӯст медошт.Марг амон намедоду дар сари бистари беморӣ ду духтари наврасашро хонд. Дастони онҳоро бӯсида, ба бародари бузургашон – Абдуназар супурд ва васият кард, ки то ҳастӣ, ғамхори онҳо бош.

Сабоҳату Латофат зери боли муҳаббати бародар бузург шуданд. Ҳар ду ҳам бо орзуву ормонҳои нек аз шаҳраки Ғончӣ ба Душанбе пайи таҳсил омаданд. Яке табиби ҳозиқи кӯдакон шудаву ба зодгоҳ баргашт, дигаре шоиру нависандаи номвар гардида, муқими пойтахт монд.
Сабоҳат замоне табиби кӯдакон шуд, ки ноҳияи дурдасти Ғончӣ (ҳоло Деваштич) ба соҳибони чунин пешаи нозук ниёзи шадид дошт. То он замон аз худи ноҳия танҳо Хурсанд Саъдуллоева мутахассиси маҳаллӣ буду дигар табибони ин соҳа аз шаҳру ноҳияҳои гирду атрофи вилояти Суғд ҷалб шуда буданд. Ин аст, ки бо омадани бону Сабоҳат ба бемористони марказии ноҳия боз пизишке дар ин соҳа афзуд, ҳаёт ва тандурустии садҳо кӯдаки ин диёр пос дошта шуд.
Бар замми ин, охири солҳои шастуми асри ХХ ҳанӯз мардум намедонистанд, ки кӯдакони ба сухан надаромада, барои чӣ ғаш мекунанд, мегирянд, шабҳо намехобанд, бемориҳои мавсимӣ кадомҳоянд, бемориҳои кӯдак аз нотобиҳои калонсолон бо чиҳо фарқ мекунанд?
Ҳоло ин табиби исавиҳуш баъди шаст соли корӣ давлати пирӣ меронаду дар остонаи ҳаштодсолагист. Ҳанӯз ҳам пиру ҷавон тифлакони маъсуми дардкашидаи худро ба даргоҳи ӯ меоранд, маслиҳату машварати хуҷастаи варо ғанимат медонанд. Телефони дастии ӯ ҳар лаҳза садо медиҳад, ба нармӣ посух мегӯяд: «Фалон дармон, дору, ҳабро хӯронед ё ин малҳамро молед, Худо хоҳад, хуб мешавад». Мардуми доно огоҳанд, ки ҷавони навкор хато мекунаду пири кор бо як дидан мефаҳмад, ки муаммо дар куҷост.
Дар ин шаст сол дар ин маҳал шояд касе нест, ки фарзанду набераашро ба пеши бону Сабоҳат овардаву баракат наёфта бошад. Онҳое, ки дар яксолагӣ гирифтори нотобӣ шудаву аз дасти ин пизишки номӣ тобу тавон ёфтаанд, ҳоло шастсолаанд. Хабар ҳам надоранд, ки замоне маҳз Сабоҳат ҷони онҳоро аз ранҷу азоб харидааст. Аммо барои қаҳрамони мо ин муҳим нест, муҳим он аст, ки насли нави миллати ӯ тандуруст бошад. Ин маъниро хоҳари табиб, нависандаи маҳбуби адабиёти тоҷик Латофат Кенҷаева дар китоби Ману ту аҷиб бозгӯ намуда: «Ҳанӯзам дастони ту шифобахшу шифоҷӯ ва барфи мӯйи сафеди туро ҳикояҳоест бешумор… Ҳикояти сипос ва муҳаббати мардум ба табиби се авлод, ба ҳабиби наҷотгар, ки умри хеш ба ҳифзи солимии кӯдак ҳадия карду медонад, кӯдаки солим ҷомеаи солим аст».
Сарнавишт ҳамсуҳбати моро санҷид. Санҷиши ӯ ҷонгудоз буд, ӯро аз ҷуфти якумрааш барвақт маҳрум намуд. На танҳо зиндагӣ бо он ҳама рангорангӣ, балки хешу табор ва дӯсту душман интизор буданд, ки Сабоҳати табиб дигар ба худ намеояд, вале вай мазмуни умрро дар бахти фарзандон ва пешаи дӯстдоштааш дид. Ҳар бор ба тифле дари умед боз мекард, ба зиндагӣ бармегардонд, гӯё ёри хешро зинда медид. Муҳаббаташро модарвор тақсими кӯдакони диёр мекард. Ҳар қадар ба дигарон некӣ мекард, ҳамон қадар дардаш коҳиш ёфтаву оромиши ботиниро дармеёфт.
Писарону духтарони Сабоҳат Кенҷаева – Замира, Зафар, Анвар ва Нигина ҳама соҳиби маълумоти олӣ буда, дар соҳаҳои гуногун хидмат ба ҷо меоранд. Як умр пайи табобати мардум бошад ҳам, ҳаргиз дағдаға накардааст, аз унвону ҷоизаҳои соҳавӣ чизе надорад, касе пешниҳод накардаву худаш ҳам дар ин андеша нест… Чӣ хуш мебуд, ки масъулони ноҳияи Деваштич ба ифтихори ҳаштодумин баҳори умри Сабоҳат Кенҷаева, моми бузург, табиби исавиҳуш як маҳфили хоксорона доир менамуданд. Аз хидматҳояш ёд мекарданд, то барои табибони ҷавон рӯзгору корномаи вай намунаи ибрат мебуд.
Аз чеҳраи нуронӣ, аз ожангҳои рӯй, аз сапедиҳои мӯй, аз дастони шифобахши ин модару табиби нозанин барои худ дарси одамият мегирифтанд ва медонистанд, ки пизишк будан, танҳо дармону дору, ташхису таҳлил нест, балки муҳаббат варзидан ба бани башар аст, меҳр бахшидан ба ҷони ранҷурон аст, табассуму суханҳои нармро шаддаи марҷони бемор намудан аст…
Бузургмеҳр САЛИМЗОДА
Мубодила:
Шарҳҳо










