Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Бо пайроҳаи падар
ТандурустӣБо ҷамоли нозанину бо дили пурорзу ҳанӯз духтараки нозпарвареро мемонад, ки ба қавле аз сад гул як гулаш нашкуфтаву дар бӯстони зиндагӣ накҳати хос дорад. Гулҷаҳон ном дорад ин гулдухтари афсонавӣ, ки дар оғӯши муҳаббати зодмандонаш бехабар аз ташвиши дунё кӯдакии хуррам дошт. Падараш дилшиноси маъруф Сайҳомид Маҳмадалиев ба хотири ояндаи фарзандон аз Кӯлоб ба шаҳри Душанбе омад, то барои саводноку соҳибмаълумот шудани онҳо мусоидат кунад. Табиби ҳозиқ, ки буд, дар пойтахт низ соҳиби ному мақоми нек гардид.
Ба падарам, ба либоси сафеди эшон, ба тарзи муомилаашон бо беморон, ки баъд аз соати корӣ ё дар рӯзҳои истироҳат ба суроғашон хона меомаданд, умуман ба тамоми кору рафторашон аз хурдӣ бо ҳавас менигаристам. Аммо бахилоф ҳамеша мегуфтанд, ки ҳар касберо, ки мехоҳӣ, бихоҳ, ба ғайр аз духтурӣ. Лек меҳри касби падар дар дилам шуъла меафканду бештар ба омӯзиши фанҳои табиӣ майл доштам. То охирин лаҳзаи ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуданам, падарам зид буданд,- ба ёд меорад Гулҷаҳон.
Дар роҳи расидан ба орзуи духтурӣ Гулҷаҳонро модари ғамхораш роҳнамоӣ кардааст. Апаи Бозоргул Мараимова, ки духтараки батамкину аълохон ва дидадаро буду орзуи табиб шуданро дар дил мепарварид, ҳанӯз мактаби миёнаро хатм накарда, хостгорони зиёд дошт. Волидонаш номзадии донишҷӯи курси чори риштаи тиббиро ба ӯ баргузиданд, ки шояд барои идомаи таҳсилаш мусоидат намояд. Аммо сарнавишт ҷоизаи дигаре ба ӯ ҳадия намуд, ки маънои ҳастӣ ва ширинтарин неъмати зиндагиаш гашт. Ва ин ҷоиза маҳз Гулҷаҳон буд. Дар оиладорӣ, ҳарчанд зиндагии зебову хуррамро офариду рӯзгори хушро сомон бахшид, ормони дил, яъне табиб шуданро мехост дар фарзандон бишканад. Аз байни ҳафт фарзанд ду духтари дилбандаш хоҳиши модарро пазируфт.
Ҳарчанд қиблагоҳ аввал зидди духтур шудани мо буданд, ниҳоят дуо доданд. Дар рафти таҳсил ба қадри суханони падар расидам, ки мегуфтанд: «Духтур шудан осон нест». Аммо интихоби худам, ки буд, аз душвориву бехобиҳо натарсида, дам аз пушаймонӣ назада, бештар мехондам ва Донишгоҳро бо сари баланд хатм намудам. Мехостам духтури дилшинос бошам, вале бо пешниҳоди падар равияи эндокринологияро интихоб намудам. Ин бор натавонистам аз гапашон берун оям,- иброз медорад бо табассум Гулҷаҳон.
Баъд аз хатми интернатураву орденатураи клиникӣ соли 2016 дар Маркази саломатии шаҳрии №1-уми ба номи Карим Ахмедов ҳамчун табиб-эндокринолог ба фаъолият оғоз намуд. Табиби ҷавон аз таҷрибаи духтурони варзидаи ин маркази дармонбахш беҳтарин шеваҳоро аз худ карда, бо донишу малакаи хоси муошират бо беморон зуд дар байни ҳамкасбон мақоми хешро ёфт.
Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ густариши бемориҳои эндокринологӣ имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, ки маъмултарини онҳо бемориҳои ҷоғар ва диабети қанд мебошанд. Ҳарчанд доруҳои дармонбахш, техникаҳои ёрирасони тиббӣ ва тавсияҳои пешгирӣ аз беморӣ дастраси ҳамагон бошад ҳам, рӯз аз рӯз гирифторӣ ба ин бемориҳо дар ҳолати афзоиш аст. Таҳқиқотҳо нишон додаанд, ки занон панҷ маротиба бештар аз мардон ба ин бемориҳо мубталоянд.
Шумораи гирифторони бемориҳои дарунӣ дар байни занон нисбатан бештар аст. Паҳншудатарини он, бемории ғадуди сипаршакл аст, ки махсусан ба духтаракон хатари ҷиддӣ дорад ва маъмултарини он ҷоғар аст. Аз сабаби пешгирӣ ва муолиҷа накардани бемории ҷоғар аксари арӯсаконро бефарзандӣ ташвиш медиҳад. Ба ин гуна беморон муносибати махсус зарур аст, зеро онҳо на фақат аз ҷоғар, балки аз бефарзандӣ, гум шудани иштиҳо, ларзиши мушакҳо, хастагӣ, фаромӯшхотирӣ, стресс ва афсурдахотирӣ низ азият мебинанд. Андаке дуруштмуомилагӣ ва хунукназарӣ метавонад дар онҳо бемории диабети қандро низ барангезад.
Зиёданд ҳолатҳое, ки баъд аз гузаштани ду-се давраи табобат оилаҳои ҷавон соҳиби фарзанд мешаванду сипос мегӯянд, ки аз ин болидаруҳ мешавем ва ба онҳо тарзи истифодаи дурусти ғизо ва муолиҷаи мунтазамро дар давраи ҳомиладорӣ ва пас аз таваллуд низ то муддати ду сол дар давраи лактатсия, яъне синамаконӣ тавсия медиҳем, то фарзанди онҳо дар оянда ба ин беморӣ гирифтор нашавад,- иброз медорад Гулҷаҳонбону.
Ҳамчун табиб вай аз он нигарон аст, ки аксари одамон ба вазъи саломатии худ бепарвоянд. То дард аз ҳад нагузарад, ба духтур муроҷиат намекунанд. Бо доруҳои дардзудо худро таскин бахшида, бо ин амал ба дигар узвҳои худ, махсусан дарунӣ таъсири манфӣ мерасонанд.
Дар таҷрибаи даҳсолаи корӣ хеле кам дидаем одамонеро, ки бо эҳсоси камтарин дард ба духтур муроҷиат намоянд. Ин гурӯҳи одамон нисбат ба дигарон камтар ба бемориҳои гуногун гирифтор мешаванд, зеро ҳамеша ғамхори вуҷуди худ ҳастанд. Махсусан, онҳое, ки мубталои бемории диабети қанд мебошанд, бояд ба саломатии худ диққат диҳанд. Боло рафтани қанди хун ба организм таъсири бад дорад ва шахсро ба бемории системаи дилу рагҳо, сактаи майнаи сар, бемориҳои пӯст, гурда, камшавии нури чашм ва дигар оризаҳо оварда мерасонад:
Интихоби тарзи ҳаёти солим;
Муътадил нигоҳ доштани вазн;
Худдорӣ аз истеъмоли ғизоҳои бирёниву серравған ва шӯру тунд;
Машғул шудан ба фаъолияти ҷисмонӣ ва пиёдагардӣ;
Риоя намудани парҳези фармудашуда;
Саривақт истеъмол кардани доруҳои тавсияшуда;
Даст кашидан аз истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ва тамокукашӣ;
Нигоҳ доштани оромӣ ҳангоми изтиробу ҳаяҷон ва тарсу андуҳ.
Ин ва дигар тавсияҳое, ки барои пешгирӣ аз оқибатҳои ҳалокатбори боло рафтани қанди хун дода мешавад, танҳо вақте таъсири натиҷабахш доранд, ки аз тарафи бемор ба пуррагӣ риоя шаванд.
Гулҷаҳонбону имрӯз дар он ҷойгоҳест, ки дар руъёҳои ширини бачагиаш тасаввур мекард. Аз изҳори сипоси беморон, аз муҳаббати волидон, аз баландии мақоми бонувон дар ҷомеа меболаду бар он умед аст, ки рӯзе мисли зодмандони бофарҳангу бохиради худ фарзандони шоистаро барои ҷомеа тарбия мекунад.
М. НАЗИРОВА