БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Равзанаи мағзи сар

Тандурустӣ

Ҳамарӯза шахсони зиёд ба пизишки чашми Маркази саломатии ноҳияи Рӯшон Илчай Некқадамова муроҷиат мекунанд. Афзоиши муроҷиат ба пизишк зиёдшавии бемории чашм набуда, балки боварӣ ба ӯ ҳамчун яке аз беҳтарин мутахассисон дар вилоят мебошад. Ба назди ӯ ниёзмандони манотиқи гирду атроф барои ташхис меоянд.

Ба гуфтаи пизишк, маъмултарин бемориҳои чашм - гавҳараки чашмро пӯшондани парда (катаракт) ва фишори дохили чашм ё глаукома мебошанд. Бемории гавҳараки чашмро пӯшондани парда бештар дар айёми пиронсолӣ зуҳур намуда, яке аз сабабҳои он аз витаминҳои зарурӣ таъмин набудани ҷисми инсон аст.

Шахсони мубталои касалии қанд ва фишорбаландӣ эҳтимолияти бештари ба бемории катаракт гирифтор шудан доранд. Барангезандаи дигари катаракт рангҳои ултрабунафш маҳсуб меёбанд, ки дар шароити баландкӯҳи Помир таъсирашон ба организми инсон хеле зиёд аст. Махсусан, дар рӯзҳои офтобӣ ва мавриде, ки замин барфпӯш аст, гаштугузор кардану назора намудани муҳити гирду атроф бидуни айнаки сиёҳшиша барои чашмон зараровар мебошанд.Иҷрои корҳои кафшергарӣ бе риоя намудани қоидаҳои муҳофизати чашм низ боиси бемории катаракт мегардад.

Бемории фишори дохили чашм ё глаукома ду намуд дорад: кунҷкушода ва кунҷпӯшида. Дар шароити табиии маҳал бештар глаукомаи кунҷпӯшида, ки ноаён аст, хуруҷ мекунад. Сабаби пайдоиши глаукомаро то ҳол аниқ муайян накардаанд. Ин беморӣ, асосан ирсӣ буда, баъзан бар асари захм бардоштани чашм низ пайдо мешавад. Навъи дигари бемории чашм ҷароҳат бардоштани он аст. Солҳои қаблӣ ба иллати захм дидани чашм дар давоми сол то 34 нафар ба духтурон муроҷиат мекарданд. Он замон ҷиҳати танқисии неруи барқ мардум барои пухтупаз ва гармӣ дар пуштаву ҷангалзор ҳезум тайёр мекарданд ва табиист, ки аксари ҷароҳатҳои захми чашм аз беэҳтиётӣ ҳангоми ҳезумшиканӣ мерасиданд. Хушбахтона, бо беҳбуд ёфтани шароити иҷтимоии сокинон ҳодисаҳои аз захм зарар дидани чашм хеле кам шуданд.

Болозикр чораҳои пешгирии бемориро усули беҳтарин ва муассиртарини табобат мешумораду ташхису табобат ва маслиҳатҳои пизишк дар доираи вақти корӣ маҳдуд намешавад. Аз ӯ дар ҳама ҷо, дар кӯчаву дар хона ва маърака маслиҳат мепурсанду бонуи пизишки инсондӯст ва меҳрубону соҳибтаҷриба ёрии хешро аз хурду бузург дареғ намедорад.

Муоинаи чашм бояд аз овони тифлӣ сурат гирад. Кӯдаконро мавриде, ки боғчаравак ва мактабхон мешаванд, ҳатман аз муоинаи духтури чашм гузарондан лозим аст. Онҳоро аз дучор шудан ба ҳар гуна садама бояд эҳтиёт кард. Ҷойи дарстайёркуниашон бояд роҳат, равшану барҳаво, бо мизу курсии мувофиқ бошад. Агар ҷойи дарстайёркунӣ нимаравшан ё торик бошад, қувваи биноӣ зарар мебинад. Агар курсию миз мавҷуд набошанду фарзандон рӯйи суфа нишаста, дарс тайёр кунанд, боиси иллат дидани сутунмуҳраҳояшон мегардад. Истифодаи айнак барои шахсони наздикбин ба хотири пешгирии заифии қувваи биноии онҳо ҳатмӣ аст. Истифодаи аз ҳад зиёди компютер ва телефони мобилӣ, аз масофаи хеле наздик мутолааи китоб ва тамошои телевизор низ боиси кам гардидани қувваи биноӣ мешаванд.

– Чашмро мутахассисон ойинаи мағзи сар мегӯянд ва набояд роҳ дод, ки ин ойина ғуборолуд ё торик гардад, - баён медорад Илчайбону. - Онҳое, ки фишори чашм доранд, бояд аз 40-солагӣ давра ба давра аз муоинаи духтур гузаранд. Ба василаи доруҳои тавсияшаванда хуруҷи ин бемориҳоро пешгирӣ кардан имкон дорад. Барои муолиҷаи пурра бемориҳои маъмули чашм ба ҷарроҳӣ ниёз доранд. Гузоштани линза дар гавҳараки чашм аз маъмултарин воситаи ислоҳи бемориҳои чашм, аз ҷумла катаракт ва глаукома маҳсуб меёбад. Хушбахтона, шароит фароҳам шудаст, ки айни ҳол мутахассисони соҳибтаҷриба дар беморхонаи вилоятӣ амалиёти ҷарроҳии чашмро бомуваффақият анҷом медиҳанд.

Илчай Некқадамова соли 1986 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро бо ихтисоси духтури чашм тамом карда, аз соли 1987 дар Маркази саломатии ноҳияи Рӯшон фаъолият дорад. Дар риштаи табобати бемориҳои чашм яке аз мутахассисони беҳтарин маҳсуб ёфта, борҳо барои идомаи фаъолият вайро ба шифохонаи вилоятӣ даъват намуданд, аммо Илчай ин таклифро рад намудаст, зеро ба ҷойи кораш, ки дар ин ҷо маҳорату малакаи касбиаш сайқал ёфтаст ва инсонҳои наҷибу заҳматқарини ин диёри зебоманзар, ки қариб ҳар якеашонро мешиносаду дар симояш онҳо на фақат пизишки ҳозиқ, балки хоҳари мушфиқу меҳрубонашонро мебинанд, сахт дил бастааст.

Қариб 40 сол боз ин бонуи хушкор, бодониш ва дорои салиқаи баланди касбӣ дар Маркази саломатии ноҳия ба корафтодагон хизмат мерасонад. Аз донишу таҷрибаи ғанӣ, муоинаи аниқ, тавсияю маслиҳати муфид ва муомилаи неки ин табиби ҳозиқ ҳамарӯза даҳҳо ҳоҷатмандон баҳра бурда, бо қалби лабрез аз миннатдорӣ дуои хайраш мекунанд.

Ш. МИРЗОҶАЛОЛ,

ноҳияи Рӯшон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 11)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон