БОЙГОНӢ
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Пайраҳаи бахт
ҲуқуқДар мавзеи зебо ва хушбоду ҳавои маркази ноҳияи Данғара Қасри ҷумҳуриявии фарҳангӣ қомат афрохтааст, ки диққати дилхоҳ раҳгузарро ҷалб месозад. Қаср бо санъати баланди меъмории миллӣ, босифату хуштарҳ ва бо назардошти талаботи муосир бунёд ёфтааст. Рӯйи деворҳои қаср нақши дасти ҳунармандони асили маҳаллӣ, ки бо усулҳои гаҷкориву ойинабандӣ зебокориҳо кардаанд, дарҷ ёфта, намои берунии он низ бо рангу услуби хоси меъморӣ оро дода шудааст.
Бо назардошти муосиртарин имконот барои фаъолияти ҳамарӯзаи аҳли фарҳанги ноҳия, дар қабати аввали иншооти муҳташам бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Данғара ҷойгир аст, ки роҳбарии онро бонуи заҳматпеша Саёҳат Ҳаётова, иҷрокунандаи вазифаи мудири бахш, ба уҳда дорад.
Саёҳатбону шахсан навхонадоронро барои ба қайди давлатӣ гирифтани ақди никоҳ ба ҳузур пазируфта, оид ба ҷанбаҳои муҳими оиладорӣ, огоҳӣ доштан аз ҳуқуқҳои ҳамдигар ва рукнҳои асосии пойдории оила суҳбатҳо доир менамояд ва бо сад орзуҳои нек онҳоро ба шоҳроҳи саодат мегуселонад.
Дар моддаҳои 33–35 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дарҷ гардидааст. Дар якҷоягӣ бо кормандони бахш миёни издивоҷкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда мешавад, аз ҷумла оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», маърифати оиладорӣ ва ҳуқуқӣ, фарҳанги либоспӯшиву тарғиби либосҳои миллӣ, зеро аксарият ҷавонанду сабаби асосии парокандашавии оилаҳо маҳз маълумоти кофӣ надоштани онҳо аз фарҳанги оиладорӣ аст. Омилҳои дигари аз ҳам ҷудошавии ҳамсарон бефарзандӣ, дахолати шахсони сеюм ба ҳаёти навхонадорон, ҳамдигарнофаҳмӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ғайра мебошанд, - баён дошт Саёҳатбону.
Дар шаш моҳи аввали соли равон дар бахши САҲШ-и ноҳия 553 навхонадорон ба никоҳи давлатӣ сабт шуда, 35 сабти бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст. Ба гуфтаи мудири бахш, пеш аз ба қайд гирифтани ақди никоҳи навхонадорон, ки аксарият 10–15 рӯз қабл барои навиштани ариза гоҳо ҳамроҳи падару модарон муроҷиат менамоянд, суҳбатҳо нокифоя буда, ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон ва ба ҳаёти оилавӣ омода намудани онҳо, пеш аз ҳама, зодмандон бояд саъю талош варзанд.
Саёҳатбону оид ба масъалаи ба ифоқа овардани оилаҳо замоне, ки дар ҷамоат фаъолият мебурд, таҷриба андӯхтааст. Бо маслиҳату машварат ба баҳсҳои оилавӣ хотима бахшида, муросо ва ҳамдигарфаҳмиро миёни онҳо ташвиқу тарғиб менамуд. Тули фаъолият дар бахш, ғайр аз ҳамсароне, ки никоҳи онҳо ба тариқи динӣ қатъ гардидааст, ӯ тавонист ду оиларо аз парокандагӣ боздорад ва онҳоро ба зиндагии осоишта раҳнамун созад.
Дар нимсолаи аввали соли равон кормандони бахш, ҳамчунин, дар якҷоягӣ бо ҷамоатҳо 2740 сабти таваллуди кӯдакони то яксола, 333 сабти таваллуди кӯдакони яксола ва аз он боло, 312 сабти вафот, 553 сабти никоҳи давлатӣ, 35 сабти бекор кардани ақди никоҳ, 483 сабти муқаррар намудани падарӣ, 388 сабти ивази ному насаб, 5 сабти фарзандхондиро ба қайди давлатӣ гирифтаанд, ки ҳамаи ин сабтҳо ба шабакаи ягонаи электронӣ ворид карда шудаанд. Ҳамчунин, дар асоси муроҷиати шаҳрвандон 135 шаҳодатномаи такрорӣ навишта шуда, ба 43 сабт ислоҳ ворид карда шудааст, - афзуд Саёҳатбону.
Дар асоси ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ва МИМҲД-и ноҳия бо мақсади дастгирии оилаҳои ниёзманд ва таъмини кӯдакони онҳо бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият аз тарафи бахш дар арафаи ҷашнҳои миллӣ ба 180 кӯдаки навзод шаҳодатномаи таваллуд ва ба 35 ҷуфт навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ ройгон супурда шуданд. Баробари ин, дар нимсолаи аввали соли 2024 кормандони бахши САҲШ-и ноҳия дар ҳамдастӣ бо намояндагони Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ва раёсати адлияи вилояти Хатлон дар ҷамоатҳо ва деҳаҳои дурдаст САҲШ-и сайёр созмон дода, ба 38 навзод ва кӯдакони аз 1-сола боло, дар маҳалли зисти онҳо шаҳодатномаҳои таваллудро сабт ва ба дасти волидони онҳо супурданд.
Дар ин росто, дар ҳошияи эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» кормандони бахш якҷо бо намояндагони МИМҲД-и ноҳия дар шаҳраку деҳоти атроф як қатор вохӯриҳои судманд анҷом дода, оид ба масъалаҳои мубрами рӯз - танзими ҷашну маросим, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва терроризму экстремизм, тарғиби либосҳои миллӣ ва ғайра баромадҳо намудаанд. Барои тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф кормандони бахш саҳми назаррас дошта, ҳар ҳафта дастаҷамъона ба шанбегӣ мебароянд ва аз покизагии ин гӯшаи диёр ва амали неки худ ифтихор доранд.
Вай баҳраманд аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, ҳамвора насли ҷавонро ба сабру таҳаммул ва худсозиву худогоҳӣ мехонад. Аз таҷрибаҳои андӯхтаи хеш гоҳо ёдрас шуда, аз ҳаёти худ мисолҳои возеҳ меорад.
Саёҳатбону соли 2000-ум Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғараро бо дипломи сурх хатм намуда, ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон) ҳуҷҷат супурд ва онро бомуваффақият поён бурд.
Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2000-ум ҳамчун нозири шуъбаи кадрҳои ҶСК «Торгмаш» оғоз намуда, сипас, сардори шуъбаи кадрҳо таъин шуд. Оила барпо карду дар ноҳияи Темурмалик сокин шуд. Баъдан мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоии МИМҲД-и ноҳияи Темурмалик (соли 2012), сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия (то соли 2015) буд. Баъди ивази ҷойи зист, дар ноҳияи Данғара ҳамчун котиби ҷамоат, иҷрокунандаи вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Корез (то соли 2023) фаъолият намуд. Моҳи феврали соли 2023 ба тариқи гузариш мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳияи Данғара таъин гардид. Аз моҳи марти соли 2024 мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Данғара мебошад.
Ба насли имрӯз – фарзандон, навхонадорон, кормандони ҷавони бахш ёдрас менамоям, ки то ба зинаи роҳбарӣ расидан, заҳмат, сабр ва эҳтироми дигарон мебояд. Шахсан тули 10 сол дар хонаи хушдоман хизмат намуда, ду фарзандро ба дунё овардам ва, ҳамзамон, дар МИМҲД-и ноҳияи Темурмалик фаъолият кардам. Бе шикваву бечоранолӣ аз уҳдаи ҳамаи кор мебаромадам. Эҳтироми хусуру хушдоман, шавҳар ва хешовандонро ба ҷо оварда, бо дуои неки онҳо то ба ин ҷодаҳо сабзидам, - ироа намуд мудир.
Саёҳат Ҳаётова шукргузор аст, ки се фарзандаш имрӯз дар ҳавои амну осоиштаи Ватан дар Гимназияи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара таҳсил доранд. Меболад, ки фарзанди бузургаш мисли модар ба фанни ҳуқуқшиносӣ майл дошта, ду сол пайдарҳам аз озмунҳои ҷумҳуриявӣ медал ба даст меорад. Ӯ хушбахт аст, ки дар ин масир рисолати бузурги модариро низ ба ҷо меорад.
Ситора АШӮРОВА,
Душанбе – Данғара - Душанбе