БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Конститутсия ва нақши он дар таҳкими давлатдории миллӣ

Ҳуқуқ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муҳимтарин санади меъёрии ҳуқуқӣ дар интиҳои садаи ХХ аз ҷониби халқи Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд, вазъи ҳуқуқии мақомоти давлатӣ ва дигар масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятиро муқаррар ва танзим менамояд.

Боиси хушнудист, ки дар натиҷаи қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ ба таври амиқ муайян шуда, роҳи ояндаи давлату давлатдории моро муайян намуданд. Шашуми ноябри соли 2024 аз қабули шаҳодатномаи миллат, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад ва ин сана дар фазои комили сулҳу субот таҷлил мегардад. Ин санаи таърихӣ дар қалби оммаи мардуми тоҷик чун рӯзи эҳёи миллат, баргашт ба давлатдорӣ, шукргузорӣ аз Меҳани аҷдодӣ, худшиносиву худогоҳӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва билохира, рӯзи нахустин Қонуни асосии давлати тозабунёду соҳибистиқлоли тоҷик нақш бастааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд: «Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқуъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. Иштироки фаъо­лонаи шаҳрвандони тамоми ҷумҳурӣ дар ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирӯзии демократия дар Тоҷикистон мебошад».

Шоёни зикр аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 29-соли амали худ унсурҳои муҳими давлатдориро муайян намуда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро ҳамчун арзиши олӣ баҳогузорӣ намуд. Нахустин унсуре, ки мо бояд ба он аҳамият диҳем, ин ифодаи иродаи халқи тоҷик дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар дебочаи Конститутсия ишора мегардад: «Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем». Яъне, нахустин коре, ки мо ба роҳбарӣ гирифтем, ин дарки масъулият мебошад. Зеро, халқи тоҷик аз азал баҳри шинохти ҳуқуқи инсон, арҷ гузоштан ба арзишҳои инсонӣ ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар талош менамуд, ки инро дар мисоли Эъломияи Куруши Кабир, Қонунномаи Сосониён ва даҳҳо санадҳои таърихӣ-ҳуқуқӣ мушоҳида намудан мумкин аст…

Вазифаҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд аз риоя намудани меъёрҳои Конститутсия ва қонунгузории кишвар, эҳтиром намудан ба ҳуқуқ, озодӣ ва шаъну шарафи дигарон, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он, ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, супурдани андоз ва пардохтҳо иборат мебошад, ки моҳияти худро дар моддаҳои 42–45 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо намудаанд.

Конститутсия новобаста аз он ки ҳуҷҷати дорои қувваи олии ҳуқуқӣ мебошад, мавриди тағйир қарор мегирад. Зеро, ҳеҷ як санади меъёрии ҳуқуқӣ хусусияти шахшуда (догма)-ро надорад ва бо тағйир ёфтани муносибатҳо дар ҷомеа онҳо низ тағйир ёфта, ба хотири дуруст ва ба манфиати ҷомеа танзим ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ, худро ба муносибатҳои ҷамъиятӣ мутобиқ менамоянд. Бо ин назардошт, дар муддати 29-соли амали меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба тағйиру иловаҳо бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ солҳои 1999, 2003 ва 2016 ворид шуданд. Дар натиҷаи ин тағйиру иловаҳо дар кишвар парлумони доимоамалкунандаи касбӣ таъсис ёфт, муҳлати ваколатҳои Президент ба ҳафт сол ва муҳлати ваколатҳои судяҳо ба даҳ сол расонда шуд, раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун шакли олии ифодаи бевоситаи ҳокимияти халқ муқаррар гардид, ҳизбҳои сиёсӣ чун унсури низоми сиёсӣ шинохта шуданд, синни 30-солагӣ барои интихоб шудан ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллӣ муқаррар шуд, салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас гардиданд…

Дар шароити зудтағйирёбандаи муносибатҳои байналмилалӣ ва бологузар гардидани манфиати давлатҳои абарқудрат, риоя ва иҷрои меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо имконияти мусоидро ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои давлатдориамон фароҳам оварда, барои бунёди давлати миллӣ заминагузорӣ менамояд. Пояҳои нахустини давлати миллиро мо имрӯз гузоштаем, аммо нигоҳ доштан ва таҳким бахшидани он аз сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва иҷрои меъёрҳои Конститутсия вобаста буда, моро водор менамоянд, ки дар атрофи сиёсати инсонпарварона ва хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, баҳри муаррифии шоистаи Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ камари ҳиммат бандем.

Даврон САФАРЗОДА,

ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон