БОЙГОНӢ

«    Октябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Пошнаҳои тарқишдорро чӣ тавр нигоҳубин мебояд?

Зебоӣ

Пошнаҳои тарқишдор ё худ кафидаи пойҳо аз зумраи мушкилотест, ки ба он зиёда аз 50 дарсади аҳолии ҷаҳон дучор меояд. Пӯсти ноҳамвори пойҳо барои бонувон эҳсоси ногуворро бармеангезад. Бо донистани омилҳои пайдошавии он мушкилотро метавон бо роҳи табобат бартараф кард. Вобаста ба ин мавзуъ бо табиб-дерматологи шуъбаи ташхисӣ-табобатии Муассисаи давлатии Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои пӯст, доктор PjD Савриддин Бозоров суҳбат доир намудем.

Чаро пошнаи пойҳо хушку дурушт шуда, тарқиш пайдо менамоянд?

Пӯсти бадани инсон аз қабатҳои гуногун иборат аст. Пӯст ҳамчун узви алоҳида ҳисобида шуда, иборат аз қабатҳои эпидермис, дерма ва гиподерма ё нақши зери пӯст мебошад. Рахнашавии пӯст, асосан, дар қабати аз ҳама болоии он ба амал меояд. Агар дигар қисми бадани инсон аз чор қабат пӯст иборат бошад, пӯсти пой дорои панҷ қабат аст. Аз ин рӯ, пӯсти пой ба назар ғафстар менамояд. Тарқиши пошнаҳо, аксаран, таҳти таъсири омилҳои беруна ба вуҷуд меояд. Масалан, тағйирёбии ҳаво, намнокии зиёд ё баръакс хушк нигоҳ доштани пойҳо ин ҳолатро ба вуҷуд меоранд. Ва аз ҳама муҳим, вазнинии тамоми баданро пойҳо бар дӯш доранд. Аз ин ҳисоб, пойҳо моил ба кафидан доранд. Таъсири маводи кимиёвӣ, аз қабили алебастру семент ва ғайра низ ба хушкшавӣ ва тарқиши пошнаҳо меорад.

 Дар кадом фасли сол пошнаҳо бештар тарқиш пайдо мекунанд?

Фасли гармо барои пайдошавии чунин ҳолат мусоид аст. Чунки дар ин мавсим мардум бештар пойафзолҳои кушода мепӯшанд, ки ба пӯст бетаъсир нахоҳад буд.

 Аз ирсият метавонад вобаста бошад?

- Бале, нафароне ҳастанд, ки аз ирсият дар онҳо ғафсшавии пӯсти атрофи пошнаҳоро метавон мушоҳида кард. Аз сабабе, ки солҳои зиёд пӯсти ин минтақаи пойҳо ғафс аст, вазни бадан ба он ҷо фишор меорад ва ғафсии аз ҳад зиёд наметавонад ба ин фишор тоб орад. Ба ин тариқ, дар пошнаҳо тарқишҳо пайдо мешаванд. Ва табобати онҳо дигаргуна аст. Дар ҳолатҳои дигар аз псориаз низ ба вуҷуд меояд.

Тарқишҳои пой метавонанд ба ягон беморӣ рабт дошта бошанд?

 Бактерияҳо ва замбурӯғҳо метавонанд якпорчагии қабати берунии пӯстро хароб созанд. Ҳамчунин, намудҳои музмини диабети қанд, вайроншавии кори ғадуди сипаршакл ва норасоии йод, вайрон шудани сис­темаи ҳозима ва кори рӯдаю меъда, бемориҳои гурда ва ҷигар аз омилҳои дигар, боиси вайрон шудани мувозинати обу намак ва пайдо шудани тарқишҳо мебошанд. Пойафзолҳои нодуруст интихобшуда ва пойафзолҳои аз маводи ғайритабиӣ сохташуда, ки ба пошнаҳо фишор меоранд, боиси деформатсияи бофтаҳои нарм, арақкунии зиёд ва паҳншавии бактерияҳои патогенӣ мегарданд.

Тарқиши пошнаҳо метавонад аз норасоии витаминҳо ба вуҷуд ояд?

Бале, аз норасоии витаминҳои А ва Е, ки пӯсти бадани инсонро чандир ва нарм нигоҳ медоранд, чунин ҳолат рух медиҳад. Витаминҳои А ва Е дар таркиби сабзӣ, каду, гӯшт, ҷигар, донагиҳо, лӯбиёгиҳо, тухм, шир, моҳӣ ва чормағз мавҷуд аст.

 Оё кафидани пошнаҳо аз синну сол вобаста аст?

 Оре, бо занҳои аз 45 - 50-сола боло чунин ҳолат бештар рух медиҳад. Вақти муоина мегӯянд, ки қаблан бо чунин мушкилот рӯ ба рӯ нашудаанд. Тағйироте, ки вобаста ба синну сол ва ҳормонҳо рух медиҳад, чандирии пӯст ба амал омада, пошнаи пойҳо дурушт гашта тарқишҳо ба вуҷуд меоянд. Он табобати тулониро мехоҳад. Дар ин ҳолат ба табиби бемориҳои амрози занона муроҷиат намудан зарур аст, то ҳамроҳи табиби дерматолог ин мушкилиро бартараф созад.

Бештар киҳо муроҷиат менамоянд?

- Дар ин мавзуъ то ҳол корҳои илмӣ ва тадқиқе нашудааст, аммо аз таҷрибаи хеш метавон гуфт, ки бештар бонувон бо ин мушкилӣ муроҷиат менамоянд. Баъди ташхисҳо духтури дерматолог табобатро ба роҳ мемонад.

Тарқишҳо чӣ оқибати ногуворро ба бор меоранд?

Тарқиши пошнаҳо зуд калон шуда, боиси дард ва хунравӣ мегардад ва роҳгардиро мушкил месозад. Ин ба ҳолати равонӣ таъсир расонда, асабониятро меафзояд. Ё ин ки метавонад бактерияҳои махсус ворид шуда, он ҷой фасод шавад.

Да хона метавон пошнаҳои кафидаро табобат кард?

- Дар зарф ба миқдори 1,5 - 2 литр оби ширгармро гирифта, ба он каме намак ё содаи ғизоӣ андохта, пойҳоро ба муддати 15 - 20 дақиқа нигоҳ медорему сипас, ба ҷойҳои кафида малҳами мулоимкунанда мемолем.

М. БАЛАҶОНОВА

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон