Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Фотеҳе аз «БЕШКЕНТ-СОЗ»
Аз ҳар бобМеханизатори номвари ноҳияи Носири Хусрав бибии Раҷабгул зиёда аз 55 сол мешавад, ки дар мавсими киштукор паси чанбари техникаҳои гуногуни кишоварзӣ баробари ҷавонмардон заҳмат мекашад. Аниқтараш ӯ аз ангуштшумор бонувонест, ки дар сафи се насли тракторчиёни ин водии ба қавле «хонаи Офтоб» замин шудгор кардаву қаторҳои пахтазорро нарм мекунад ва дар мавсими ҳосилғундорӣ мошини пахтачинӣ меронад.
Аслан, дар ин вақту соат ба гумон аст, ки бибии Раҷабгулро дар хонааш пайдо кунем, - гӯён роҳбалади мо риштаи суҳбатро атрофи корномаи мондагори бонуи механизатор боз намуд. - Ӯ аз зумраи шахсиятҳои намунаи ибрат барои хоса ҷавондухтарон ва мояи ифтихори сокинони ноҳия аст, ки боист дар баробари ҷавонмардон баҳри рушду пешрафтҳои ояндаи як гӯшаи Ватан камари ҳиммат баста бошем.
Дар саргаҳи гузари зисти механизатори машҳур Раҷабгул Сапармуротова хабар ёфтем, ки мухотаби матлаб имрӯз ба кори саҳро набаромадааст. Лаҳзаи ворид аз дарвозаи хонаи хоксоронаи дудмони тракторчиён бонуи бардаме ба истиқболи мо меояд. Шукуфаҳои ожангҳои барзиёд аз ҷӯяҳои Чилучорчашмаи ин диёр, дар чеҳраи солиён аз нури офтоб обутобгирифтаи ӯ ҳусни кору пайкори шоиста ва рӯзу рӯзгорони дар ин ноҳияи навобод паси сар бинмудаашро таҷассум кардааст. Ба ин ҳад бузургсолии хешнигоҳ накарда, чолоктар аз мо дастони бардамашро рӯи дил гузошта, меҳмононро хайра мақдам мегӯяд.
Ӯ аз туркмантаборони ноҳияи Қубодиёни зархез аст, ки соли 1951 дар хонадони тракторчии номдори деҳкадаи «50-солагии Тоҷикистон» ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна издивоҷ намуда, ҳамзамон, ба курси механизатории филиали Омӯзишгоҳи касбии техникии ноҳияи Шаҳритус дохил шуда, сар аз соли 1969 аз баракати пешаи ронандагӣ рӯзгор пеш мебарад.
-Шукронаи қисмат ва фазои ороми Тоҷикистони азизамон, ки дар 74-солагӣ ҳоло ҳам шуғли дӯстдоштаамро аз даст раҳо накардаам, - мақсади моро пай бурда, овони ҷавониву шириниҳои ҳаёт ва лаҳзаҳои фаромӯшнопазири худ ва ҳамсари равоншодашро ба ёд меорад, - бону Раҷабгул.
- Баъди хатми мактаби деҳа моҳе чанд машғули корҳои хонаву саҳро шуда, ба ҷавони дӯстдоштаам, ки дар филиали Омӯзишгоҳи касбии техникии Шаҳритус дар ноҳияамон кор мекард, издивоҷ намудам. Гумон доштам, ки ба хотири ишқ кунун орзуву ормони мисли падарам тракторчӣ шуданро барбод додам. Хушбахтона, домод аз ҳама сирру асрори хонаводаи мо огаҳӣ доштаасту рӯзе пешниҳод кард, ки хоҳиш дошта бошам, метавонам таҳсилро дар гурӯҳи механизатордухтарон, ки таъсис меёбад, идома диҳам. Ҳамин тавр, хона ба хона 18 нафар занону духтарони хоҳишмандро ҷамъ овардем ва таҳсил оғоз ёфт…
Раҷабгул, ки ҳанӯз аз панҷсолагӣ дар бари падар нишаста, аз кору иқтидори мошинҳои бузург завқ мебурд, таҳсил дар курси механизаториро ба фатҳи болотарин қуллаҳои орзуҳояш баробар медонист. Мурури солҳо ба унвони беҳтарин механизатори минтақа, тракторчии пешқадам дар воситаҳои ахбори оммаи он давра муаррифӣ гардида, рӯзноманигорон аз вилоят ва ҳам пойтахти кишварамон барои мусоҳиба ба суроғаш меомаданд. Дар маҷаллаи «Занони Тоҷикистон», рӯзномаҳои «Тоҷикистони советӣ», «Труд», «Правда» дар борааш навиштаанд, аксҳояшро ҷой додаанд.
- Аввалин таҷрибаи ронандагиро дар мошини пахтачинӣ дар хоҷагии зодгоҳам аз бар карда, ҳамон сол 40 тонна пахта ҷамъ овардам. Ҳамсарам, ронандаи тракторҳои тасмачарх буд, замин меронд, музди баланд мегирифтем, - бо шукргузорӣ аз рӯзҳои гузашта қисса дошт Раҷабгулбибӣ. - Соли 1977 бо мақсади идомаи фаъолият дар колонаи сайёри механиконидашудаи №37-и «Бешкент-соз» ману ҳамсарам бо 3 фарзанд ба ноҳияи Носири Хусрав кӯч бастем.
Ҳолиё он рӯзгорони дар ин диёри дурдаст паси сар бинмудаашро бо ҳаяҷон ба ёд оварда, асоси хушбахтиву дастовардҳои касбиашро аз баракати ҳамсафари ҳаётиаш медонад, ки бо ҳамдигарфаҳмиву ҳамрози якдигар будан, ӯ ҳунару маҳорати идораи ҳама намуди техникаҳои кишоварзиро аз бар кард. Баробари мардони замон дар саҳрои пахта заҳмат кашида, ҳамчун, пешоҳанг исмаш дар сархати васоити ахбори омма чарх мезад…
- Дар мавсимҳои пуртараддуди корҳои саҳроӣ мо, зану шавҳар, баъзан ду-се рӯз ҳамдигарро намедидем, субҳгоҳон бо трактор ба кӯча мебаромадам, ки дар рӯ ба рӯям меомад ва аз қадри вақтро донистан буд, ки ба гоҳе садои тракторашро баланд бароварда, гоҳи дигар шӯхиомез даст пеши бар нишон медод ва мо бо як фараҳмандиву хушҳолии зиёд андар замир, роҳҳои худро идома медодем, - лаҳзае табассумомез ба дуриҳо дида меандӯзад солмандтарин механизатори замони мо…
- Баъди реҳлати ҳамсарам, ҳамроҳи фарзандон пешаи пурбаракати оилавиро идома додем. Соли 2005 раиси ноҳия Холмурод Раҳмонов бароям пешниҳод намуд, ки дар 8 гектар замин хоҷагии деҳқонӣ ташкил намоям. Рӯзгорро таъмин карда истодаем. Бо ҳамон трактори шуравӣ кори хоҷагиро пеш мебарем. Чанде пеш, техникаи пуриқтидори тамғаи Т-170 харид намудем, баъди таъмир онро ба кори саҳро хоҳем баровард.
Зоҳиран саршори андешаву хаёлоти беканорест, вале суҳбатҳои самимиву меҳрангезаш гувоҳӣ аз табиати орому қалби бузурги модаре дарак медиҳанд, ки парҳезгару қаноатманд аст ва бо ҳама ҳастӣ ба Меҳану мардуми он содиқона хизмат карданро шиори худ донистааст.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Носири Хусрав
Мубодила:
Шарҳҳо
