БОЙГОНӢ

«    Май 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Китобдор - касби пур аз ифтихор

Фарҳанг

Дари китобхонаи марказии ноҳияи Панҷ бо оғози вақти корӣ боз буд. Рӯз агарчи нав медамид, теъдоди ҳаводорони китоб хуб мушоҳида мегардид. Шӯрони китобдор, ҳамоне ки мо бояд бо ӯ суҳбат ороем, дар толори китобхонӣ саргарми дар қуттиҳо ҷо ба ҷо гузоштани китобҳо буд. То оне, ки ӯ кори худро ба сомон расонад, дохили китобхона қадамзанон ба ҳусну назокати он дида медӯзем. Шиору овезаҳо, панду андарзҳои ҳикматомези бузургон аз боби хонишу дониш, китобу маънавиёт ва хулқу атвори инсонӣ диққати моро ба худ ҷалб сохт…

- Корам тамом нею фурсати суҳбат фароҳам шуд, - гуфтани ҳамсуҳбат риштаи хаёлу андешаи моро аз овезаҳои девор ҷониби ӯ мебарад. Сараввал мепурсам, ки чаро Шӯрон китобҳоро дар қуттиҳо ҷо дорад, ҷойи онҳо китоби нав меорад, ё сирри дигаре ин ҷо ниҳон аст.

- Не, ягон сирру муаммо нест, кори доимию ҳамарӯзии мост. Китобҳоро ба қисми ҳарбӣ мебарем, имрӯз мувофиқи нақша бояд ҳамон ҷо бошем, аскарони китобдӯст интизории моянд, - механдад ва бо ҳамин дари суҳбат бо ин духтараки дӯстдори китобу ирфон Шӯрон Абдуллоева во мешавад.

  Аз саводу дониш, аз китобу аҳамияти он, аз фаъолияти роҳатбахш дар оғӯши маънавиёт радду бадали афкор мекунему ба ин хулоса меоем, ки барои дар худ ташаккул додани як инсони комил китоб муҳимтарин ёрирасон аст. Ба қавли бонуи китобдор, имрӯз фурсати он расида, ки майли ҷавонон, хусусан синни мактабиро ба китобу китобхонӣ ҳарчи бештар боло барем. Ҳар қадар ҷомеа босавод бошад, ҳамон андоза ба манфиати миллату ватан аст, зеро аксаран мушоҳида мешавад, ки танҳо дар хонаву кӯчаю бозор не, балки дар мактабҳои миёнаю олӣ, дигар таълимгоҳу коргоҳҳо бештари мардум рӯ ба телефону майл ба интернет доранд. Аммо на ҳамеша онҳо аз интернет маводи хуб мехонанду бо ҳам баҳс меороянд, балки гоҳе бо танишҳои лафзиву аксҳои нозеб ҳам бармехӯранду гоҳе дониставу надониста, ба андешаҳои носолим ҳамовоз мешаванд. Натиҷа он аст, ки наврасону ҷавонони зиёд, гарчи дониши кофӣ доранд, туъмаи ана ҳамин гуна гургҳои борондида шуда, ҳам худ ва ҳам волидонро сарсону саргардон мекунанд. Чун дониш барҷост, аммо ақл ҳануз кофӣ нест, то хулосаи мусбат рӯи кор ояд.

- Мо дар нишасту вохӯриҳо дар китобхона доим аз ҳамин боб мегӯем, писаракону духтарчаҳоро талқин менамоем, ки ба китоб, ба осори ниёгон рӯ оранд, аз телефону интернет на ҳама матлаб хонданию диданист. Дар суҳбатҳои алоҳида борҳо волидонро гӯшраскардаем, ки таваҷҷуҳи фарзандон, минҷумла мактабиёнро аз телефону интернет канор гиранд ва майли ононро ба китобу дафтар равона созанд, - иброз медорад бонуи китобдор.

Шӯрон дар баробари китоб, қаламу дафтарро ҳам ба забон меовард ва шарҳ медод, ки китобхон бо худ дафтар доштанаш зарур аст, чун на ҳамеша хондаҳо дар хотир нақш мебандад, ба вижа, асное, ки рақамҳо зиёд такрор мешаванд. Ба андешаи вай агар китобхон бо худ дафтар дошта бошад, муҳимиятро рӯи саҳифаи дафтар мекӯчонад, ки ин солҳои тулонӣ ӯро ба кор хоҳад омад. Дигар ин ки онҳо на ҳамеша ва на ба ҳар нафар адабиёти китобхонаро барои берун баровардан иҷозат медиҳанд. Аз ин хотир, мизоҷону муштариро таъкид медоранд, ки ҳатман бо худ дафтару қалам гиранд.

Аскарони қисмҳои ҳарбӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадии ноҳияи Панҷ аз муштариёни ҳамешагии китобхонаи марказӣ ҳастанд, ки мудом аз ин боргоҳи маърифат истифода мебаранд. Ҳини суҳбат бо Шӯрон ӯ омодагии сафар ба қисми низомӣ дошт. Ба аскарбачаҳо адабиёти бадеӣ мебурду аз он сӯ хондаҳои аскаронро бозпас меовард. Бону ёдовар шуд, ки агар фурсате пештар меомадем, афсареро вомехӯрдем, ки муштарии фаъоли онҳост. Китобдор моро бовар мекунонд, ки дар ноҳия ба ҷуз мактаббачаҳою аскарбачаҳо, дигар кормандони соҳот низ аъзои фаъоли китобхонаи марказӣ мебошанд. Номи зиёд муаллиму духтур, соҳибкору ҳунарманд ва хизматчиёни давлатиро ба забон мегирад, ки китобхонаро барои худ чун боргоҳи маърифат қадр мекунанд.

- Ба китобхонаи марказӣ ҳамарӯза наздики 50 нафар муштарӣ ворид мешавад, ки аксариятро бонувон ташкил медиҳанд. Зиёдтари онҳо дар толори хониш китоб мехонанду қисмате аз эшон, ки барои озмунҳо омодагӣ мегиранд, адабиётҳоро бо худ мебаранд.

Шӯрон Абдуллоева агарчӣ собиқаи зиёд дар соҳаи китобдорӣ надошта бошад ҳам, аммо шеваи кори худро хуб фаҳм мебарад. Ҷевонҳои китобмонӣ тозаву озода, адабиёти илмиву бадеӣ ва соҳавӣ ҳар кадом дар гӯшаҳои худ бо тартиб чида шудаанд. Хонандагон барои дарёфти дилхоҳ китоб мушкиле надоранд.

Муносибати хубу муомилаи неки китобдори ҷавон сафи мизоҷонро меафзояд. Хушбахт аст, ки муҳаббати илму дониш, мутолиаи китобро, пеш аз ҳама, дар қалби ду писари дӯстрӯяш бедор намудааст, ки онҳо рӯзеро бе хондани чанд саҳифа китоб паси сар намекунанд. Комронҷон донишҷӯи соли дуюми Коллеҷи тиббии ноҳия буда, писари фаъолу боинтизом ва аълохон аст. Он чӣ, ки аз модар дар бораи бузургию сеҳрофарин ва ганҷи бебаҳо будани китоб мешунавад, ба шарикдарсонаш мерасонад. Ҳамшираҳои оянда бо роҳбаладии Комронҷон аъзои фаъоли китобхона буда, на танҳо адабиёти бадеӣ мехонанд, балки иштирокчии фаъоли чорабиниҳои таълимгоҳ ва ноҳия ҳастанд.

Шӯрон Абдуллоева, ин духтари деҳаи Авангарди ҷамоати деҳоти «Озодагон»-и ноҳияи Панҷ соле баъд Коллеҷи омӯзгориро хатм намуда, баробари китобдорӣ пешаи омӯзгориро ба худ касб мекунад.

– Аммо ман муҳаббати худро аз китобхона дур карда наметавонам, - мегӯяд бонуи китобдор, - бар он боварам, ки фаъолиятро ҳамин ҷо идома хоҳам дод. Дар китобхона дӯстони зиёде дарёфтам, ки ҳамагӣ инсонҳои донишманду соҳибфарҳанг ва ҷавонони болаёқатанд.

Рустами НАЗИР,

Душанбе-Панҷ-Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон