Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Панҷи пурганҷ
ИҷтимоъНоҳияи Панҷи сарҳадӣ дар 206-километрии шаҳри Душанбе ҷойгир асту аз шаҳраки Панҷ ва панҷ ҷамоат иборат аст, ки басо рамзист: ноҳияи Панҷ, шаҳраки Панҷ ва панҷ ҷамоат.
Дар ин гӯшаи хушманзараи куҳандиёр бар пояи омори соли 2022 124,1 ҳазор нафар аҳолӣ маскун буда, шумораи умумии бонувон ба 66038 мерасад, ки 36480 нафари онҳо қобили меҳнат мебошанд. Новобаста аз дурии роҳ, аксари духтарон баҳри донишандӯзӣ роҳ сӯи мактабҳои олии мамлакат гирифта, соҳибмаълумот мегарданд ва ҳамчун кадрҳои сазовори замони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва ғайра кор мекунанд. Ба гунаи мисол, аз 1987 омӯзгор 1946 нафар бонувонанд. Дар соҳаи тандурустӣ низ 791 зан фаъолият дорад, ки 13 нафараш табиби соҳибтахассус аст.
Ҳоло аз ҳисоби бонувон як нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, 13 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 42 нафар ба симати вакили Маҷлиси вакилони халқи ҷамоатҳо фаъолият доранд.
Дар ноҳия ба масъалаи тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд таваҷҷуҳ зиёд буда, 124 бону дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият мебарад. Аз 116 хизматчии давлатӣ 17 нафар зан буда, дар байни кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби бонувон як нафар муовини раиси ноҳия, як раиси деҳот, ду котиби ҷамоат, ду муовини раиси деҳот ва ду нафар мудири шуъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия мебошанд.
Гулбаҳор Намозова, мудири бахши занон ва оилаи МИМҲД, бар он назар аст, ки духтарон бештар самтҳои омӯзгорӣ ва тандурустиро мепазиранд.
-Занону духтарон дар тамоми самтҳо фаъолият менамоянд. Ғайр аз омӯзгориву табибӣ, дар бонкдорӣ, кишоварзӣ, ҳифзи ҳуқуқ, фарҳанг ва ғайра масруфи коранд. Мардуми ноҳия аз бонувони муваффақи ин гӯшаи дурдасти диёри файзбор ифтихор менамоянд, ки яке аз онҳо бонуи донишманду огоҳу меҳандӯст Гавҳар Шарофзода – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, - гуфт Гулбаҳорбону.
Квотаҳои президентӣ имконияти фарохро барои соҳибкасб гардидани духтарони ноҳия фароҳам оварда, раҳи онҳоро ба сӯи донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат боз намудааст ва хушбахтона, аксари онҳо баъди хатми макотиби олӣ ба зодгоҳ баргашта, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ заҳмат мекашанд. Ҳатто дар хориҷи мамлакат низ таҳсил намудаанд, ки яке аз онҳо Шоира Иброҳимова аст, ки дар Федератсияи Россия таҳсил кардааст.
- Мувофиқи нақша-чорабиниҳо дар ҷамоатҳо бо усули мактаб ба мактаб, хона ба хона ва деҳа ба деҳа бо мардум корбарӣ менамоем. Дар байни бонувон оид ба пешгирӣ намудани тамоюлҳои бегонапарастӣ, тақлид ба фарҳанги бегона, гирифтани пеши роҳи шомилшавии ҷавонон ба ҳаракату созмонҳои террористӣ, баланд бардоштани сатҳи тарбия дар муҳити хонавода ва ғайра корҳои таблиғотӣ мегузаронем. То имрӯз 2546 оила ва дар 26 муассисаи таълимӣ, литсейи давлатӣ, гимназияи давлатии ноҳия бо омӯзгорону хонандагон мулоқоту вохӯриҳоро доир намудем. Худкушӣ аз ҷониби бонувон яке аз мушкилиҳои рӯз буда, дар ин самт низ чораҳои пешгирикунанда роҳандозӣ мегарданд. Соли 2024 ду нафар зан ба худкушӣ даст зад, ки сабаби он ба бемории руҳӣ мубтало будани онҳо мебошад. Дар семоҳаи соли 2025, хушбахтона, чунин ҳодиса ба назар нарасидааст, - изҳор намуд мудири бахш.
Ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷашнҳои Сада, Рӯзи Модар, Наврӯзи бостонӣ, озмунҳои «Сад ранги чакан», «Кадбонуи беҳтарин» ва «Маликаи Наврӯз» аз оғози соли равон чорабиниҳои гуногун доир гардиданд, ки бонувони шаҳраку деҳот маҳорати кадбонуӣ, ҳунармандӣ ва даҳҳо ҳунари миллиро ҳамчун ворисони фарҳанги волои ниёгон муаррифӣ намуданд.
-Бонувони ҳунарманд мекӯшанд нозукиҳои ҳунарро ба шогирдон омӯзонанд ва дар ин раҳ меросбарони хешро дошта бошанд. Мо рӯйхати ашхоси ҳунармандро дорем ва барои пайдо кардани дигар ҳунармандон, ки аз бобову бибиҳо санъатҳои гуногуни халқиро ҳифз кардаанд, чораҳо меандешем. Кадбонуҳои моҳир низ дорем, ки якеи онҳо сокини шаҳраки Панҷ дар даври вилоятии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ҷойи ифтихорӣ дарёфта, бо туҳфаҳо қадр гардид, - афзуд Гулбаҳорбону.
Гулбаҳор Намозова зодаи ноҳияи Фархор ва таҳсилдидаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакист. Фаъолияти меҳнатиро аз МТМУ № 9-и ноҳияи Фархор оғоз намуда, баъди оиладор шудан пешаи омӯзгориро дар МТМУ № 1-и шаҳраки Панҷ идома дод. То соли 2017 аз фанни таърих ва ҳуқуқ дарс дода, соли 2018 директори Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия таъин гардид. Тули як сол директори МТМУ № 1 ва аз соли 2019 то 2023 мудири кӯдакистони ноҳияи Панҷ буд. Ҳоло дар радифи фаъолият дар МИМҲД ғоибона дар факултети идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил дорад. Эҳсоси наҷиби модар буданро озмуда, се фарзандро тарбия ва ба роҳи нек ҳидоят намудааст. Ватандӯстӣ, хизмат ба мардум, саҳм гузоштан дар пешрафти ҷомеаро ба ҷигарбандон талқин карда, дар амалӣ гаштани идеологияи миллӣ дар минтақа саҳми арзанда мегузорад ва ба масали «Панҷи пурганҷ» ҳамраъй мехоҳад, ки ин гӯшаи дурдасти диёрро воқеан пур аз ганҷинаи ҳунару истеъдоду файзу фаровонӣ бинад.
Ситора АШӮРОВА,
Душанбе – Панҷ - Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо
