Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Паёми Ваҳдат аз Боми Ҷаҳон
Сиёсат / Президенти ҶТТантанаҳои ҷашнӣ дар сартосари кишвар бахшида ба бистуҳаштумин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ шоми 27-уми июн бо барномаи шукӯҳманди фарҳангӣ дар шаҳри Хоруғ бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон поён ёфтанд. Сарвари давлат бо эҳсоси ифтихор ва арҷгузории амиқ ба арзишҳои муқаддаси сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ мардуми шарифи кишвар ва ҷамъомадагонро, ки бо чеҳраҳои болида ва пур аз шодиву нишот дар майдон ҳузур ёфта буданд, ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик намуда, изҳор доштанд: «… Ваҳдати миллӣ на танҳо рамзи сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ,балки омили асосии рушди устувори ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат мебошад»…
Боздиди кории Пешвои миллат аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ субҳи 25-уми июн аз ноҳияи Ванҷ оғоз ёфт. Деҳаи Пайшанбеобод остонаи истиқболи гарму самимии меҳмони олиқадр аз ҷониби сокинон ва аҳли фарҳангу ҳунари ноҳия гардид.
Сарвари давлат дар ин ҷо нахуст роҳи маркази ноҳия то пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе-Қулмаро ба истифода доданд. Роҳ дар доираи ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани шароити хизматрасонӣ бунёд шуда, иборат аз ду хатти ҳаракат ва 16 километрро ташкил медиҳад.
Сипас, Парки саноатӣ, ки дар масоҳати умумии 788 метри мураббаъ доман густарда, дар маҷмуъ 6 корхонаи хурди истеҳсолиро, ки ба истеҳсоли макарон, банду басти маҳсулоти лӯбиёгӣ, коркарди меваи хушк ва тайёр намудани равғани чормағз, собун ва дару тирезаҳои пластикӣ тахассус доранд, ба истифода дода шуд.Дар баробари таъмини бозори дохилӣ маҳсулоти Парки саноатӣ ба хориҷа низ содирот мешавад.
Сарвари давлат дар деҳаи Убари Дарғови Ҷамоати деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев толори варзишӣ ва ба таври маҷозӣ 7 муассисаи таълимии токмактабӣ дар деҳаҳои Мотравн, Будун, Вишхарв, Жамаг, Бунай, Техарв ва Ғуҷовастро ифтитоҳ бахшиданд.
Танҳо дар доираи сафари кории Сарвари давлат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 32 муассисаи томактабӣ барои 1570 ҷойи нишаст ба истифода дода шуда, дар 5 соли оянда 50 дарсади кӯдакон бояд ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шаванд.
Бо ширкати Президенти Тоҷикистон дар ноҳия корхонаи калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСП «Мармар Стоун» ба кор даромад. Корхона имконият дорад, ки дар як сол то 40 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол намояд. Он дар асоси захираи бузурги ашёи хоми маҳаллии мармари сафед, ки микрокалсит аз он тайёр мегардад, бунёд ёфтааст. Микрокалсит дар саноат ба таври васеъ истифода шуда, корхона имконият дорад, ки талаботи саноатии кишварро бо микрокалсити гуногунҳаҷм пурра таъмин намояд.
25-уми июн сафари кории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз идома ёфт. Роҳи мошингарди қитъаи Қалъаи Хумб-Ванҷ то дарвозаи ноҳияи Рӯшон ва нақби мошингузар аз аввалин, муҳимтарин ва бузургтарин иншоот буд, ки бо ширкати Сарвари давлат дар ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дарозии нақби мошингузар 3400 метр буда, он қариб 7 метр баландӣ ва 8 метр паҳноӣ дорад. Ин қитъаи аз ҳама душворгузари роҳи байни Тоҷикистону Чин бо сатҳи баланд сохта шуда, ба шарофати бунёди нақбҳои мошингузар ба масофаи 16 километр кӯтоҳ гашт.
Сарвари давлат, ҳамчунин, шоҳроҳҳои нави нақлиётиро «пайвандгари сокинони ҳамаи гӯшаву канораҳои кишварамон рамзи асосии ваҳдати миллӣ» номиданд.
Дар деҳаи Умараки Ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумби ноҳия комплекси агросаноатӣ, аз ҷумла фермаи парвариши бузи ширдеҳ, харгӯш ва коргоҳи коркарди маҳсулоти ширӣ ба истифода дода шуд. Фермаи бузи ширдеҳ иқтидори тавлиди 72 тонна шир дар як сол ва маҳсулоти гӯштӣ дошта, дар он 92 сар бузи ширдеҳи зотӣ аз кишвари Беларус ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд парвариш мешавад.
Комплекси агросаноатӣ бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ки аз Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти гӯштиву шири хушсифати аз лиҳози экологӣ тоза бармеояд, бунёд гардидааст.
Дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маркази баҳисобгирии зеҳни сунъии «Darya AL»-ро мавриди истифода қарор доданд. Марказ дар доираи эълони солҳои 2025– 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» сохта шуда, бо таҷҳизоти сохти муосири ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ таъмин мебошад. Он барои омодасозии мутахассисони сатҳи байналмилалӣ ва омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта муҳим арзёбӣ гардид.
Дар деҳаи этнографии Зев, ҳамчунин, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз комплекси сайёҳии «Зев.С» дидан намуданд. Ба мақсади муаррифии таъриху фарҳанги қадимаи миллати тоҷик дар ин мавзеи сайёҳӣ намунаи 8 хонаи истиқоматӣ, осиёбҳои обӣ ва бодӣ, ҷувоз ва дигар намуди суннату анъанаҳои мардумӣ, ки давраҳои гуногуни ҳаёту фаъолияти сокинони кишварро дар бар мегиранд, бунёд ва ба намоиш гузошта шуданд.
Намояндагони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт, вилоятҳои Хатлону Суғд дар ин маҳалли этнографӣ намунаи ҳунарҳои мардумиро муаррифӣ намуданд.
25-уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз бо 100 ятим ва кӯдакони имконияташон маҳдуд аз ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз мулоқот ороста, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд. Чунин мулоқоти Сарвари давлат бо 100 ятим ва кӯдакони имконияташон маҳдуд аз ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим, Роштқалъа, ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон ва шаҳри Хоруғ низ баргузор гардиданд.
26-уми июн сафари кории Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон бо ба истифода додани зеристгоҳи барқии 110/35/10 килловолтаи Ҷангал ва тариқи маҷозӣ ифтитоҳ кардани 4 неругоҳи обии барқии хурд оғоз ёфт.
Сарвари давлат дар маркази ноҳияи Рӯшон, дар майдони муқаддасоти миллӣ аз рӯйи пайкараи асосгузори аввалин давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ парда бардоштанд. Майдони муқаддасоти миллӣ чун нишонаи ҳифз ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ дар баробари макони баргузори чорабиниҳои давлативу миллӣ ба ҷойи дӯстдоштаи истироҳату фароғати сокинони ноҳия табдил ёфтааст.
Сарвари давлат, ҳамчунин, дар истифодабарии корхонаи ширӣ ва нонии ҶДММ «Ганҷи Рӯшон», гармхонаи замонавӣ ширкат варзида, аз замини наздиҳавлигии сокини деҳаи Рӯшон Додихудо Додихудоев дидан намуданд.
Дар ин ҷо бинои прокуратураи ноҳия ба истифода дода шуд.
Дар ноҳияи Шуғнон, 27-уми июн, боздид аз қитъаи намоишии зироатҳои кишоварзӣ дар деҳаи Пашори деҳоти Поршинев оғоз ёфт. Қитъа дар масоҳати 4 гектар доман густурда, мақсади таъсиси он интихобу мутобиқсозии зироатҳои кишоварзӣ ба иқлими маҳал, ҷорӣ намудани таҷрибаи муосир, истифодаи оқилонаи замин ва таъмини бозори дохилӣ бо маводи ғизои худӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаву таъмини амнияти озуқаворӣ арзёбӣ мегардад. Дар ҳузури Сарвари давлат ҶДММ «Барги Шоҳтут», ки иқтидори солона истеҳсол намудани то 90 тонна маҳсулот дорад, ба фаъолият оғоз намуд.
Корхона дорои се хатти истеҳсолӣ буда, дар он чой аз барги тут ва алафҳои шифобахш, омехтаи тут, зардолу ва бодом дар шакли кӯфта бо бастабандии муосир тайёр мешавад. Дар шаҳраки Ваҳдат-маркази ноҳияи Шуғнон, муассисаи томактабӣ бо номи Пайравони Пешво, Нишони давлатӣ ва беморхонаи марказии ноҳия мавриди истифода қарор гирифтанд.
Дар шаҳри Хоруғ Сарвари давлат дар маросими кушодашавии коргоҳҳои истеҳсолии маҳсулоти гӯштӣ ва обҳои табиии ташнагишикан дар Парки технологӣ, пули мошингузар аз болои рӯди Ғунд, чойхонаи «Хатлон», китобхонаи кӯдаконаи вилоятӣ ва шаҳрии ба номи Ҳофизи Шерозӣ ва Маркази рушди зеҳни сунъӣ, марказҳои фарҳангӣ, савдо ва Шурои иттифоқи касабаи ВМКБ, бинои нави маъмурии шаҳрдорӣ, бинои нави истиқоматии 5-ошёна барои хизматчиёни давлатӣ ширкат варзида, бо лоиҳаҳоисохтмонибиноҳои истиқоматии баландошёна, маркази хизматрасониву тиҷоратӣ, таваққуфгоҳи нақлиётӣ, меҳмонхона ва майдончаи варзишии кӯдакон, ки дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемур сохта мешаванд, шинос шуданд.
Дар ноҳияи Роштқалъа Парки технологӣ иборат аз 6 коргоҳи истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ, боғи фарҳангӣ ва бинои беморхонаи сироятӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Оғози фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт, ки бо харҷи бештар аз 700 миллион сомонӣ бунёд гардидааст, рӯйдоди муҳим на танҳо дар ҳаёти сокинони ноҳия, балки вилоят арзёбӣ гардид.
Неругоҳи мазкур иқтидори энергетикии вилоят ро 25 дарсад афзоиш дода, маҳдудияти интиқоли неруи барқро дар соатҳои сарборӣ барои аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ бартараф месозад.
«Мо Рӯзи Ваҳдати миллии имсоларо дар айёме ҷашн мегирем, ки дар саросари мамлакат кору пайкори созандагӣ ба истиқболи Ҷашни бузурги миллӣ35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон босуръат идома дошта, неруи иқтисодии давлати тоҷикон ва фарҳанги сиёсии миллати тоҷик таҳкиму тавсеа ёфта истодааст», изҳор доштанд зимни суханронӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
«Бонувони Тоҷикистон»
Мубодила:
Шарҳҳо
