Маҳсулоти зарурӣ:
Карам - 250 г
Себ – 1 дона
Сабзӣ – 1 дона
Нахӯди сабз – 160 г
Равғани растанӣ -1 қошуқ
Шарбати лимон – 1 қошуқча
Шибит, намак – мувофиќи табъ
Тарзи таҳия:
Карамро ба шакли дарозрӯя майда реза карда, намак мепошем ва муддати 10 дақиқа ба як сӯ мегузорем. Сабзӣ ва себро низ мисли карам реза менамоем. Сипас, ҳамаи маҳсулотҳоро якҷоя намуда, нахӯди сабз, шибит ва равғанро ҳамроҳ месозем.