Муассисаи давлатии Маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» тасмим гирифтааст, ки силсилаи вохӯриҳоро бо иштироки модарони ҷавон ва табиби атфол дар мавзӯъҳои гуногуни бемориҳои кӯдакона ба роҳ монад.
Модарон метавонанд ба суолҳое, ки бештар онҳоро ба ташвиш овардааст, посух ҷӯянд.
Вохӯрӣ санаи 22.10.2019, соати 14.00 дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол», бинои 7/б, ошёнаи 2 баргузор мегардад. Хоҳишмандон метавонанд дар ин вақт ташриф оранд ва аз маслиҳату машварати табиби ботаҷриба бархӯрдор гарданд.