11 октябри соли 2020 интихобкунандагони деҳаи Раҳмонободи ноҳияи Шуғнон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сад дарсад ба ҷонибдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд. Ба гуфтаи интихобкунандагони участка онҳо дар интихоби номзади арзанда ба тарғибу ташвиќ эҳтиёҷ надоштанду аз рӯи афкору андеша ва амри дилу виҷдон рафтор карданд. Хурду бузурги деҳаи навбунёд Эмомалӣ Раҳмонро «Президенти мо» меноманд.
Сокини солманди деҳа Ќамчибек Алимамадов изҳор дошт, ки вай бори нахуст дар ќатори иддае аз ҳамдеҳагон ва сокинони ноҳия Эмомалии ҷавонро дар маросими ба кор андохтани чархаи аввали Неругоҳи барќи обии «Помир - 1» дида, ба ӯ эътимод пайдо кард.
- Дар он солҳое, ки шаҳру ноҳияҳои вилоят пуропури муҳоҷирони дохилӣ ва афроди ғайриќонунии мусаллаҳ аз маҳалҳо ва манотиќи гуногуни кишвар буд, ширкати шахси аввали ҷумҳурӣ дар ин рӯйдоди муҳим ҷасорати бемислро талаб мекард. Суханони Сарвари ҷавон, ки дар рӯзи офтобии наврӯзӣ ҳозиронро ба оғози тавлиди барќ дар неругоҳи бузургтарин дар вилоят табрик гуфта, бо боварӣ дар бораи ояндаи дурахшони кишвар сухан мегуфт, дар дили ҳар шунаванда эҳтирому ихлос бармеангехтанд.
Фаъолияти минбаъдаи Сарвари сулҳовару созанда Эмомалӣ Раҳмон ва бунёдкориҳои бемисл боис шуданд, ки ӯ на танҳо маҳбуби кулли мардуми кишвар ва ба маќоми Пешвои миллат сазовор, балки дар арсаи ҷаҳонӣ шуҳратёр гардад. Дар лаҳзаи душвортарини ҳаётамон ҷавонмардӣ, ќотеъият, раиятпарварӣ, эҳсон, хайру саховати ин роҳбари дилсӯзи давлатро дидем ва аз ӯ як умр сипосгузорем, - гуфт мусоҳибамон аз ҳаводиси гузашта ёдовар шуда.
Сокинони меҳнатќарини Барсем, яке аз деҳаҳои калонтарини ноҳияи Шуғнон, ба кору зиндагии осоишта машғул буданд. Дар ќатори зироаткориву чорвопарварӣ солҳои охир боғдориро равнаќ медоданд. Ҳар хонавода аз хурдтарин имконияти сабз намудани боғу роғ ва гирду атрофи ҳавлиҳои хеш самаранок истифода мебурду дар домани пуштаҳои деҳа бо даст ва белу мисрон ҷойҳои санглохро ҳамвор намуда, ниҳол мешинонданд. Мусофирон ба манзараи сабзу хуррам ва дилрабои деҳа, ки дар канори роҳи Хоруғ - Ќулма доман густурдааст, назар афканда ба эҷози дастони мардумонаш офарин мехонданд.
Офати табииро ҳеҷ кас интизор набуд. Бар асари гармои моҳи июли соли 2015 пиряхи болои ќуллаи кӯҳ об шуда, оби ҷамъшуда дар роҳи ҳаракат ба сели азим табдил ёфт. Сели сарозершуда, дар муддати кӯтоҳ маҷрои дарёи Ғундро баст. Аз селоб кӯле бо ғунҷоиши 30 миллион метри мукааб об ба вуҷуд омада, яке аз паси дигаре манзилҳои ќисми поёни деҳаро ба комаш фурӯ мебурд.
Селоб оќибатҳои вазнин бар ҷой гузошт. Ҳамон дам 82 хонаводаи деҳа фаќат ҳамин фурсатро доштанд, ки ба ќавле «бо куртаву сандалӣ» аз манзилҳояшон бадар шаванду ҷонашонро ба саломат баранд. Зиёда аз 4 километр роҳи байналмилалии Душанбе – Мурғоб - Ќулмаро дар ин мавзеъ селоб тамоман шуста бурд ва ҳаракати наќлиёт дар ин масир ќатъ гардид. Касе бовар надошт, ки ба зудӣ аз дили сангу сахраҳо ва харсангҳои бузург, ки сел бо худ оварда буд, роҳи нав кушода мешавад. Сел пули болои рӯдро канда, роҳи мошингарди деҳаро харобу валангор сохт.
Сокинони деҳа, ки дар муҳосираи сел ќарор дошта буданд, аз хавфи он бидуни чизу чора ба нуќтаи аз ҳама баланди деҳа баромада, ночор даҳшатро назора мебурданд. Бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соати аввал ба сокинони дар банди сел монда, кумак оғоз шуд. Тавассути чархболҳо, ки дар фосилаи муайян аз фурудгоҳи шаҳр мехестанду дар доманакӯҳи деҳа, дар фурудгоҳи муваќќатии оҷилан дурустшуда, менишастанд, ба сокинон маводи ғизо, доруворӣ ва хаймаҳо расонда шуда, кӯдакону занон ва афроди солманди бемор аз он ҷо ба маркази вилоят интиќол ёфтанд.
Барќарорсозии оќибатҳои офати табиӣ бо суръати тез ҷараён гирифт. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар мадди аввал бояд дар кӯтоҳтарин фурсат хонаводаҳои бесарпаноҳмонда соҳиби манзил шаванд. Барои сохтмон даште, ки замоне машќгоҳи тирандозии ҳарбиёни Россия буд, интихоб гардида, бунёдгарӣ оғоз шуд. Дар сохтмон кормандони тамоми идораву муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ихтиёриён зарбдорона меҳнат карданд. Агентии давлатии захираҳои моддӣ ҷабҳаи фаъолиятро пурра бо масолеҳи сохтмонӣ ва сӯзишворӣ таъмин намуданд. Созмонҳои байналмилалӣ ҳам дар ин бунёдкорӣ ҳисса гузоштанд. Аз соҳибкорон ва шаҳрвандони алоҳидаи сахопеша аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба бесарпаноҳмондагон ва сохтмончиён маводи ғизо ва ёрии молӣ мерасид.
Барќарорсозии ќисми аз сел харобгаштаи роҳи аҳамияти байналмилалӣ бо ҷалби мутахассисони ватаниву хориҷӣ ва техникаи пуриќтидор ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуд. Дар давоми 25 рӯзи меҳнати зарбдорона роҳи нав сохта шуда, ҳаракати наќлиёт барќарор ва мушкилот дар таъмини сокинони кулли манотиќи кишвар бо молу маводи воридотии зарурӣ бартараф гардид.
Собиќ муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим дар маросими азсаргирии ҳаракати наќлиёт дар роҳи Душанбе - Ќулма корнамоии роҳсозонро ќаҳрамонӣ номида, дар муддати кӯтоҳ бартараф намудани оќибатҳои офати табиии азимро чун нишонаи ифтихор аз тавоноӣ ва иќтидори иќтисодии Ҳукумати кишвар дар муќобили офатҳои табиӣ ва ҳаводиси техногенӣ унвон кард. Ба сӯи деҳаи Барсем аз болои рӯди Ғунд пули нав бунёд ёфта, роҳи мошингард ҳамвор ва барќарор шуд.
- Дар Бадахшон одатан хонасозӣ якчанд сол давом мекунад. Вале, ваќте бо гузашти ду моҳ дар деҳаи навбунёд калиди хонаро бо тамоми чизу чораи зарур барои рӯзгордорӣ ба дастамон додаанд, ҳеҷ бовариамон намеомаду аз дидагонамон беихтиёр ашк мерехт. Ин ашки шукргузорӣ аз офият ва сипосу миннатдорӣ аз Ҳукумати кишвар дар шахсияти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.
Пешвои миллат дар мулоќот бо сокинони ноҳияи Шуғнон, ки ба чанд рӯзи пас аз вуќӯи офати табиӣ рост омад, гуфтанд: «Мардуми шарифи ноҳияи Шуғнон бовар дошта бошанд, ки Ҳукумати мамлакат онҳоро дар чунин ҳолати вазнин ҳеҷ гоҳ танҳо намегузорад ва ҳамаи чораҳоро меандешад, ки оќибатҳои офати рӯйдодаи табиӣ ҳар чи зудтар бартараф карда шаванд». Президенти муҳтарами Тоҷикистон ба ќавлашон вафо карданд, - баён медорад муаллимаи мактаби деҳа Нуќрабегим Мамадшоева, ки бар асари офат бо се фарзандаш бесарпаноҳ монда буду ҳоло дар Раҳмонобод зиндагӣ дорад.
Ваќте дар ҷамъомади сокинон масъалаи номгузории деҳаи навбунёд ба миён омад, сокинони солманду рӯзгордида, бо як овоз гуфтанд: - Раҳмонобод. Кулли ҳозирон ин пешниҳодро ба кафзанӣ ва ҳамовозӣ ҷонибдорӣ намуданду дар харитаи ВМКБ деҳаи нав арзи вуҷуд намуд.
Дар деҳа мактаби замонавӣ барои 240 хонанда, бунгоҳи тиббӣ, ҳаммом ва се мағозаи тиҷоратӣ дар хизмати мардум ќарор доранд. Бо ташаббуси соҳибкорон дар гӯшаи деҳа ду сехи сементблокбарорӣ фаъолият мекунад, ки ба мизоҷони деҳа ва маҳалҳои гирду атроф семблоки арзон ва босифати баландро пешкаш менамоянд. Дар мактаби деҳа 20 омӯзгор ба талабагон дониш меомӯзад.
Ба деҳаи навбунёд лӯлаи обгузар кашида шуд. Дар муддати кӯтоҳ бо саъю талошҳои сокинон деҳа сарсабз гардид. Мардум дар ҳар ваҷаб замини наздиҳавлигии худ картошка, пиёз, сабзӣ, помидору бодиринг кошта, ҳосил мегиранд. Деҳа пурра бо оби ошомиданӣ таъмин аст. Мушкилоти андак дар таъмин бо оби полизӣ ба назар мерасад, зеро дар деҳаи сабзу хуррамгашта, бо зиёд шудани масоҳати кишти сабзавот ва буттаву дарахтон талабот ба оби полизӣ меафзояд. Сокинон лоиҳаи кашидани хати обгузари иловагиро ба маќомот ва шарикони рушд пешниҳод намуда, умед доранд, бо мадади онҳо ва саҳмгузории фаъоли сокинони деҳа нияташон амалӣ мегардад.
Гулбаҳор Саиднаќиева, яке аз пешќадамони соҳаи боғдорӣ ва сабзавоткорӣ дар деҳаи Барсем, бо илҳом аз ҳидоятҳои Сарвари давлат дар ҷойи нав ҳам як рӯз бекор намешинаду барои пур намудани сабади истеъмолиашон бо сабзавоти тару тоза заҳмат мекашад. Аз замини наздиҳавлигӣ дар деҳаи нав ҳосили хуби картошка ба даст овард. Сокинони деҳа талош меварзанд, ки дар макони пештараашон то ҷойе имкон дорад, заминҳои корами зери сел мондаро дастӣ, бо белу каланду мисрон тоза намуда, сабз намоянд.
Сокинони Раҳмонобод мегӯянд, ки онҳо на танҳо аз номи деҳаашон ифтихор доранд, балки он масъулияти бузургеро бар дӯшашон мегузораду онҳо мекӯшанд дар рафтору кирдор, гуфтор ва ташаббусҳои созанда пешќадам ва ба ин ном сазовор бошанд.
Дар Бадахшон номи ҳар деҳа бозгӯи таърих ва фарҳанги мардуми маҳал ҳаст. Деҳаи навбунёди Раҳмонобод на танҳо аз оќибатҳои сели азим дар деҳаи Барсем ва сарнавишти 82 хонаводаи муваќќатан бесарпаноҳмондаи он, балки хайру саховат, накукорӣ, иттиҳоду дӯстӣ ва намунаи созандагӣ ва бунёдкории бемисл бо роҳбарии шахсияти таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ҳамзамононамон ва то абад ба ояндагон наќл хоҳанд кард.
Ш. МИРЗОҶАЛОЛ,
ноҳияи Шуғнон