- Расидан ба зинаҳои роҳбарӣ ва хусусан фаъолияти зан дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгирии ҳамаҷонибаро тақозо мекунад. Дар ин ҷода кӣ Шуморо ёвару мададгор буд?
- Сол аз сол бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занон дар ҷомеа ҷойгоҳу мақоми хоссаро касб намудаанд. Ин аст, ки бонувон дар ҷомеа бе ягон мушкилӣ метавонанд дар дилхоҳ соҳаҳо фаъолият биварзанд. Имрӯз дар мақомоти судии ҷумҳурӣ 6 нафар раиси суди ноҳияҳо бонувонанд. Теъдоди занони судя дар судҳо ва дар вазифаи муовинони раиси суди ноҳияҳо низ зиёданд.
Дар таъйиноти охире, ки моҳи феврали соли 2020 доир гашт, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар озмуни судя – коромӯзи навбатӣ шумораи занҳо бештар ҷалб шаванд.
Баъдан, дастгирии хонаводагӣ дар муваффақ шудани зан нақши созанда мебозад. Дар ҷараёни фаъолияти 15 - солаам дар ин мақомот эҳсос намудам, ки дар пешрафти корам саҳми аҳли хонавода назаррас аст.
- Судя будан осонтар аст ё роҳбарӣ дар мақомоти судӣ?
- Судя будан рисолати бузург аст ва роҳбарӣ дар ин мақомот боз масъулияти бештарро тақозо менамояд. Судя, ба истилоҳ, бо ҳаёти одам кор мегирад ва бо масъулиятшиносӣ ва худогоҳӣ ҳукми одилона мебарорад. Дар роҳбарӣ ин масъулият дучанд меафзояд.
- Мақомоти судӣ охирин даргоҳест, ки мардум ба хотири дарёфти адолат ба он муроҷиат мекунад. Чӣ боис мешавад, ки гоҳҳо аз ҷониби шаҳрвандон нисбат ба ҳукми суд нофаҳмиҳо рух медиҳанд?
- Бале, чунин ҳолатҳо ба назар мерасанд ва ин норозигӣ аз ҳукми суд шаҳрвандонро то ба мақомоти болоии судӣ мебарад. Ҳадафи судя ба ҳам овардани тарафҳо ва ислоҳи ҷурми содиршудаи барои ҷомеа хавфнок мебошад. Масалан, дар самти пешгирии оилавайронӣ ва тақсими молу мулк, ки асосан дар ин мавридҳо баҳсҳо, муноқиша ва кашмакашҳои хонаводагӣ то ба дараҷаи содир шудани ҷинояти вазнин оварда мерасонад, зиёд мушоҳида мегардад. Судя талош меварзад, байни зану шавҳар мусолиҳаро ба миён орад ва дар ин ҳолат асосан манфиати фарзанди онҳо ба инобат гирифта шуда, аксар чунин даъвоҳо бо мусоидати суд бо тасдиқи созиши оштии тарафҳо анҷом меёбад.
Баъдан, судя ҳангоми баррасии парванда ва таъйини ҷазо вобаста ба характери ҷиноят, ҳолати он, дараҷаи ҷамъиятии кирдори содиршуда, категорияи ҷиноят, ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазоро ба инобат мегирад. Яъне, ҷазо дар асоси талаботи Кодекси ҷиноятии амалкунанда ба кирдори содиршуда мувофиқ интихоб ва таъйин карда мешавад.
- Аз чор намуди категорияҳои парвандаҳо, ки асосан дар суд баррасӣ мешаванд, дар суди ноҳия кадом намуди парванда бештаранд?
- Агар дар мувофиқа ба соли 2019 гирем, баррасии парвандаи маъмурӣ зиёд ба қайд гирифта шудааст. Дар соли 2019 – ум 2 ҳазору 500 ва дар соли рафта 2 ҳазору 735 парвандаи маъмурӣ баррасӣ гардидааст. Аз шумораи умумии парвандаҳо аксар ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарибияи фарзанд» - ро ташкил дода, дар баробари он парвандаҳо оид ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра ба назар мерасад.
Мутаассифона, парвандаҳои ҷиноятии аз ҷониби ноболиғон ба қайд гирифташуда асосан ба кӯдаконе марбут аст, ки аз беназоратӣ даст ба дуздӣ, ғоратгарӣ ва роҳзанӣ задаанд.
- Парвандаҳое, ки баррасӣ шудаанд, ба занон ҳам иртибот доштанд?
- Ҳамарӯза парвандаҳоеро вомехӯрем, ки занро дар содир кардани ин ё он ҷиноят ба суд кашидаанд. Масалан, бо кирдори қаллобӣ, дуздӣ, ғасб кардани замин ва ғайра. Аз ҷониби занон ҷинояти қаллобӣ ва худсарона ғасб намудани замин ба қайд гирифта шудааст. Вақте кирдори ҷиноятӣ содир шуд, қатъи назар аз ҷинс, бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Дар сурати иқрор ба гуноҳ шудан ва дар рафти баррасии парванда халал ворид накардан, ҷазо сабук таъйин карда мешавад.
- Овони фаъолият парвандае буд, ки аз баррасии он даст кашида бошед?
- Воқеан, баъзе ҳолатҳоеро дар ҷараёни кор вохӯрдаам, ки баровардани ҳукм дар қабули баъзе қарорҳо бароям хеле вазнин буд. Зеро дар баробари судя будан, модар ҳастам. То анҷом ёфтани кори парванда барои сабук намудани ҳукми суд чандин кодексҳоро варақ зада, аз таҷрибаи корозмудаҳои соҳа истифода мебарам. Вале, бо ин ҳама, ҳолате буд, ки аз баррасии парвандаи зане даст кашидам. Зан - модар, ки қотили фарзандони худ шуд, баррасии парвандааш бароям мушкилӣ пеш овард.
Ин ҳодиса соли 2015 ба вуқӯъ пайваста буд. Зане бо се кӯдакаш худро ба канали Ҳисор андохта, сабаби марги тифлакони маъсумаш гардид.
- Ба маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон чӣ гуна баҳо медиҳед?
- Ҳангоми баррасӣ ва мурофиаҳои судӣ шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ дифоъ менамоянд. Шаҳрванде, ки ба суд даъват мешавад, дар даст кодексҳо дорад ё тариқи сомонаҳо аз кодексҳо истифода мебарад. Мурофиаи судӣ ором мегузарад. Дар ҷараёни мурофиаҳо таҳқиру муноқиша ва ғалоғула нест, ки солҳои пеш чунин ҳолатҳо зиёд мушоҳида мегардиданд. Яъне, ин ҳама гувоҳи бархӯрдории шаҳрвандон аз фарҳанги ҳуқуқӣ мебошад.
- Мутолиаи кадом китобҳоро меписандед?
- Аз он ки бо тақозои касб бештар фурсатам сарфи мутолиаи кодексҳо ва қонунгузориҳои марбут ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегардад, гоҳе ба хотири таскини ҳолати равонӣ аз хондани асарҳои бадеӣ фароғат мебарам. Ашъори шоирони дилҷӯ Фурӯғ ва Озарахшро меписандам. Хондани таронаҳо ва асарҳои детективиро дӯст медорам.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО