Ҷаҳон, на ки Ватани маҳбубамон Тоҷикистон соли 2020 печида аз мушкилоти рӯйи ҳам буд, ки бо ҳаводиси фарогири пандемияи коронавирус иртибот дошт. Зиён ба захираи муҳимтарин - инсоният зада шуд, ки асараш ба иқтисодиёт ва соҳоти иҷтимоӣ бармало гардид. Зарбаҳо бештар хосиятҳои равонӣ доштанд, ки инсонҳоро заиф ва аз анъанаҳои басе хуби меҳру шафқат канор бурд. Воқеист, ба кишвари тозаистиқлоли Тоҷикистон, ки узви ҷомеаи ҷаҳонист, бетаъсир намонд.
Хушбахтона, мамлакати азизамон аз ин офат бо сиёсати нарм берун омад, ҳарчанд бо талафоти ҷонӣ ва хисороти буҳронӣ. Дар ин самт роҳи баргузидаи Ҳукумат саҳеҳ, озмуда ва масъулияти шаҳрвандон дар риояи нуктаҳои мавҷуд омили асосӣ буданд.
Мардуми кишвар боз мувоҷеҳи озмоиши даҳшатафкан гардид, вале камар, рӯҳу равони миллати аз сад печутоби табиӣ ва иҷтимоӣ берун шуда устувор монд. Дар анҷоми вазифаҳои дар наздаш гузошта талош варзид ва барои амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегӣ, ки барои мақоми кишвар дар арсаи сиёсӣ бунёдист, нақши муҳим бозид. Рушди саноат, дар ин замина пешрафти деҳот ва ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ қадамҳои ҷиддӣ дар бунёди зиндагии шоиста ва раҳнамунсоз дар худшиносӣ ва аркони ватанпарастӣ муқаррар мешавад. Идомаи сиёсати ояндасоз дар эълон шудани 20 соли рушди илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ рӯшану возеҳ аст. Раванди тамоилҳо ишора бад-он аст, ки ҷаҳони имрӯза бо технологияи навтарин зинда мемонад ва тадбирҳои тозаеро бо дастовардҳои инсоният зам мекунад. Дар ин ҷода насли созандаи тоҷик ҳаққи қафо монданро надорад.
Озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки беш аз 160 ҳазор ширкаткунандаро фаро гирифт ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» аз иқтидор, истеъдод ва неруи барозандаи ҷавонони диёр гувоҳӣ доданд. Дар озмун синну сол аҳамият надошт ва ин озмунро умумихалқӣ гардонд. Дар маҷмӯъ, онро ҳаракат, балки инқилоб дар шинохти донишҳои адабӣ, таърихӣ, забоншиносӣ ва рӯ овардан ба осори безаволи аҷдод ва адабиёти ҷаҳон метавон қаламдод кард. Ин ҳаракати умумихалқӣ пояи устувори Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатро қавитар намуд. Дар миён духтарону занон чун олиҳаҳои заминӣ дар сурат ва дар фасоҳат беназир чеҳра намуданд. Дар маҷмӯъ, ҳам ба маҷоз ва ҳам дар воқеият аз ҷумлаи ғолибон буданд. Қобилияту истеъдоди наврасону ҷавонон моро ба ояндаи саодатбахши давлат умедвор мекунад.
Сатҳи баланди дониш, мулоҳизаҳои мӯйшикофона намунаи барҷастаи номусу нанги ватандорист. Ба омӯзиши донишҳои дақиқ рӯй овардан, ба асрори табиат гаравидани фарзандони солеҳ ишора аз решаҳои сарсабзи донишомӯзии аҷдод санад аст. Собит мешавад, ки эшон фарзандони сазовори Ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Абунасри Форобӣ мемонанд.
Дар ин раванд, дар баробари муассисаҳои таълимӣ, муаллимон ва ташкилотҳои дахлдор рисолати муҳимтарин бар дӯши занҳост. Онон ҳамчун ҷилвадиҳандаи номуси миллат дар парвариши насли донишманду ватанпараст ва ба анъанаҳои ниёгон содиқ нақши бузург мегузоранд.
Хонандаи азиз! Соли 2021 милодӣ ғайримуқаррарист. Тоҷикистони азизамон 30 - солагии Истиқлолияти давлатиро ҷашн мегирад. Истиқлол орзуи ҳазорсолаи мардуми тоҷик буд, ки бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гомҳои устувор ниҳод. Бино ба андешаҳои ӯ, шинохти воқеӣ ва ҳифзи дастовардҳои кишвари азизамон, дар ҷаҳони пуртазод ва тақсими ғанимат миёни давлатҳои бузург, вазифа ва масъулияти ҳар шаҳрванд аст. Дар ин рав рушд, пешрафт, ободии Ватан ба дониш ва фаъолияти садоқатмандонаи сокинони мамлакат бастагӣ дорад. Балки рисолати инфиродӣ маҳсуб мешавад. Халқи шарафманди Тоҷикистон рисолати худро дарк месозад. Дар арафаи ҷашни диёри азизамон беш аз 9 ҳазор корхона ва иншооти хоҷагии халқ дари худро боз хоҳанд намуд. Деҳоту шаҳристон сарсабзу бо инфрасохтори замонавӣ таъмин ва аз лиҳози техникӣ ба дараҷаи кишварҳои даврон баробар мегардад.
Ҳукумати Тоҷикистон ба шаъну мақоми зан дар низоми иҷтимоии ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Шумораи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби бонувон сол аз сол афзудан дорад. Хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба Квотаи президентӣ фаро гирифта мешаванд. Ин ҳама дастгириҳо бурди миллат аст. Дар тӯли беш аз ҳазор сол миллати тоҷик аз таассубу хурофот шояд ҳазорон адибону донишмандон ва нобиғаҳои санъату ҳунарро, аз ҳисоби занон аз даст дода буд. Акнун ислоҳи камбудҳо ба даврони истиқлол рост омад. Ва мо - тамоми мардуми кишвар дастҷамъона онро бояд амалӣ созем.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар сарнавишти мардуми кишвар саҳифаи нав мекушояд. Бад-ин тарз ормонҳои бисёрсолаи ниёгони шуҳратмандамон амалӣ хоҳанд шуд.
Бонувони муҳтарам! Маҷаллаи дӯстдоштаатон ҳамнафаси ҳар як муштарӣ, аз хурд то бузург буда, аз рӯзгори модарон ва хоҳарон маводи ҷолибу хонданӣ ба нашр мерасонад. Маҷалла аз они Шумо буд ва барои Шумо. Аҳли эҷоди маҷалла талош меварзанд, ки ҳар саҳифа хонданӣ, ҷолиб ва бо маърифату иттилоъ чун дастагули муаттар печида бошад.
Дар Соли нав кормандони маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» тасмим доранд, дар партави сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарғиби ғолибони озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» бо талош матолиби шавқангез рӯи чоп биёранд.
Дар сайти маҷалла фишурдаи мавод бо хати ниёгон, барои ҳамзабонон ва кишварҳои ҳамҷавор, ба нашр расонда, озмуни шеър, лавҳа, тарона ва рубоӣ дар бораи Ватан ва модар эълон хоҳад шуд.
Озмун таҳти унвони «Фарзанди Тоҷикистонам», миёни сокинони кишвар дар мавзӯи садоқат ба диёр ва дарки ватанпарастӣ роҳандозӣ мегардад.
Шоҳона СУЛАЙМОН