Бо таҷрибаи беш аз 30-сола дар соҳаи омӯзгорӣ тавонистааст, ки худро миёни ҳамкасбон чун мутахассиси арзандаву роҳбари муваффақ муаррифӣ созад. «Сари баланду рӯйи сурхи одам аз меҳнат аст», – мегӯяд ӯ. Масъулияту ҷиддият, самимияту эҳтиром ҳангоми иҷрои вазифа аз беҳтарин хислатҳоест, ки меписандад.
Дунёи меҳр
Муаллим, қабл аз ҳама, ба олами беғаши тифлӣ рӯй оварда, хотираҳои рангини хешро варақгардон намуд. Падари ғамхору соҳибобрӯ, модари меҳрубону соҳибхирад – хоса, дунёи меҳр. Аз даврони тифлию таҳсил дар мактаб, муаллими аввалин, дӯстони зиёд, овони пурҷӯшу хурӯши мактабию берун аз онро бо як ҷаҳон эҳсоси гарм ёдовар гардид.
Интихоби дуруст
Таҳти назорати ҷиддӣ ва меҳрубониҳои модар мактаби миёнаро аъло хатм намуда, ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) ҳуҷҷат супурд. Интихобаш шуъбаи рӯзноманигорӣ қарор гирифт. Ин интихобу хоҳиш бо орзуҳои айёми мактабиаш рабт доштанд. Овони мактабхонӣ ҷойи дӯстдоштааш китобхонаи мактаб буду мутолиаи китоб. Ҳамчунин лавҳа менавишту шеър мегуфт. Он замон чунин мегумошт, ки ҳар каси ба эҷод сарикоргиранда бояд журналист шавад.
Чун мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм намуда буд, бартариятеро соҳиб гардид, ки бо супоридани ду имтиҳон номи донишҷӯйиро сазовор гардад. Азбаски замони талабагӣ тамоми иншоҳоро бо баҳои 5 менавишт, вақти шомилшавӣ ӯ ягона шахсе буд, ки иншоро бо баҳои 5 навишту паси партаи донишҷӯӣ нишаст.
Дар охири таҳсили курси аввал ҳар кадоми донишҷӯёнро ба ихтисосҳо ҷудо менамуданд. Дар интихоби шуъбаи журналистика қарораш қатъӣ буд, вале як суҳбати ҳамдарсаш тавонист интихоби ӯро тағйир бидиҳад.
- Ҳамроҳам духтари устоди зиндаёд Баҳриддин Камолиддинов – Нигина низ ҳамон сол ҳуҷҷат супурда, ҳар ду дар як факулта таҳсил менамудем. Рӯзе аз назди бозори «Баракат», маъруф бо унвони «Путовский» гузашта суҳбаткунон то Донишгоҳ омадем. Нигина суханони падарашро, ки иншои бандаро тафтиш карда будаанд, ба ман расонд. Падарам бисёр мехоҳанд, ки ту забоншинос шавӣ. Ҳамин сухан боис шуду журналистикаро бо забоншиносӣ иваз намудам, - мегӯяд устод Мушаррафа.
Аз номзадии илм то докторӣ
Донишгоҳро хатм намуда, як муддат ҳамчун ходими хурди илмӣ дар Осорхонаи миллии ба номи Камолиддини Беҳзод фаъолият намуд, аммо эҳсоси дилбастагӣ ба касби омӯзгорӣ ӯро тарк накард. Ба мактаби миёнаи №15-и шаҳри Душанбе, ки худ таълимдидаи ин дабистон буд, ҳамчун омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик ба кор омад ва шаш сол ба толибилмон дарс гуфт.
Баъдтар фаъолияташро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома бахшид. Ҳамчун ассистенти кафедраи умумидонишгоҳии забон, адабиёт ва хатти ниёгон фаъолият намуд. Сипас, ҳамчун аспирант таҳсилашро идома бахшид. Солҳои 1997–2002 ассистент ва дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии ДМТ, 2003–2007 дотсенти кафедраи забонҳои Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон, 2007–2012 дотсенти кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ ва солҳои 2013–2015 докторанти кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии ДМТ буд. Аз соли 2015 то соли 2018 дотсент ва аз соли 2018 ҳамчун профессор, мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи ДМТ фаъолият мебарад.
Солҳо чун омӯзгори фаъолу пуркор машғули тадқиқоти илмӣ буда, рисолаи номзадиашро таҳти унвони «Воситаҳои ифодаи эҳтиром ва фурӯтанию хоксорӣ дар забони адабии тоҷикии асри XVI (дар заминаи маводи «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ)» ва соли 2017 рисолаи докториашро дар мавзуи «Таҳлили коммуникативӣ-прагматикии қолабҳои устувори муошират дар васоити ахбори оммаи Тоҷикистон» ҳимоя намуд.
Имрӯз омӯзгор Мушаррафа Ҷӯраева шогирдони зиёдеро дар байни донишҷӯёну аспирантон ва унвонҷӯёну докторантон роҳбаладӣ менамояд. Кунун ӯро чун доктори илмҳои филологӣ, профессоре, ки дар баробари модар будан, тавонистааст ба пажӯҳишҳои мушкилу печидаи соҳаи забоншиносӣ машғул гардад ва муваффақ шаваду натиҷаҳои арзишмандеро соҳиб гардад, мешиносанду эҳтиромашро ба ҷо меоваранд.
Мактаби падар
Қиблагоҳаш – Рустам Ҷӯраев, яке аз мутахассисони барҷастаи таърихи забони тоҷикӣ буданд. Дар баробари мутахассисони дигари соҳа – Раҳим Додихудоев ва Ардашер Каримов (равонашон шод бод) ӯ низ саҳми арзандае дар самти пешрафти забони тоҷикӣ гузоштааст. Муаллима ёд меоранд:
- Падарам чун мутахассиси хизматнишондода обруву эътибори хосеро миёни ҷомеаву ҳайати ҳамкорон соҳиб буданд. Солҳои зиёде дар мактабҳои олӣ ба таълими таърихи забони тоҷикӣ машғул шудаанд ва дар ин самт корҳои назаррасеро ба сомон расондаанд.
Модар барои саводомӯзии духтари ягонааш саъй мекард. Бештари вақти хешро ҳар ду сари китобхонӣ сипарӣ менамуданд. Аммо муаллим бо вуҷуди ин ҳама, саҳми падарро низ дар рӯ оварданаш ба илм кам намедонад.
Орзу
Имрӯзҳо М. Ҷӯраева овони кӯдакиву наврасии худро бо кӯдакони ин даврон муқоиса намуда, бархе аз онҳоро дар дунёи кӯдакони ҳозира дидан мехоҳад.
- Зиёд мехоҳам, ки пеш аз ҳама, меҳнатдӯстӣ дар ниҳоди кӯдакону наврасон ташаккул ёбад. Ёд дорам, ки ҳанӯз замони наврасиву мактабхонӣ модарам маро ба деҳа, ба хонаи бобову бибиям мебурданд ва дар боғи бобоӣ, ки бениҳоят калон буду дарахтони мевадиҳандаи зиёд дошт, саргарми чидани мева мешудем. Инчунин, ба кашондани оби ошомиданӣ аз масофаи дур, рӯбучини ҳавлии калон бароям гуворо менамуд. Бо ин роҳ меҳри меҳнатро дар қалбам бедор кардан мехостанд. Меҳнатдӯстиву ростқавлӣ инсонро сарбаланд месозад.
Бо пешрафти илму техника имрӯз муносибати рӯ ба рӯ қариб, ки аз байн рафтааст. Кӯдакон дигар мисли даврони мо дар кӯча бо ҳамсолонашон саргарми бозиҳои ҳақиқӣ намешаванд, балки вақти бештари хешро бо бозиҳои телефониву компютерӣ сипарӣ менамоянд. Ин боиси коста гардидани меҳру муҳаббат мегардад. Бозиҳои мо ба куллӣ фарқ доштанд. Бештар худамон ҳикояву афсонаҳоеро, ки аз китобҳо мехондем, ба саҳна гузошта нақш меофаридем. Яке шоҳу дигаре шоҳзода ва ҳамин тавр, ҳар кадоме дар ҳар нақш бозӣ мекардем, ки ба устувор гардидани меҳру муҳаббати байни мо боис мегардид.
Соҳиби оилаи хушбахт, ҳамсари меҳрубон ва фарзандони солеҳ аст. Фарзанди калониаш Ситора хатмкардаи факултети журналистика асту писаронаш – Маҳмудҷон соҳаи ҳарбиро интихоб намуда, Масрур донишҷӯ аст. Рухшона ҳанӯз хонандаи мактаби миёна мебошад.
Олими забондон аз падару модари худ менозаду ҳам аз ҳамсар ва ҳам аз ҷигарбандони қобилу дӯстрӯякаш…
Бунафша РАҲМОНОВА