Миёни ҳамсолон дӯстрӯйю дидадарост. Дар ҳар маҳфилу ҷашнҳо бо садои марғӯладору ҷаззоб ва бо сеҳри суханону гуфтори гӯшнавозаш дили ҳозиронро тасхир месохт. Одатан мекӯшид, аз аввалинҳо бошад ва дар ҳар коре дастболо гардад.
- Шояд ин хислати модарзодиам бошад, ки ҳар кореро ба нақша гирам, то анҷоми он ба қавле «ба сад санг» сар мезанам, то аз натиҷааш баҳра гирам. Танҳо он замон худро роҳату ором эҳсос менамоям, - бо табассум қисса аз рӯзгор менамояд Дилафрӯз.
Ифтихори модар
- Замони нооромиҳои кишвар ба давраҳои ҷавониам рост омад. Мебоист ману ҳамсолонам орзуҳои хешро амалӣ месохтем, вале шароити вақт на ҳар касро даст дод, то роҳу равиши зиндагиро дуруст интихоб намояд. Волидон аз тарс розӣ набуданд, ки фарзандонашон дар интихоби касбу кор озод бошанд.
Аз деҳаи Шарифободи шаҳри Ваҳдат замони осоишта ҳам духтарон барои идомаи таҳсил ба пойтахт кам меомаданд. Нооромии вазъ боиси боз ҳам тундшавии андешаҳои волидон нисбат ба таҳсили духтарон гардид. Вале тавонистам дили модарро ба даст ораму муҳассили Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бишавам.
Аслан, эҷоди шеъру тарона ва навиштани мақолаҳо шуғли писандидаи даврони мактабиам буд, вале на ба хотири интихоби пешаи журналистӣ ё фаъолият намудан дар воситаҳои ахбори омма. Шавқу завқе буд, ки онро агар анҷом намедодам, бемореро мемондам. Гоҳ – гоҳе рустӣ маводи омоданамудаамро ба почтаи деҳа бурда, ба нишонии рӯзномаи «Коммуна» мефиристодам. Интизорӣ мекашидам ва аз чоп шудани мавод хушҳол мешудам.
22 соли наттоқӣ
- Соли 1994 донишҷӯйи курси 2 будам. Тариқи садо аз эълони ровиёну наттоқон барои радио хабар ёфтам. Як гурӯҳ духтарони ҳамсабақ ба Хонаи радио омадем. Чанд нафар намунаҳои назмию насриро пешамон гузошта, овозамонро санҷиданд. Ғайричашмдошт аз ман хондани маводи хабариро тақозо намуданд. Бурро – бурро бо тамоми эҳсосот бо садои баланд ва вобаста ба ҳодисаҳо хабарҳоро хондам.
Рӯзи баргузории озмун оғоз ёфт. Ҳакамон Абдуқодир Маниёзов, Абдурашид Хуҷамқулов, Субҳон Раҳматов, Марҳабо Юсуфова ба санъати суханварӣ ва садоям баҳои аъло доданд. Воқеан, он вақт, ки дар фазои Тоҷикистон садои ҳамагӣ 1 радио танинандоз мешуд, дастболо гардидан дар ин озмун боиси ифтихору сарфарозӣ буд. Довталабони зиёд (беш аз 200 кас) дар ин озмун ширкат варзиданд ва аз ин миён 4 нафар муваффақ гашт. Яъне, фаъолиятам ба ҳайси наттоқ аз даврони донишҷӯӣ сар шуд.
Агарчи он замон барои наттоқӣ маош намегирифтам, дилгармӣ ба пеша доштам. Сидқан тамоми кӯшишамро ба ҳамин самт равона намудам.
Наттоқи телевизион…
- Ба кори симо пайвастанам низ тариқи ширкат дар озмуни наттоқони Телевизиони Тоҷикистон сурат гирифт. Солҳои 2000 - 2005 дар шабакаи аввали телевизион наттоқ будам. Бо сабаби нигоҳубини кӯдаки хурдсол муддате аз касби дӯстдоштаам дур мондам. Соли 2007 ба Телевизиони «Сафина» ба кор омадам, наттоқи барномаи хабарии «Навид» шудам.
Дар таҳияи барномаҳои муаллифӣ низ кор гирифтаам. Қаблан ҳам дар «Сафина» ду барномаи муаллифӣ бо номҳои «Аёдат» ва «Хотираҳо» таҳия мекардам, вобаста ба масъалаҳои иҷтимоӣ. Масалан, дар «Аёдат» ба дидорбинии кӯдакони ятиму бепарастор мерафтем ва шарту шароити зиндагии онҳоро бозгӯӣ мекардем.
«Хотираҳо» сифр ба наттоқӣ бахшида шуда буд. Шуруъ аз солҳои 50 - уми асри гузашта бо ифтитоҳи Телевизиони Тоҷикистон барномаҳои хабарӣ тамошобини зиёд дошт ва дар ин барнома мекӯшидем то аз кору рӯзгори наттоқони аввалини телевизион барнома таҳия намоем.
Баъдан, барномаи «Тавозун» рӯйи навор омад. Тавозун истилоҳи иқтисодист ва дар ин барнома бо ҷалби мутахассисони варзидаи соҳа масоили гуногуни вобаста ба паҳлуҳои алоҳидаи иқтисодиётро матраҳ менамудем. Хушбахтона, ин барнома бинандаи худро дорад ва зангҳои телефонии онҳо гувоҳи ин гуфтаҳост.
Мушкиле нест, ки…
- Дар яке аз суханрониашон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр карданд: «Ҳар касе бо нияти нек аз хона мебарояд, он рӯз ҳатман ризқашро меёбад». Ва дуруст аст, ки аз пайи мушкил шавӣ, ҳатман роҳи ҳаллаш пайдо мешавад.
Аксар ба мушоҳида мерасад, ки бонувон аз камбизоатию мушкили хонаводагӣ шиква менамоянд, вале ин баҳонае беш нест, барои идомаи зиндагӣ. Вақте бо се тифлаки ноболиғ бо шикасти зиндагӣ рӯ ба рӯ шудам ва аз нигоҳи равонию моддӣ ҳеҷ дастгире надоштам, ҳамаи онро дар танҳоӣ паси сар кардам. Ҳар лаҳза ниёз ба маблағ доштам ва зарурам омад, то сарриштаи корро ёбам. Шабона, пас аз хоби духтараконам хӯриш омода менамудам, торту санбӯса мепухтам. Бо дамидани субҳ дар бозорчаи назди хона маҳсулоти омоданамудаамро ба занҳои фурӯшанда тақсим мекардам. Бегоҳ, пеш аз баста шудани дари бозор, пулҳоро аз онҳо мегирифтам.
Саводу касб буд, ба қавле «диплом» доштам, вале ба хотири он ки тифлаконам хурд буданд, оиларо ба ҳамин тариқ аз буҳрони иқтисодӣ баровардам. Боре ҳам дар фикри ба хориҷи кишвар барои дарёфти кор рафтан нашудам. Аз ин амал худ ва ҳам фарзандонам дар роҳат будем. Ва алҳол, шароити хубе барояшон ҳам барои зист ва ҳам баҳри таҳсили илм муҳайё намудаам. Дилангез донишҷӯйи ДМТ, Дилноз пешаи пизишкиро пазируфта, алҳол дар яке аз донишгоҳҳои тиббии Россия таҳсил дорад. Нозия хонандаи мактаб аст ва забономӯзиро меписандад. Умед дорам, ки духтараконам дар интихоб иштибоҳ накардаанд ва дар зиндагӣ муваффақ хоҳанд шуд.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО