ПЕШВОИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОН
Ман ватани маҳбубам ва халқи азизамро сидқан ва беш аз ҷони худ дӯстмедорам, зеро ман бо нону намаки халқам ба ин мартаба расидам ва ин нону намакрото вопасин нафаси ҳаётам пос медорам ва ба он хиёнат намекунам. |
Агар дар ёд дошта бошед, дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карда будам, ки тамоми ҳастиамро ба ин сарзамин мебахшам. Ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмонам, ҳамоне ки тамоми ҳастии худро барои мардуми тоҷик бахшидам. |
Савганд ба номи Худо, ба нону намаки мардуми шарифи Тоҷикистон, ба номихурду бузурги ин диёри бостонӣ, ба поси хотири ҷовидонаи фарзандони фарзонаи онва ба ҷони қариб 9,5 миллион шаҳрвандони Ватани маҳбубам, ки тамоми донишутаҷриба, саъю талош ва ҳастии худро фидои ин обу хоки муқаддас, ин халқи дарҳақиқат бузургу қаҳрамон, соҳибмаърифату тамаддунсоз, меҳрубону қадршинос,заҳматдӯсту матинирода ва Тоҷикистони соҳибистиқлолу озод месозам. |
Чаҳор сол қабл, 15 апрели соли 2016, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуд, ки тибқи он 16 ноябр дар мамлакат ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил мегардад. Ин санаи муборак ба 16 ноябри соли 1994, ҳамчун рӯзи нахустин маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди мустақим дорад. Ва рақами 16 барои тоҷикон боз ҳам дорои аҳамияти дигари таърихист: бисту ҳашт сол муқаддам, 16 ноябри соли 1992, дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти барои халқу Ватани мо ниҳоят ҳассосу сарнавиштсоз баргузор гашта, дар он фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.
Бегумон, гиромӣ доштан ва дар сатҳи баланди худшиносию худогоҳии миллӣ таҷлил намудани ин ҷашн аз хидматҳои мондагору ҷовидонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эъмори давлати навини тоҷикон асос мегирад.
Гиромидошти ин рӯз танҳо як ҷашн нест. Он, агар аз як тараф арҷгузорӣ ба хидматҳои беназири Пешвои миллат бошад, аз тарафи дигар, нишон додани ваҳдат ва иқтидори миллӣ, намоди иттиҳоди мардуми кишвар дар атрофи идеяҳои созандаи сарвари худ, дарки дурусти барномаҳои роҳбари маҳбуби миллат аз тарафи мардум ва талоши дастаҷамъонаи ҳамаи мо барои амалӣ шудани ин барномаҳост.
Таҷриба собит намудааст, ки дар шароити имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон нақши роҳбари сиёсӣ барои миллат ва кишварҳо аҳамияти фавқулода дорад. Эътимод ба роҳбар миллатҳоро бо боварӣ ба сӯи ояндаи беҳтарин мебарад, ҷавононро барои таҳсилу талошу фаъолият дилгарм месозад ва ин гуна рӯҳияи умумӣ суботи иҷтимоиро таъмин месозад. Имрӯзҳо мебинем, ки дар баъзе кишварҳои минтақа набудани лидери воқеан мардумӣ чӣ гуна суботи иҷтимоиро барҳам зада истодааст.
Ҷашни имсолаи Рӯзи Президент боз як вижагӣ дорад: миллати мо чанд рӯз пеш бо ҳузури пурранг ва маънодори худ дар рӯзи интихоботи Президенти Тоҷикистон, олитарин намунаи масъулиятшиносии шаҳрвандиро ба намоиш гузошт ва бо интихоби Эмомалӣ Раҳмон бо дарсади болои овозҳо, дарки дурусти вазъи имрӯзаву ояндаи кишвар ва ҷаҳонро нишон дод. Бале, миллат дурусттарин интихобро анҷом дод, ҳамон тавре, ки дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи намояндагони худ дурусттарин ва сарнавиштсозтарин интихобро анҷом дода буд.
Агар интихоби Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1992 ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон омили барқарории сулҳу субот ва ободию пешрафтҳои имрӯзӣ бошад, интихоби дигарбораи ӯ ба сифати Президент дар соли 2020 кафили ҷаҳиши бузурги иқтисодӣ дар кишвар, боз ҳам баланд рафтани обрӯ ва нақшофарии сиёсии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва, албатта, амиқтар шудани суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ хоҳад шуд. Зеро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи ин барнома дорад ва миллати огоҳи мо бо диди миллӣ, ба сирати сиёсӣ ва дарки дуруст аз ин барномаҳо бори дигар Эмомалӣ Раҳмонро Президенти худ интихоб намуд.
Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини Сарвари давлат интихоб шуданашон барномаҳои мукаммали давлатиро тарҳрезӣ ва тадриҷан иҷро намуданд, ки асоси онҳоро фароҳам сохтани сулҳу субот, бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд, таъмини зиндагии шоиста барои мардум, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва баланд бардоштани обрӯи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ бо ҳидояти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати инсонофариву ҳаётбахши модаронро ҳамеша қадр намуда, ба сиришти поку номи нек ва заҳмату фидокориҳои онҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҳамеша арҷ мегузорад. Имрӯз занону духтарони лаёқатманд ва кордону ташаббускор ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ торафт бештар ҷалб мегарданд.
Ҳоло аз шумораи умумии қариб 19000 нафар хизматчии давлатӣ 4500 нафар ё 25 дарсадро занон ташкил дода, аз ҷумла 1100 нафар ё 19 фоизи онҳо имрӯз дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд. То охири соли 2019 бонувон дар ҳайати Ҳукумати мамлакат ҳамагӣ 4,7 фоизро ташкил медоданд, вале ин нишондиҳанда алъон ба 14,7 фоиз расидааст.
Илова бар ин, барои дастгирии занону духтарони соҳибкор грантҳои президентӣ таъсис дода, тавассути маблағҳое, ки бо ин мақсад ҷудо мегарданд, саҳми занон дар рушди иқтисоди миллӣ торафт меафзояд. Солҳои охир дар бисёр шаҳру ноҳияҳо корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ бунёд ёфта, ҳазорон нафар бонувон бо ҷойи кор таъмин шуда истодаанд.
Имрӯзҳо садҳо нафар занону духтарон дар бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва дигар сохтмонҳои азими мамлакат заҳмат мекашанд. Масалан, дар иншооти аҳамияти стратегидоштаи НБО «Роғун» 750 нафар бону, аз ҷумла 40 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда, беш аз 260 нафар дар неругоҳҳои «Норак», «Бойғозӣ» ва 1500 нафар дар корхонаи «Алюминийи Тоҷик» кор мекунанд, ки зиёда аз 150 нафари онҳо роҳбарони бахшҳои гуногун мебошанд.
Дар деҳоти кишвар низ занону духтарон фаъоланд. Имрӯз аксари хоҷагиҳои деҳқониро дар мамлакат бонувон роҳбарӣ мекунанд. Ҳоло дар кишвар роҳбарони 32 ҳазору 200 хоҷагии деҳқонӣ занон мебошанд ва онҳо дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат саҳми шоиста мегузоранд.
Бонувони тоҷик иқдоми Пешвои миллат «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро дастгирӣ карда, бо эҳёи касбу ҳунарҳои қадима дар тамоми қаламрави мамлакат марказҳои ҳунармандӣ созмон медиҳанд ва ҳоло ба шарофати ташаббусҳои онҳо ҳазорҳо нафар занону духтарони дигар ба омӯзиши касбу ҳунар ҷалб шуда истодаанд.
Дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 67 фоиз ва фарҳанг 51 фоиз занону духтарони соҳибиқболи тоҷик фаъолияти пурсамар доранд. Тибқи маълумот дар соҳаҳои гуногуни кишвар 116 нафар докторҳои илм ва 1124 нафар номзадҳои илм, аз ҷумла 15 доктор ва 133 номзади илм дар соҳаи илмҳои дақиқ аз ҳисоби бонувон фаъолият мебаранд. Беш аз 82000 занону духтарон касби бошарафи омӯзгориро пеша карда, дар таълиму тарбияи насли ояндасози кишвар нақши арзанда мегузоранд.
Яке аз хизматҳои арзишманд ва мондагори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои занон таъсис додани квотаҳои президентӣ буд, ки боиси ҷалби теъдоди зиёди духтарон аз деҳаҳои дурдаст ба муассисаҳои таълимӣ гардид. То соли хониши 2019 -2020 зиёда аз 11 000 духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон бо истифода аз ин имтиёз ба мактабҳои олӣ дохил шуда, беш аз 10 000 нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ ва касбу ҳунар гардида, алҳол дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ фаъолият доранд. Сафи духтарони соҳибмаърифати тоҷик, ки дар муассисаҳои олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, сол ба сол меафзояд. Аз 30 ҳазор донишҷӯёни дар хориҷи мамлакат таҳсилдошта 12300 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.
Дар мақомоти қонунгузор низ сол аз сол сафи бонувон меафзояд. Ҳоло шумораи занон дар Маҷлиси намояндагон ба 24 дарсад, дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5, вилоятҳои Хатлон 34,8, Суғд 33,3, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 34,4 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 29,4 фоиз расида, илова бар ин, дар дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ беш аз 50 нафар занону духтарон ифои вазифа менамоянд.
Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунару истеъдод, кӯшишу ғайрат, қобилияти ташкилотчигӣ, маҳорату кордонӣ ва донишу фаросати бонувони тоҷик эътимоди комил доранд ва минбаъд низ барои қадршиносии заҳмати софдилонаи онҳо дар кулли соҳаҳои ҳаёти ҷомеа тадбирҳои амалӣ меандешанд.
Дар баробари ин, мо - бонувонро зарур аст, ки бо қадршиносии заҳматҳои Пешвои азизи худ ва бо истифодаи дурусту мантиқӣ аз имтиёзҳои барои бонувон пешбинишуда, дар рушди ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифату маданияти худ, тарбияи насли ватанпарвар ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвари азизамон саҳми назаррас гузорем.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи ваҳдати миллӣ ва иттиҳод дар атрофи сиёсати созандагии кишвар аст, ба ҳамаамон муборак бод!
Шоҳона СУЛАЙМОН
Ман ватани маҳбубам ва халқи азизамро сидқан ва беш аз ҷони худ дӯстмедорам, зеро ман бо нону намаки халқам ба ин мартаба расидам ва ин нону намакрото вопасин нафаси ҳаётам пос медорам ва ба он хиёнат намекунам. |