Қонуни асосӣ
Мусоҳибаи ихтисосӣ бо доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек
- Мафҳуми Конститутсия чист, аз таърихи пайдоиши аввалин Конститутсия дар олам ёдовар мешудед…
- Инсоният дар масири таърих барои танзим намудани муносибатҳо дар ҷомеа пайваста талош варзида, борҳо ҳуҷҷатҳои гуногунро қабул кардааст. Аммо, барои ба таври комил танзим намудани муносибатҳои асосии ҷомеа, зарурати қабули санаде ба миён омад, ки он бояд ҳамчун намуна барои дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ асос мегардид. Бо дарназардошти ин, ҷомеаи муосир барои таҳия ва мавриди амал қарор додани чунин санад ташаббус нишон дод, ки он имрӯз бо номи «конститутсия» маъмул мебошад.
Конститутсия аз калимаи лотинии «constitution» гирифта шуда, маънои муқаррарот ва сохторро ифода менамояд. Дар он масъалаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ, асосҳои сохтори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, сохтори давлатӣ, инчунин, дигар масъалаҳои ҳаётан муҳими давлативу ҷамъиятӣ мавриди танзим қарор дода мешаванд.
Таърих башорат аз он медиҳад, ки ҳанӯз дар аҳди қадим ҳуҷҷат ва ё санадҳои гуногуни ҳуқуқӣ қабул шуда буданд, ки муносибатҳои гуногуни ҷомеаро танзим менамуданд. Масалан, соли 539 пеш аз милод Куруши Кабир санадеро мавриди истифода қарор дод, ки ҳуқуқу манфиатҳои аҳолии дар минтақаи давлати Ҳахоманишиён зиндагикунандаро кафолат дода, онҳоро мавриди ҳимоя қарор медод. Дар Рими Қадим бошад, кодекси Юстиниан соли 529 қабул шуд ва дар он муносибатҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла муносибатҳои гражданӣ, мавриди танзим қарор гирифта буданд. Дар Англия соли 1215 Хартияи бузурги озодӣ қабул гардид, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро пешбинӣ намуда, муносибатҳои гуногуни ҷомеаро фарогир буд. Аммо санадҳои ишорагардида ва дигар санадҳое, ки қабул шудаву мавриди амал қарор гирифта буданд, моҳияти имрӯзаи меъёрҳои конститутсиониро ифода намекарданд. Бо дарназардошти ин, зарурати қабул намудани конститутсия дар гӯшаҳои гуногуни дунё ба миён омад.
Нахустин конститутсияҳо дар ИМА соли 1787 ва Фаронса соли 1791 қабул шудаанд. Баъдан, қабул гардидани конститутсия дар давлатҳои дигари аврупоӣ низ ба ҳукми анъана даромада, марҳила ба марҳила ин санад дар давлатҳои сайёра қабул ва мавриди амал қарор гирифт.
- Аз таърихи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ёдовар мешудед, ки он чӣ гуна ва дар чӣ шароите рӯи кор омад?
- Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз касби Истиқлолияти давлатӣ барои бунёди давлати миллӣ талош варзид ва дар ин самт қадамҳои устувор ниҳод. Яке аз мақсадҳои асосие, ки давлат мехост ба он муяссар гардад, ин қабул намудани санади асосӣ – Конститутсия маҳсуб меёфт. Зеро санади мазкур барои муаррифии давлату миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона нақши аввалиндараҷаро иҷро менамуд. Бо дарназардошти ин, фарзандони фарзонаи он ба қабул намудани чунин санади муҳими давлатдорӣ мушарраф гардиданд. Вале бояд ёдовар шуд, ки то замони қабули санади мазкур он марҳилаҳои гуногунро сипарӣ намудааст.
Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳанӯз дар Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ гардида буд. Аммо вазъияте, ки моҳҳои август ва сентябри соли 1991 дар кишвар ҳукмфармо буд, нагузошт то барои таҳияи ин санад ташаббуси амиқ рӯи даст гирифта шавад. Аз ин рӯ, таҳия ва мавриди амал қарор додани санади мазкур ба таъхир афтод.
Баъдан, 10 феврали соли 1992 барои таҳияи лоиҳаи Конститутсия гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд ва он тавонист лоиҳаи Қонуни асосиро омода намояд. Интиҳои моҳи апрели соли 1992 лоиҳаи омодагардида барои муҳокимаи умумихалқӣ дар матбуот нашр гардид, вале аз сабаби он ки вазъият дар кишвар ҳассос буд, бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳлати муҳокимаи лоиҳа то 1-уми июли соли 1992 тамдид шуд.
Бояд тазаккур дод, ки барои қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бағоят муҳим мебошад. Зеро пас аз иҷлосияи мазкур масъалаи таҳия, муҳокима ва қабули санади мазкур аз нав ба миён гузошта шуд. Конститутсияи амалкунанда натиҷаи амалӣ гаштани қарорҳои сессияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин сессия қарор дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 1990 «Дар бораи ташкили комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд, ки дар асоси он Комиссияи нави конститутсионӣ таҳти роҳбарии раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.
Сипас, дар иҷлосияи XVII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 1993 дар бораи тағйир додани ҳайати комиссияи конститутсионӣ қарор қабул намуд, ки роҳбарии онро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба зимма доштанд ва ба ҳайати он олимон, кормандон ва коршиносон шомил гардиданд.
Гурӯҳи корӣ давоми шаш моҳ ду лоиҳаи конститутсияро омода кард, ки яке шакли идораи парламентӣ, дигарӣ шакли идораи президентиро инъикос менамуд. Баъд аз муҳокима, комиссияи конститутсионӣ лоиҳаи конститутсияеро, ки шакли идоракунии президентиро дар назар дошт, интихоб ва барои баррасии умумихалқӣ пешниҳод карда, дар матбуоти даврӣ ба табъ расонд.
21 - 22 июли соли 1994 иҷлосияи ХIХ Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва лоиҳаи Конститутсияро ба раъйпурсӣ тавсия намуд, ки дар асоси ин 13 апрели соли 1994 лоиҳаи Конститутсия барои муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид.
Дар зарфи зиёда аз ду моҳи баррасии лоиҳа, аз ҷониби мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ зиёда аз 8,5 ҳазор пешниҳод ворид шуд. Дар баробари он ки шаҳрвандони мамлакат ба лоиҳаи Конститутсия баҳои мусбат медоданд, инчунин лоиҳаи Қонуни асосӣ аз ҷониби мутахассисони гуногуни олам ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифт.
Ниҳоят, 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд.
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи дунё ба сифати яке аз беҳтарин конститутсияҳо шинохта шудааст, мегуфтед, ки бо кадом хусусиятҳояш?
- Воқеан, Конститутсияи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати яке аз беҳтарин конститутсияҳо шинохта шудааст. Зеро, Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷиҳати мазмун ва мундариҷа фарогирандаи тамоми масъалаҳое мебошад, ки барои давлату давлатдорӣ заруранд.
Конститутсияи Тоҷикистон дар худ асосҳои сохтори конститутсионӣ, вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тарзи ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатиро мустаҳкам намудааст. Дар боби якуми Конститутсия меъёрҳои бунёдӣ мустаҳкам шудаанд. Дар ин қисм шакли идоракунии давлат, сохти он, рамзҳои давлатдорӣ, эътироф намудани халқ ба сифати сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ, таҷзияи ҳокимият, сиёсати хориҷии кишвар, шаклҳои моликият ва ғайра мустаҳкам гардида, барои шинохти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақши муассирро иҷро менамоянд.
Диққати асосӣ ба вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона гашта, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ шинохта шудааст ва давлат масъул гардидааст, то ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намояд. Ин меъёр бори дигар исбот намуд, ки тоҷикон аз азал ба ҳуқуқу озодиҳои инсон эҳтиром мегузоштанд ва ҳамеша барои ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо талош варзидаанд.
Масъалаи дигаре, ки дар Конститутсияи Тоҷикистон ба таври амиқ кафолат дода шудааст, ин машғул шудан ба фаъолияти гуногуни иқтисодӣ, баробарҳуқуқӣ ба ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, мебошад (моддаи 12). Чунин тарзи муносибати давлат нисбат ба соҳаи иқтисодиёт барои тараққӣ ёфтани соҳаи мазкур ва баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи устувор мегузорад. Аз ин ҷост, ки сол ба сол сатҳ ва сифати зиндагии мардуми кишвар бамаротиб боло рафта, аҳолӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул гардида, барои ободии давлату миллати худ ташаббусҳои наҷибро анҷом дода истодаанд.
Конститутсияи Тоҷикистон дар фарқият аз конститутсияҳои дигар давлатҳо тарзи ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатиро мавриди танзим қарор додааст, ки асоси идоракунии давлат аз онҳо вобастагии бевосита доранд. Инчунин, барои назорат намудани мутобиқатии санадҳои қабулшуда ба меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистон дар кишвар василаи махсус – Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, фаъолият ва салоҳияти он бевосита дар Қонуни асосии кишвар мустаҳкам шудааст.
- Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чӣ буд?
- Конститутсия ин санади меъёрии ҳуқуқӣ аст ва дар фарқият аз дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қувваи олии ҳуқуқӣ дорад. Модоме чунин аст, пас он бояд бо инкишоф ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ худро ба раванди бавуҷудомада мутобиқ намояд. Яъне, конститутсия санади шахшуда нест ва бо гузашти айём он ба такмил ниёз пайдо менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо дарназардошти омилҳои гуногун, ба Конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ се маротиба бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид намудааст, ки дар натиҷаи онҳо моҳият ва мундариҷаи меъёрҳои конститутсионӣ боз ҳам такмил ёфта, муносибатҳои нав дар сатҳи конститутсионӣ мавриди танзим қарор гирифтанд.
Бори нахуст, 26 сентябри соли 1999 ба Конститутсияи Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид шуданд. Дар натиҷаи он, парламенти доимоамалкунандаи касбӣ дар кишвар таъсис дода шуд; муҳлати ваколати Президент ба ҳафт сол ва муҳлати ваколати судяҳо ба даҳ сол расонда шуд; Президент масъул гардид, ки доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ҳамасола дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон суханронӣ намояд; ба Президент ҳуқуқи таъйини раъйпурсӣ дода шуд ва ҳоказо.
Бори дуюм, 22 июни соли 2003 ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид гаштанд, ки онҳоро метавон ба чор қисм ҷудо намуд: ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, низоми давлатӣ, муқаррароти интиқолӣ ва таҳриру тасҳеҳи Конститутсия. Дар асоси тағйиру иловаҳои мазкур, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ эътироф шуд; раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун шакли олии ифодаи бевоситаи ҳокимияти халқ муқаррар гардид; ҳизбҳои сиёсӣ чун унсури низоми сиёсӣ пазируфта шуданд; салоҳияти Президенти Тоҷикистон мушаххас карда шуд; ба низоми судӣ Суди иқтисодии ВМКБ, суди иқтисодии вилоятҳо ва суди иқтисодии шаҳри Душанбе ворид гардиданд. Инчунин, дар баробари ин, як қатор тағйироти дигаре ворид гаштанд, ки барои такмили низоми қонунгузории кишвар ва рушди муносибатҳо дар ҷомеа нақши бузургро иҷро намуданд.
Бори сеюм, 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид шуданд ва дар натиҷаи он истилоҳи «Сарқонун» аз номи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шуд; маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби субъектони хориҷӣ манъ гардид; синну соли интихоб шудан ба мансаби Президенти Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз 30 - солагӣ муқаррар гашт; инчунин, синну соли таъйин гардидан ба вазифаҳои судяҳои судҳои ҷумҳурӣ низ аз 30-солагӣ муайян шуд. Ба ҳамин монанд, тағйиру иловаҳои дигаре ворид гардиданд, ки барои татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар нақши бениҳоят бузургро иҷро намуда истодаанд.
- Аз далелҳои ҷолиби конститутсияҳои ҷаҳон дар Рӯзи Конститутсия ёдовар мешудед…
- Конститутсияи ИМА яке аз конститутсияҳои хурдтарин дар дунё ба шумор меравад, ки аз 4500 калима иборат аст ва дар он ягон маротиба истилоҳи «демократия» истифода бурда нашудааст.
Конститутсияи Ҳиндустон бузургтарин конститутсияи ҷаҳон аз лиҳози ҳаҷм маҳсуб ёфта, фарогирандаи 395 модда, 12 замима ва 500 тағйиру иловаҳо мебошад. Инчунин, он то ҳадде бо забони мушкил навишта шудааст, ки мардуми маҳаллӣ онро дуруст сарфаҳм намераванд.
Конститутсияи Эквадор на танҳо ҳуқуқи инсонро муқаррар намудааст, балки ҳуқуқи табиатро пешбинӣ менамояд. Аз ин рӯ, онро конститутсияи «сабз» меноманд.
Дар Конститутсияи Австралия бошад, музди меҳнати кормандони давлатӣ нишон дода шудааст.
Дар дунё ҳафт давлат конститутсия надорад: Британияи Кабир, Канада, Шведсия, Либия, Зеландияи Нав, Исроил ва Сан-Марино.
«Бонувони Тоҷикистон»