Ба рамз унвон додем матлабро, вале воқеият дорад. Дар сарчашмаҳои аҳди бостон ба зуҳури сарзамину мардуми ориёӣ дар ин рӯз ишораҳост. Аз назари асотирӣ, таърихӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, ки дар анъана ва одатҳои мардумӣ рӯшан аст. Корогаҳон пайдоиши ҷашнвораро 6 ҳазор сол баршумурдаанд. Дарёфти ҳисоби Сари сол ва баробарии шабу рӯз, ки кашфи асрори табиат ва оғози гоҳшуморӣ будаву дар саргаҳаш ниёгонамон истодаанд, кори андак набуд. Ва беғалат метавон ин рӯзро тавлиди дониш ҳам таъбир кард.
Аммо Наврӯз монои сарнавишти тоҷик пурпечу бо гирифториҳои вазнин рӯ ба рӯ омад. Ҳар аҷнабие, ки сар бар сарзамини мо зад, дар баробари гардани тоҷик ба Наврӯз низ ханҷар бохтанд. Чӣ Искандару, чӣ Қутайба ва аҳли хулафо ва чӣ бодиягардони манҳус. Дар фанои ҳар ду талош варзиданд, чӣ хубе бенатиҷа. Зеро ки ҷашнвора дарахти бузурге буд аз донишу назокат ва ҳикмату инсонгароӣ борвар ва мардуме нишонда будаш, ки нахуст тамаддунро бунёд ниҳода. Зӯрашон нарасид.
Истиқлол чӣ неъматест бузург ва дарёфти роҳи равиши худ дар худшиносию эъмори давлат ва ворисият ба осори падарон. Дар ин замина эътироф шудан миёни халқу миллатҳои дигар дар кураи арз. Балки бо далелу бурҳон шиносондани худ, ки анъанаҳои куҳану пуррамзу арзишманд дар ин рада мебошанд. Акнун Наврӯзро чун ҷашнвораи инсонгаро дар бештари давлатҳои ҷаҳон бо номи аслиаш ҷашн мегиранд. Ва мисли офарандааш шинохта, балки ҷаҳонӣ шуд.
Дар роҳи пурпечу авзои сангин ворисият ба дӯши миллати тоҷик ва бавежа марди диловару фарҳехта Пешвои муаззами миллат Президенти мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон афтод. ӯ бо хиради азалӣ ва дурбинона талош варзиду миллатро аз вартаи ҳалокат берун овард ва заминаҳоро барои истиқлоли воқеӣ дар худшиносӣ, эҳёи анъана ва маросиму оинҳои миллӣ пайдо намуд. Бо далелу асноди муътамад собит кард, ки чашнвораи тоҷикон – Наврӯз ҳамчун ҷашни табиӣ, нуҷумӣ, ахлоқӣ, зебоипарастӣ ва гуманистӣ метавонад идвораи ҷаҳониён бошад. Наврӯз миллату мазҳаб ва ранги пӯстро намешиносад. Иди Сари сол аст ва барои нишоти мардумони олам яксон хирадгароиро талқин месозад. Ва созмони ЮНЕСКО пешниҳоди Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва соири кишварҳоро пазируфт.
Дар ин раванд найрангҳои дигар корбурд шуд. Ҷумлае, ки чанд аср қабл ба фанои ҷашнвора дасту ханҷар барзада буданд, ба ғасби Наврӯз доман бармезананд. Акнун човандозони даштӣ ба ҳар васила мекӯшанд Наврӯзро, ки донишу ҳикмати ҳазорсолаҳо дар бағал дорад, ба хӯрҷини тиҳии таърихашон биандозанд ва моли худ, маҳсули фитрии худ бишморанд.
Ба қавли Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бозори таърихи даллолону ҳаннотони дур аз инсоф гарм мешавад. Онҳо арзишҳоеро, ки барояшон рабте надоранд, бо дуздханда ба фурӯш мегузоранд ва сарват гирд меоваранд. Одитарин санад дар даст надоранд, вале харидоронро ба хариду фурӯши бешармона талқину таҳрик медиҳанд. Ҳатто намеандешанд, ки қотеътарин санадашон пеши далели сара - унвони ҷашнвора - Наврӯз як дираме қимат надорад. Наврӯз дар маънидод мисли номи Тоҷик рӯшани рӯшан аст.
Лафзҷанги бебунёду бемоя обрӯи рақибони моро намеафзояд. Бояд далеле дар даст дошт. Осори даврони Куруш ва ворисонаш дар сангнигораҳо, ки аз таҷлили Наврӯз дар Наврӯзгоҳи Бузург бо ширкати шоҳон тасвир шудааст, санади муътамаданд. Ҳазор сол аст, ки дар осори таърихӣ ва адабӣ, дар луғату фарҳангномаҳо Наврӯз зикр мешавад. Шоирону ҳакимон Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Унсурӣ, Анварӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Низомӣ, Абурайҳони Берунӣ, Хайём ва дигарон, ки бо забони тоҷикӣ аз Наврӯз сутудаанд. Куҷост аз муддаиён нишонае, ки ба ин санад рақобат кунад.
Умари Хайём дар «Наврӯзнома» дар ишора ба баробарии шабу рӯз таъкид мекунад: «Ҷамшед он рӯзро дарёфт ва Наврӯз ном ниҳод ва пас аз он баҳри бузургдошт онро нишона карданд ва он рӯзро ҷашн сохтанд ва оламиёнро хабар доданд, то ҳамагон онро бидонанду он таърихро нигоҳ доранд.»
Дар «Зайну-л-ахбор»-и Абусаиди Гардезӣ омадааст: «Ин рӯзро Наврӯз гӯянд, зеро ки сари сол бошад ва шаб бо рӯз баробар шавад ва сояҳо аз деворҳо бигзарад ва офтоб аз равзанаҳо уфтад.» Ба қавли Қозии Алоӣ:
Ба Наврӯзӣ навиде медиҳад боди саҳаргоҳӣ,
Ки дорад баъд аз ин шабҳои ҳиҷрон рӯ ба кӯтоҳӣ.
Шоирон зебоии табиат, қабои пурнигораи замину замонро ва занро, ки офияти зиндагисту назофату баракат дар робита бо Исфанд, ки моҳи бонувони порсосту боиффат, баҳору Наврӯз сутудаанд. Чуноне дар «Лубоб-ул-албоб» омада:
Муборак моҳи фарвардин даромад,
Навои булбул аз гулбун баромад.
Гул аз маҳди зумуррад шоду хандон,
Чу рӯйи он нигори дилбар омад.
Рухи гул бо нами борон арӯс аст.
Ки дурри шаҳвораш зевар омад.
Наврӯз ҷашнвораи зироаткорон, кишоварзон аст. Пас аз ҷашни Сада, ки муждаи Наврӯз аст, деҳқон омодагӣ ба киштукор мешавад. Ва дона пошидану самар бардоштан ҳикмати куҳанест, ки миёни барзгарон амали муҳим аст. Ва аз робитаи инсон бо табиат ва рисолаташ дар ободкорӣ дарак медиҳад.
Аз оини ҷашн, ки Берунӣ зикр кардааст, метавон ташаккули низоми давлатдорӣ ва бунёди сохтори онро омӯхт. Рӯзи нахуст ишораест ба бунёди давлатдорӣ, ки шоҳ ба мардум эълон медошт, ки барои некӣ барои эшон ба тахт омадааст. Ва рӯзи дуюмро бо деҳқонон бо тантана қайд мекард, ки аз мақоми онон дарак медиҳад. Ва рӯзи сеюмро таъсиси низоми лашкардорӣ ва бунёди асоси маънавиёт метавон баршумурд. Зи чаҳорум эътибори оила ва низоми хонаводагист. Рӯзи дигар ба тартиб гирифтани идороти дарбор ва шашум рӯзи фароғати шоҳ буд, ки «аз қазои ҳуқуқи мардумон фориғу осуда шуда буд ва барои худ Наврӯз мегирифт.» Инчунин фарогирӣ танҳо хоси мардуми мутамаддин метавонист бошад.
Наврӯз оғози соли нав аст ва дар лаҳзаҳои нахустин дуову таманниёт аз суннатҳои ҷашнист. Ва мисраъҳои Асирӣ ал- Футӯҳӣ ал-Марвазӣ ба ҳар сокини кишвари азизамон тааллуқ хоҳад дошт:
Ҳар маҳат бод фатҳу фирӯзӣ,
Фаррухат бод ҷашни наврӯзӣ.
То бувад рӯзу шаб натиҷаи чарх,
Шод бодӣ чунон-к имрӯзӣ.
Наврӯз муборак!
Шоҳона СУЛАЙМОН